Таманиёти раиси шаҳри Хоруғ Кишвар Шамирӣ ба унвони ҷанговарони башардӯст ба муносибати 31- солагии хориҷ гардидани Қувваҳои Маҳдуди Иттиҳодияи Шӯравӣ аз хоки Афғонистон.
Дар баробари аксарияти ҷумҳурияҳои аъзои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ Тоҷикистони азизи мо хориҷ гардидани ҷузъу томҳои низомии маъдуди шӯравиро аз хоки Афғонистон бо арҷгузориву қадридонӣ ва садоқат ба Ватан таҷлил менамояд, зеро корнамоиҳои ҷангиву ҷонисориҳои ҷанговарони башардӯст аз хотираҳо берун нахоҳад шуд.
Пас аз он ки Муҳаммад Довуд роҳбарони Ҳизби Халқӣ-Демократии Афғонистонро ҳабс намуд, афсарони низомии ин ҳизб 27-апрели соли 1978 табадуллоти низоми карданд, ки дар натиҷа ба сари ҳокимият дар Афғонистон Шӯрои Инқилобӣ омад. Исолҳоти густурдае, ки аз аъзоёни ҳизби Халқи –Демократӣ мехостанд бо тақлид Иттиҳоди Шӯравӣ роҳандозӣ намоянд, ба мушкилот ва мухолифати сахти рӯҳониён рӯ ба рӯ шуд. Ин буд, ки байни омма норозигиҳо ва шӯришҳои зиддидавлатӣ сар заданд. Ҳукумат қударат ва чораҳои аҳлли мушкилоти Афғонистонро наёфта, оқибат ба роҳбарияти Иттиҳоди Шӯравӣ барои мадади низомӣ муроҷиат кард. Вуруди Артиши Иттиҳоди Шӯравӣ ба хоки Афғонистон ин нооромиҳои дохилӣ ва мудохилаи хориҷиёнро ба эътидол оварда натавонист. Дар натиҷаи фишорҳои созмонҳои байналмилалӣ ва ҷомеаи ҷаҳонӣ роҳбарияти нави Иттиҳоди Шӯравӣ маҷбур шуд мувофиқи созишномаи Женева аз 15 майи соли 1986 то 15 феврали соли 1989 қувваҳо маъдуди низомиро аз хоки Афғонистон барорад. Имрӯз аз ин сана 31 сол мегузарад. Рӯзи хориҷ гардидани Қувваҳои маҳдуди Иттиҳоди Шӯравӣ як саҳифаи таърихи миллати мост, ки дар он корномаҳои ибратомӯзи ҷавонони бо нангу номуси мо, бо тақозои сиёсати давр, дар майдонҳои мудҳиштарини ҷанги Афғонистон, бо назардошти маданият, забон ва урфу одат нисбат ба намояндагони дигар миллатҳои ҷумҳуриҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ аксариятро ташкил медод.
Дар сатҳи баланди сиёсӣ- фарҳангӣ ҷашн гирифтани ин рӯз ба ёди гиромидошти хотираи неки сарбозону афсарон, ба монанди қаҳрамонони Иттифоқи Советӣ Александр Мироненко аз шаҳри Душанбе, Акрамов Набӣ Муҳаммадҷонович аз Истаравшан ва садҳо нафари дигар, ки берун аз мамлакатамон ҷонбозиҳо намуданд, қарзи шаҳрвандии мо мебошад.
Бори дигар ҳамаи шуморо ба ифтихори 31- солагии хориҷ гардидани Қувваҳои Маҳдуди Иттиҳоди Шӯравӣ аз хоки Афғонистон табрику таъният гуфта, бароятон сулҳи ҳамешагӣ, саломатии бардавом ва дар корҳоятон тавфиқро таманно менамоям