Аз таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон 27-сол пур мешавад. Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон 23 –феврали соли 1993, дар шароити ниҳоят вазнину мураккаби сиёсиву иҷимоӣ да ҳаёти кишвари тозаистиқлол таъсис дод шуда, ҳанӯз аз солҳои нахустин аз имтиҳону озмоишҳои шадиди он айём гузашт ва тадриҷан ба нерӯи қудратманди низомӣ муҳофизи сулҳу суббот ва фазои орому осудаи кишвар табдил ёфт.
Мақсади асосии давраи аввали сохтмони Артиши миллӣ ин ташкили қувваҳои ҳарбие буд, ки қобилияти таъмини истиқлолият, якпорчагии хоки Ватан ва оромии ҳаёти осоиштаро дошта бошад.
Тамоми афсарону сарбозони шуҷои кишвар, ҳамчун сипари боэътимоди Ватан дар иҷрои вазифаҳои хизматиашон бояд ҳамеша ҳушёру зирак бошанд ва ҳаргиз фаромуш насозанд, ки фазои орому осудаи имрӯзаи Тоҷикистони соҳибистиқлол бар ивази ҷони садҳо нафар ҷавонмардони бонангу номуси миллат ба даст омадааст.
Ҳимояи неъматҳои муқаддасу бузургтарин – озодиву истиқлолият ва манфиатҳои милливу давлатӣ вазифаи муҳими ҳар як фарди бонангу номус, ватандӯсту ватанпарвар ва хушиносу худогоҳ, дар навбати аввал хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ мебошанд.
Дар Паёми навбатии Пешвои миллат қайд гардид, ки хизматчиёни ҳарбиро зарур аст, ҳушёриву зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд ва донишу малакаи касбии худро пайваста баланд бардошта, барои рафъи ҳолатҳои фавқулодаву ғайричашмдошт ҳамеша омода бошанд.
Имрӯз, Тоҷикистон аз кишварҳоест, ки баҳри ҳифзи хоки худ истодагарӣ карда метавонад, ҷавонони бонангу бономус, родмардони шуҷои Ватан пуштибони марзу буми аҷдодианд.
Имрӯзҳо дар сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми шароитҳо барои сарбозон фароҳам оварда шудааст. Ҳиссӣ баланди миллӣ ва ватандӯстии ҷавонон аст, ки имрӯзҳо ихтиёран ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ дохил шуда хизмати Модар – Ватанро адо менамоянд.
Боиси ифтихор аст, ки ҷавононписарони шаҳри Хоруғ низ дар қатори дигар фарзандони баору номуси кишвар, дар сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарбаландона хизмати Модар –Ватанро адо намуда истодаанд. Ватандӯстии ҷавонони шаҳри Хоруғ аст, ки дар даъватҳои солҳои охир аввалин шуда ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ раҳсипор мегарданд. Қобилияти зикр, аст ки аксарияти ҷавонмардон бо хоҳиши худ ҳифзи Ватан – Модар ва марзу буми Ватани азизамон ихтиёр менамоянд.
Кишвар Амиршо