Фаъолияти Маркази Нур

          Кӯдакони маъюб ва ятиму бепарастор, доимо дар мадди назари мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва комиссия оид ба ҳуқуқи кӯдаки шаҳри Хоруғ қарор доранд. Мувофиқи нақша чорабиниҳои комиссия оид ба ҳуқуқи кӯдак ҳамасола аз рафти фаъолияти кӯдакони  маъюб дар ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва муассисаҳои давлати ва ғайридавлатӣ назорат карда мешавад.

         Дар таърихи 13-уми марти соли соли 2020 аз тарафи сармутахассиси ҳуқуқи кӯдак Гулбекова Г., мутахассиси шуъбаи рушди иҷтимои вар обита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси шаҳр аз рафти фаъолияти кӯдакони маъюби Маркази  Нур барои кӯдакони дорои маъбият таҳлил гузаронида шуд.

         Дар рафти таҳлил ва сӯҳбат  бо директории Маркази тавонбахшии Нур Камол Шанбезода маълум шуд, ки марказ фаъолияташро сол аз сол васеъ карда истодааст, ки ин як иқдоми нек дар соҳаи хизматрасонӣ ба кӯдакони дорои маъюбият дар вилоят мебошад. Дар шаҳри Хоруғ ба ин марказ55-нафар кӯдакони дорои маъюбият барои табобат ва расонидани ёрии равонӣ фаро гирифта шудаанд. Аз ин шумора 10-нафар кӯдакони дорои маъюбият ба хизматрасонӣ ва табобати рӯзона ва 6 нафар кӯдакон бо волидонашон ба табобати шабонарӯзи фаро гирифта шудаанд. Барои 20 нафар кӯдакони дорои маъюбият табобат ва хизхматрасонӣ дар хона ҷори карда шудааст. Ҳамзамон ҳамарӯза хизматрасонии рӯҳи ва консултасиони ба кӯдакони ниёзманд дода мешавад.

         Бояд қайд намуд, ки кӯдакон дар марказ бо волидонашон омада, табобат мегиранд. Дар вақти сӯҳбат бо волидони кӯдакони маъюб маълум шуд, ки онҳо аз хизматрасонии ин марказ қаноатманд буда, қайд намуданд, ки дар вақти табобат дар ин марказ  ба натиҷаҳои дилхоҳ камее ҳам бошад ноил мегарданд ва ҳатто такроран низ волидон ба ин марказ омада табобат гирифта истодаанд. Дар марказ бо кӯдакони маъюб 9 нафар мутахассисони соҳибтаҷриба кору фаъолият менамоянд

         Дар барорбари пешравиҳо камбудиҳо низ дар хизматрасонии марказ дида мешаванд. Ин набудани ошхона барои маъюбон. Бояд кайд намуд, ки марказ тамоман ошхона надорад, танҳо ошпазхона дорад, ки он бениҳоят хурд буда ба талабот ҷавобгӯ нест

         Аз тарафи директории марказ таклиф пешниҳод гардид, ки хуб мешуд агар бо иҷозати мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии  шаҳри Хоруғ дар назди марказ аз ҳисоби худи  як бинои дуошёна сохта барои марказ ошхона ва ошпазхонаи алоҳида ҷудо мешуд ва инчунин дар ошёнаи дуввум якчанд утоқҳои алоҳида низ сохта мешаванд. Таклиф ва пешниҳоди дигар ин фарогирии мутахассисони марказ ба курсҳо ва семенарҳои такмили ихтисос дар сохаи хизматрасониҳо дар марказҳои тавонбахш.

Роҳбарият ва масъулини макомоти иҷроия

Раиси шаҳри Хоруғ
Шамирӣ Кишвар Ғуломрасул
Роҳбари дастгоҳи раиси шаҳри Хоруғ
Имомназаров Соибҷон Сотволҷонович
Муовини якуми раиси шаҳри Хоруғ
Бурибекзода Зуробек Худобахш
Муовини раиси шаҳри Хоруғ
Мавлобахшзода Райҳонбегим Имумназар
Муовини раиси шаҳри Хоруғ
Қодиров Файзулло Назархудоевич
Мудири Шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгоҳи раиси шаҳри Хоруғ
Раматшоев Ризо Ақризобекович
Мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси шаҳри Хоруғ
Акрамов Анвар Ширинҷонович
Мудири Шуъбаи умумӣ, назорат ва муроҷиати шаҳрвандони дастгоҳи раиси шаҳри Хоруғ
Олифтаева Сафина Алидустовна
Мудири Шуъбаи кор бо маҳаллаҳои дастгоҳи раиси шаҳри Хоруғ
Наврузмамадов Наврузмамад Диллоевич
Мудири бахши ҳифзи иҷтимоии аҳолии шаҳри Хоруғ
Додихудоев Мавлобахш Имомидинович
мудири бахши рушди иқтисод ва савдои шаҳри Хоруғ
Қурбоншоев Сафар Манзаршоевич
Сардори раёсати молияи шаҳри Хоруғ
Имронов Насратшо Туроншоевич
Мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Хоруғ
Имомёрбеков Имомёрбек Гулёрбекович
Мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи шаҳри Хоруғ
Донаёрова Сабоҳат
Мудири бахши маъморӣ ва шаҳрсозии шаҳри Хоруғ
Ғоибназаров Алишер Пайравович

Райпурсӣ

Оё сомона ба Шумо писанд омад?

Қурби асъор