Имрӯз мо дар остонаи яке аз саънаҳои муҳими таърихи давлатдории навини Тоҷикистони соҳибистиқлол –бисту ҳафт солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳ, ки рукни муҳимтарини давлат ва сипари боэътимоди Ватани азизамон мебошанд, қарор дорем.
Хизматчиёни ҳарбии сохторҳои низомӣ ва ҳайати шахсии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи мамлакат дар таъмини сулҳу суботи устувор, амнияти давлат ва мардум, таҳкими Ваҳдати миллӣ, ки пешрафту тараққиёти кишварамон бевосита аз инҳо вобаста мебошад, нақши барҷаста ва бузург дорад.
Аз ин рӯ бо ифтихор аз давлату давлатдории миллати тамаддунсозамон бо шукргузорӣ аз сулҳу суботи устувор, бисту ҳафтумин солгардӣ таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи кишварро ба ҳамаи мардуми шарифи Тоҷикистон самимона табрик мегӯям.
Бо соҳибистиқлол гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳ яке аз вазифаҳои аввалиндараҷа ба ҳисоб мерафт. Агар ба таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи мамлакат назар андозем ин ниҳоди муҳими давлатӣ дар давраи душвору мушкилтарини таърих, солҳои аввали соҳибистиқлолӣ, ки ҳанӯз авзои сиёсии кишвари мо ноором буд, таъсис ёфта, дар он марҳалаи ҳассос раиси тозаинтихоби он вақтаи Шӯрои Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон» қарор ба имзо расонд. 23 –феврали соли 1993 бошад, нахустин паради ҳарбии Артиши миллӣ баргузор гардид, ки он рӯз расиан санаи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон карда шуд.
Дар яке аз Паёмҳои худ ба Маҷлиси Олӣ Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ –Пешвои миллат, Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намуданд «Дар шароити ташаннуҷи рӯзафзуни авзои сиёсии ҷаҳон ва тағйиру таҳаввулоти он бо суръати он, торафт вусъат гирифтани низоъҳои байнидавлативу байнимазҳабӣ ва авҷи ҷиноятҳои муташаккили фаромарзӣ ҳимояи марзу буми кишвар ва ҳифзи амнияти давлату миллат барои мо масъалаи аввалиндараҷа ва ҳаётан муҳим ба шумор мераванд».
Бале воқеан ҳам ҳифзи марзу буми Ватан яке аз вазифаҳои муқаддасу қарзи фарзандии ҳар як шаҳрванди баору номус ба шумор меравад. Боиси ифтихор аст, ки чунин маъсулияти наҷиб ва басо шарафманд ба зиммаи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон гузошта шудааст.
Дар ин замина пеш аз ҳама ба масъалаҳои таъсису таъҷизонидани қисмҳои ҳарбӣ, пурра намудан ҳайати шахсӣ, дар самтҳои муҳимтарини стратегияи ҳарбӣ ҷой додани онҳо ва беҳдошти омодагии ҷангии ҳайати шахсӣ таваҷҷӯҳи хоса зоҳир карда мешавад.
Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳама давраҳои мушкили таъсисёбии худро паси сар намуда, ба давраи мувофиқсозии сохтори худ бо воқеиятҳои амнияти байналмилалӣ ва минтақавӣ расид. Дар ин давра кӯшишу талош баҳри сайқал додани омодагии ҷангии ҷузъу томҳо, болоравии маҳорату малакаи касбӣ, риояи қонуният ва интизоми ҳарбӣ, ҳамзамон такмили донишу маҳорати ҳуқуқии афсарону хизматчиёни ҳарбӣ равона карда шуд. Баҳри ҳамоҳангсозии фаъолияти коллективӣ бар зидди терроризми байналмилали, пешгири ва паҳншавии экстремизми динӣ, сайқал додани маҳорату малакаи ҷангии ҳайати шахсӣ дар ҳудуди Тоҷикистон ва чӣ берун аз он пайваста бо кишварҳои хориҷи дурру наздик машқҳои муштараки ҳарбӣ гузаронида мешаванд.
