Вохӯри бо сокинони маҳаллаи Хӯфак Ҷамоати шаҳраки Ш. Шоҳтемур

          8.02.2020 Суҳбату вохӯрҳои гурӯҳи кории МИМҲД-и шаҳр вобаста ба  фаҳмондадиҳии нуқтаҳои асосии Паёми  Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии  Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26-декабри соли 2019 дар маҳаллаи Хӯфак баргузор гардид.

        Дар вохӯрии мазкур муовини раиси шаҳри Хоруғ Мавлобахшзода Р, раиси  Ҷамоати шаҳраки Ш.Шоҳтемур Расо Раҷабов, мудири шуъбаи рушди иҷтимои ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси шаҳр Акрамов Анвар иштирок доштанд.  Раҷабов Расо оиди Паёми навбатии Пешвои миллат суханрони намуда, сипас суханро ба муовини раиси шаҳри Хоруғ Мавлобахшзода Р доданд.

        Мардуми Бадахшон аз давраҳои қадим ба илму фарҳанг диққати зарурӣ дода, дар ин ҷода ба қуллҳои баланд  расидаанд. Илму маориф дар тамоми умри инсоният чизи аввалиндараҷа ба ҳисоб меравад қайд кард Мавлобахшзода Р. Шахсе, ки соҳиби илму маърифат аст, бешубҳа соҳиби обрӯву эътибори баланд дар ҷомеа пайдо мекунад. Аз ин рӯ Ҳукумати мамлакат ҳамеша диққати худро нисбати ин соҳа зиёд равона менамояд, то ин ки фарзандони мо дар оянда соҳиби маълумот гардида ба Ватани худ хизмати шоиста кунанд. Дар Паёми навбатии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  бори дигар таъкид гардид,ки  мо бояд забони шево ва шоиронаи тоҷкиро мисли модар ва Ватани худ дӯст дорем ва онро ҳамчун гавҳараки бебаҳои ҳастиамон ҳифз намоем.

        Инчун, муовини раиси шаҳр Мавлобахшзода Р. доир ба интихоботи вакилони халқ ва сафарбаркунии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикитон яъне даъвати баҳори маслиҳатҳо дода аз ҳозирин дар сатҳи баланд баргузор кардани ин ду маъракаи муҳими сиёси даъват ба амал овард.

      Акрамов Анвар мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси шаҳр дар баромади худ зикр доштанд, Таърихи пурифтихори халқи тоҷик мактаби бузурги худшиносӣ  мебошад ва мо вазифадорем, ки ба он арҷ гузорем, саҳифаҳои дурахшони  қаҳрамониву диловарии гузаштагони худро омӯзем ва онро ҳамчун асоси ғояи ватандӯстиву садоқат ба Ватан ташвиқ намоем, омадааст дар Паёми навбатии Сарвари давлат.

         Мақсади ин гуфтаҳо он аст, ки мо бояд тарихи хешро ҳеҷ гоҳ фаромуш насозем ва аз корнамоиҳои бузурги гузаштагони худ бохабар  буда  ояндаро созем. Саҳми мо хусусан ҷавонон дар ободонии кишвар ва тараққиёти он  бояд зиёдтару бештар ба назар мерасад, зеро  дар Паёми худ Роҳбари давлат зикр доштанд.  Ҷавонони мо давомдиҳандагони  кору фаъолияти насли калонсол, нерӯи тавоно ва иқтидори воқеии пешрафти ҷомеа, хулоса, ояндаи давлат буда, фароҳам овардани шароити мусоид барои фаъолияти  онҳо минбаъд низ ҳамчун яке аз масъалаҳои муҳимтарини сиёсати Ҳукумат боқӣ мемонанд.

    

Роҳбарият ва масъулини макомоти иҷроия

Раиси шаҳри Хоруғ
Шамирӣ Кишвар Ғуломрасул
Роҳбари дастгоҳи раиси шаҳри Хоруғ
Имомназаров Соибҷон Сотволҷонович
Муовини якуми раиси шаҳри Хоруғ
Бурибекзода Зуробек Худобахш
Муовини раиси шаҳри Хоруғ
Мавлобахшзода Райҳонбегим Имумназар
Муовини раиси шаҳри Хоруғ
Қодиров Файзулло Назархудоевич
Мудири Шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгоҳи раиси шаҳри Хоруғ
Раматшоев Ризо Ақризобекович
Мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси шаҳри Хоруғ
Акрамов Анвар Ширинҷонович
Мудири Шуъбаи умумӣ, назорат ва муроҷиати шаҳрвандони дастгоҳи раиси шаҳри Хоруғ
Олифтаева Сафина Алидустовна
Мудири Шуъбаи кор бо маҳаллаҳои дастгоҳи раиси шаҳри Хоруғ
Наврузмамадов Наврузмамад Диллоевич
Мудири бахши ҳифзи иҷтимоии аҳолии шаҳри Хоруғ
Додихудоев Мавлобахш Имомидинович
мудири бахши рушди иқтисод ва савдои шаҳри Хоруғ
Қурбоншоев Сафар Манзаршоевич
Сардори раёсати молияи шаҳри Хоруғ
Имронов Насратшо Туроншоевич
Мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Хоруғ
Имомёрбеков Имомёрбек Гулёрбекович
Мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи шаҳри Хоруғ
Донаёрова Сабоҳат
Мудири бахши маъморӣ ва шаҳрсозии шаҳри Хоруғ
Ғоибназаров Алишер Пайравович

Райпурсӣ

Оё сомона ба Шумо писанд омад?

Қурби асъор