Таманниёти раиси шаҳри Хоруғ ба муносибати «Рӯзи Модар»

Модарону хоҳарони азиз!

Бонувони гиромиқадр!

         Дар ин айёми зебои фасли сол-оғози баҳори Аҷам, ки чун Модар ҷонбахшу зиндагиофарин аст, мо иди фархундаву фараҳбахши модаронро, ки барои ҳар яки мо ҷашни дилписанду муқаддаси сол маҳсуб меёбад, таҷлил менамоем.

         Бо камоли эҳтирому самимият ҳамаи Шумо, ҳозирини муҳтарам, тамоми модарон ва занону бонувони шаҳри Хоруғро, инчунин тамоми Модарони сарзамини  хуршедии кишвари азизамон  Тоҷикистонро  ба муносибати «Рӯзи Модар» табрику муборакбод намуда, ба ҳамаатон сиҳатмандию болидарӯҳӣ, хушрӯзгорию хонаободӣ ва барору баракати зиндагиро орзу менамоям.

         Бояд қайд намуд, ки тозатарин орзу ва таманниёте, ки инсонҳо дар замирашон мепарваранд, ин арзи эҳтиром ба шахсияти зан -модар аст. Табии ва рамзист, ки Рӯзи Модар падидаи иҷтимоӣ буда, он аз фарорасии рӯзи  наву рӯзгори нек мужда мерасонад ва мо онро бо шукуҳу  зебоии табиат маҳз дар арафаи иди Шумо, модарону хоҳарони азиз эҳсос менамоем. Сарфароз аз он ҳастем, ки дар кишвари офтобии мо Тоҷикистон, ки Ватани занони оқила ва модарони абармардони номдор мебошад, бо ҳидояти Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иди байналхалқии занон ба Рӯзи  Модар мубаддал гардида, ин иқдоми Роҳбари давлат  аз қадршиносию гиромидошти манзалати зан модар гувоҳӣ медиҳад. Боиси ифтихор аст, ки Рӯзи Модар дар фасли нозанини сол, баҳори хаётофарин ҷашн гирифта мешавад. Фасле, ки табиат аз нав зинда мешаваду занону модарон дар дил меҳру муҳаббати нав ба зиндагӣ, бо офариниш ва бунёдкориву созандагӣ мепарваранд.

Пешвои миуаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Рахмон дар яке аз суханрониҳояшон ба муносибати Рӯзи Модар ниҳоят барҳақ таъкид намудааст: «Зан-Модар вазифаи басо муқаддасу пурмасъулият –тавлиду тарбияи фарзанд ва дар ниҳоди ӯ прваридани арзишҳои  наҷиби инсонӣ –ҳамсоли меҳанпарастӣ, адолатҷӯйӣ, дифоъ аз оинҳои миллӣ, ҷавонмардӣ ва накӯкориро бар дӯш дорад. Модари тоҷик имрӯз бонуест, ҳамидаю меҳрубон, нексиришту ботамкин ва қавииродаю шуҷоатманд, ки рисолати модарию қарзи шаҳрвандиашро дар назди  Ватан бо ҳисси масъулиятшиносӣ адо намуда, сазовори эҳтиром ва иззати аҳли ҷомеа гардидааст».

Модарон ва хоҳарони арҷманд!

      Дар Бадахшони мо бахусус дар шаҳри Хоруғ мақому манзалати Зан- Модар ҳамеша дар пояи баланд қарор дошт ва ин замон низ Зан-Модар дар сафи пеши ҷомеа қадам гузошта истодааст. Ҷомеаи имрӯзаи мо низ  аз файзу баракати дастони пурэҷози модар бархӯрдор ҳасту низоми фардоро таҳкими тоза мебахшад.

   Барои баланд бардоштани мақом ва манзалати Зан-Модар  бо иқдоми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  ҳанӯз аз соли 1999 Барномаю Стратегияҳои давлатӣ  «Дар бораи  тадбирҳои  баланд бардоштани  мақоми зан дар ҷомеа», «Барномаи тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории  кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону ҷавондухтарони лаёқатманд барои солҳои 2006-2016», «Дар бораи тасдиқи фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2020» қабул гардиданд ва зина ба зина амалӣ гардида истодаанд.

     Имрӯз занони арҷманди мо  аз танзими  проблемаҳои  тараққиёти  демографӣ ва танзими оила сар карда, то ҳалли паст кардани сатҳи камбизоатӣ, равнақ додани  расму оин ва суннатҳою анъанаҳои  неки мардумӣ ва эҷод намудани  шаклу ҳусулҳои нави замонавии онҳо, тарбияи ахлоқиву маънавии насли наврас, ҷавонон ва умуман ҷомеа, муборизаи шадид алайҳи амалҳои зишти рӯз, аз қабили коррупсия, нашъамандию нашъаҷалобӣ, майзадагиву майхорагӣ, косташавии ахлоқи ҳамидаи инсонӣ, ҳамагуна қонуншиканиҳо ва риояи ҳуқуқҳои умумибашарии шаҳрвандӣ масъуланд ва бори гарони ҳалли ин доғҳои  рӯзро ба зимма доранд.