Боиси ифтихор аст, ки имрӯзҳо дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳазорҳо аз ҷиҳати ҷисмонӣ обутобёфта, зираку чолок ва дорои тарбияи баланди ватандӯстиву ифтихори миллӣ, сарбаландона адои химзма мекунанд, ки бо нерӯи худ дар таҳкими сулҳу оромии кишварамон ҳиссаи муносибро гузошта истодааанд.
Дар қатори чунин ҳомиён ҷавонони шаҳри Хоруғ низ шомил буда , имрӯзҳо дар қисмҳои ҳарбии минтиқаҳои гуногуни кишвар сарбаландона хизмати Модар – Ватанро адо намуда истодаанд.
Ҳисси баланди
рра ва сифатнок иҷро намуд. Бо истифода аз фурсати муносиб ҳамчун раиси шаҳр мехоҳам ба ин ҷавонони ватанпараст ва волидайни онҳо миннатдории самимӣ баён намоям ва итминон дорам, ки бо ин шуҷоатмандии ҷавонон нақшаи даъватро дар соли 2020 низ пеш аз муҳлат иҷро хоҳем намуд.
Ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Сарфармондеҳи Қувваҳои Мусаллаҳ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бо сарбаландӣ иҷро намуда, дар пойдории сулҳу оромӣ ва Ваҳдати миллӣ, фидокорона ва далерона хизмат карда истодаанд.
Аз ин лиҳоз муҳофизои шуҷои Ватан имрӯз дар байни мардуми мо соҳиби ҳурмату эҳтироми самимӣ гашта, исми эшонро ҳар як шахс бо мухаббати бепоён ба забон мегиранд.
Сарбози Ватан касби душвор, вале пурифтихор маҳсуб ёфта, аз ҳар як хизматчии ҳарби нияти нек садоқат ба Ватан –Модар, виҷдони пок ва дили гармро тақозо менамояд.
Ҳамзамон ба ин таъкид бояд кард ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиатҳои давлат, таҳкими дастовардҳои истиқлолият ва мустаҳкам намудани иқтидори мудофиавии мамлакат на танҳо қарзи хизматчиёни ҳарбӣ, балки вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванд аст.
Ҷавонони мо, ки ояндаи миллати сарбаландамон мебошанд, бояд донанд, ки ватандориву ватандӯстӣ, расидан ба қадри сарзамини аҷдодӣ ва ҳифзи осудагиву оромии он барои ҳар як фарзанди бонангу номуси миллат ҳам қарз ва ҳам фарз аст.
Таҷлили имсолаи Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳ ба марҳалае рост омад, ки мо ҳамагон дар пешорӯи маъракаи муими сиёсӣ-интихоботи вакилони халқ, ки 1 марти соли 2020 баргузор мегардад, қарор дорем.
Вобаста ба ин аз ҳамаи ҳамдиёрон даъват ба ҳамал меорем, ки баҳри саҳмгузорӣ дар рушди минбаъдаи Ватан ва ояндаи неки фарзандон дар ин маъракаи муҳими сиёсӣ иштирок намоянд ва ба номзади арзандаи худ овоз диҳанд.
Дар охир бори дигар ҳамаи хизматчиёни ҷузъу томҳо ва мақомоту сохторҳои ҳарбӣ, инчунин тамоми ҳамдиёрону ҳамватанони азизро ба ифтихори бисту ҳафтумин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳуриамон табрик гуфта, ба ҳамаи онҳо рӯзгори хушу осуда, далерию матонати бузург, барору комёбӣ ва барои хонаи бахтамон Тоҷикистони офтобӣ сулҳи ҷовидонаро орзу менамоям.
Идатон муборак ҳомиёни далеру шуҷои Ватан!