Суҳбату вохурҳои гурӯҳи кории МИМҲД-и шаҳр вобаста ба фаҳмондадиҳии нуқтаҳои асосии Паёми Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26-декабри соли 2019 дар маҳаллаҳои шаҳри Хоруғ идома доранд.
7.02.2020 гурӯҳи кори бо роҳбарии муовини раиси шаҳри Хоруғ Мавлобахшзода Райҳонбегим., мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Хоруғ Имомёрбеков Имомёрбек, сармутахассис оид ба ҳуқуқи кӯдак Гулбекова Г., намояндаи дин, танзиму анъана ва ҷашну маросим Саидмуродов Шамс, оиди нуқтаҳои Паёми Пешвои миллат бо сокинони маҳаллаи Султони Валӣ суҳбат ороста, доир ба нуқтаҳои асосиие, ки дар Паёми навбати аз тарафи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат зикр гардидаанд, баромад намудаанд.
Муовини раиси шаҳри Хоруғ Мавлобахшзода Р., зимни баромад қайд кардаанд, соҳаи илму маориф ҳамеша дар мадди аввали давлату ҳукумат қарор доранд. Дар Паёми навбатии Пешвои миллат зикр гардид, ки имрӯзҳо барои пешрафти соҳахои илму маориф, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, фарҳанг, татбиқи сиёсати ҷавонон, занон ва оила ва рушди варзиш корҳои зиёдеро ба анҷом расонидем.
Агар хуб мушоҳида намоем, солҳои охир дар шаҳри Хоруғ муассисаҳои мактаби ва томактабӣ сохта ба истифода дода шудаанд, ки ин барои бехтар ба роҳмондани сатҳу сифати таълими хонандагон мусоидат менамояд. Муовини раиси шаҳр қайд намуд бо супориши Сарвари мамлакат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон озмуни «Фуруғи субҳи доноӣ» баргузор гардида мутасифона хонандагони шаҳри Хоруғ натавонистанд дар озмуни ҷумҳуриявӣ иштирок намоянд. Ва дар Паём таъкид карда шуд, ки ин озмун бояд ҳамасола дар ватанамон баргузор карда шавад ва ғолибони озмун бо ифтихорнома, сипоснома ва мукофоти пулӣ қадрдони карда шаванд. Аз ин рӯ моро зарур аст диққати фарзандони худро ба китобхони зиёдар намуда дар баланд гардондани сатҳу сифати таълими онҳо саҳми босазо гузорем.
Ҳамзамон, муовини раиси шаҳр Мавлобашзода Р. оиди маъракаи муҳими сиёсии дар пеш истода яъне 1-март рӯзи интихоботи вакилони халқ, доир ба даъвати баҳории ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон суханрони намуда,иброз дошт дар ин чорабиниҳо саҳми босазои якояки мо сокинон бояд гузошта шавад.
Имомёрбеков И. мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзишӣ шаҳри Хоруғ зимнни баромади худ диқати ҳозиринро ба он равона намуд, ки имрӯзҳо Ҳукумати мамлакат барои ҷавонон имкониятҳои зиёде фароҳам овардааст. Хусусан барои ҷавонони шаҳри Хоруғ сохта ба истифода додани чандин майдончаҳои варзишӣ, толорҳо барои машқу тамрин, маҷмааи варзиши, ки ҷавонони мо метавонанд, ҳамарӯза ба бозиҳои варзишӣ ҷалб шуда, маҳорати хешро сайқал дода, метавонанд дар мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ ва берун аз он рағбат намоянд. Ҷавонони Тоҷикистон ҳамеша дар зери таваҷҷӯҳи Роҳбари мамлакат қарор доранд. Дар паёми навбатти худ Пешвои миллат қайд намуд, насли ҷавони кишвари мо бо дарки маъсулияти баланд, иродаи мустахкам, садоқату муҳаббати ватандорӣ, эътиқод ба арзишу муқаддасоти миллӣ ва ақлу заковати худ исбот намуд, ки роҳи интихобкардаи мо дар масири ватансозиву ватандорӣ дуруст мебошад.
Саҳми ҷавонон, дар ҳифзи Модар –Ватан шоистаи таҳсин буда, онҳо дар тамоми ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳ ва дигар сохторҳои ҳарбӣ содиқона хизмат мекунанд ва дар ҳимояи сарҳади давлатӣ низ нақши бузург мебозанд.
Мо ҷавононро лозим аст, сазовори боварии Сарвари давлат гардида минбаъд низ дар ободонии диёр ва ватани маҳбубамон пешсаф бошем.
Сармутахассис оид ба ҳуқуқи кӯдак Гулбекова Г. доир ба Қонуни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маъсулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» суханрони намуда аз ҷумла зикр доштанд: мақсади Қонуни мазкур пурзӯр намудани маъсулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд дар рӯҳияи инсондӯстӣ, ифтихори ватандорӣ, эҳтироми арзишҳои миллӣ, умумибашарӣ ва фарҳангӣ, инчунин ҳифзу ҳуқуқи манфиятҳои фарзанд мебошад.
Намояндаи дин, танзиму анъана ва ҷашну маросим Саидмуродов Шамс қайд намуд, Паёми навбатии Роҳбари давлат роҳнамоест ба суи оянда барои халқи тоҷик. Ҳар як сухане, ки дар Паём аз тарафи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат зикр карда шуданд барои беҳбуди ва дар сатҳи баланд ба роҳ мондани зиндагии мардум мусоидат менамоянд . Мақасаду мароми Роҳбари давлат он аст, ки бояд сатҳи камбизоати дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз байн бардошта шавад, имкониятҳои нави ҷойҳои кори таъсис дода шавад.