Бо иқдоми Мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ имрӯз, 20 – уми апрел ҳашари умумӣ баргузор гардид.
Дар он зиёда аз 90 нафар масъулину кормандони мақомоти шаҳрдорӣ майдони Исмоили Сомонӣ ва канали Темури маркази Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшонро аз ахлоту хокрӯбаҳо, хасу хошок тоза намуда, заминҳои нокорамро барои шинондани гулу кучатҳои нав омода карданд.
Мавриди қайд аст, ки ҳоло ҳам корҳои созандагию кабудизоркунӣ ҷараён дошта, бо назардошти оне, ки аксарияти заминҳо моликияти хусусианд, роҳбарияти мақомот аз ҳамаи сокинони Хоруғ даъват ба амал овард, то дар корҳои ободонӣ якдилона камари ҳиммат баста, шаҳрро воқеан ба нигини Бадахшон табдил диҳанд.
Маркази матбуоти Мақомоти маҳаллии
ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