   Аз ин лиҳоз, арҷ гузоштан ба мақому манзалат, қадру қимат ва иззату эҳтироми модарону занон қарзи фарзандӣ ва фарзи имонии ҳар яки  инсон бахусус мо, мардон мебошад. Ин рисолатро мо дар сурате адо кардан метавонем, ки ба қадри шири поки модарон, меҳрубонию ғамхории самими занон ва хоҳарону духтарони худ бирасем. Симои зани зебоипарасту озоданажод, диловару мубориз, бонангу номус, далеру шуҷоъ, ватандӯсту ватанпараст, озодихоҳу адолатпарвар ва кадбонуву ҳунарманд дар асарҳои машҳур аз пайдо гардидани давлатдории бостонии миллати мо тасвир ёфтааст. Аз ин лиҳоз хизмати Зан-Модар барои башарият беҳаду ҳудуд буда, меҳру мухаббат ва ранҷи ӯ ҷуброннопазир мебошад.

Бузургони мо дар ин бобат гуфтаанд:

           Як шаба он ранҷ, ки модар кашид,

           Бо ду ҷаҳонаш натавон баркашид,

     Дар хотимаи сухан мехоҳам хотирнишон созам, ки Президенти кишвар, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомали раҳмон саҳм ва масъулияти занонро  дар беҳтар татбиқ ва амали намудани Қонунҳои  Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи масъулияти падару модар  дар таълиму тарбияи фарзанд» ва «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросими миллӣ» асоси воқеӣ баён намуда, таъкид намуданд, ки модарону бонувон дар тарбияи насли наврас ва ҷавонон нисбати дигар қишрҳои ҷомеа масъулияти бештарро равона намоянд.

    Воқеан ин суханони Пешвои миллат ҳақиқати аслӣ дорад, зеро фарзанде, ки аз лаҳни ширини модари худ панду насиҳат мешунавад, ба қадри Ватани худ, забону фарҳанг ва Ваҳдату Истиқлолияти  кишварамон, ки ду болу як иқбол бароямон муқаддасанд, мерасад.

   Итминон ва эътимоди бузург дорам, ки ҷашни Шумо модарону бонувони иззатманд, оғозбахши ҳамаи корҳои ободонию созандагӣ баҳри арзанда пешвоз гирифтани  санаҳои муҳими дар пеш истода ва 30 солагии Истиқлолияти давлатии кишвари маҳбубамон хоҳад шуд.

Бо умеди ояндаи дурахшони Ватан, пойдории бақои миллату давлат ва зиндагии осудаҳолонаи сокинони шаҳри Хоруғ ва тамоми тоҷикистониён шумо-модарону хоҳарони азизро, ки воқеан сарчашмаи тамоми фазилатҳои инсонӣ ва хуррамиҳои  ҳаёт ҳастед, бори дигар табрику муборакбод гуфта, бароятон саломатию сарбаландӣ, бахти неки фарзандон ва олитарин пирузию комёбиҳои ҳаётро таманно дорам.

Бигузор, баҳори имсола бо файзу баракати хеш, рӯзгори ободу зиндагии осоиштаро насибатон гардонад.

Ид муборак модарону хоҳарони иззатманд!

  

Роҳбарият ва масъулини макомоти иҷроия

Раиси шаҳри Хоруғ
Шамирӣ Кишвар Ғуломрасул
Роҳбари дастгоҳи раиси шаҳри Хоруғ
Имомназаров Соибҷон Сотволҷонович
Муовини якуми раиси шаҳри Хоруғ
Бурибекзода Зуробек Худобахш
Муовини раиси шаҳри Хоруғ
Мавлобахшзода Райҳонбегим Имумназар
Муовини раиси шаҳри Хоруғ
Қодиров Файзулло Назархудоевич
Мудири Шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгоҳи раиси шаҳри Хоруғ
Раматшоев Ризо Ақризобекович
Мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси шаҳри Хоруғ
Акрамов Анвар Ширинҷонович
Мудири Шуъбаи умумӣ, назорат ва муроҷиати шаҳрвандони дастгоҳи раиси шаҳри Хоруғ
Олифтаева Сафина Алидустовна
Мудири Шуъбаи кор бо маҳаллаҳои дастгоҳи раиси шаҳри Хоруғ
Наврузмамадов Наврузмамад Диллоевич
Мудири бахши ҳифзи иҷтимоии аҳолии шаҳри Хоруғ
Додихудоев Мавлобахш Имомидинович
мудири бахши рушди иқтисод ва савдои шаҳри Хоруғ
Қурбоншоев Сафар Манзаршоевич
Сардори раёсати молияи шаҳри Хоруғ
Имронов Насратшо Туроншоевич
Мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Хоруғ
Имомёрбеков Имомёрбек Гулёрбекович
Мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи шаҳри Хоруғ
Донаёрова Сабоҳат
Мудири бахши маъморӣ ва шаҳрсозии шаҳри Хоруғ
Ғоибназаров Алишер Пайравович

Райпурсӣ

Оё сомона ба Шумо писанд омад?

Қурби асъор