Марафони «Велисипедрониӣ» ва «Дави наврӯзӣ» дар шаҳри Хоруғ дар сатҳи баланд баргузор гардид.
Имрӯзҳо дар саросари кишвари азизамон Наврӯзи фархундапай, ки ҷашни бисёр муқаддас ва мубораки ниёгонамон буда, аз қарни асрҳо ба мо мерос мондааст, бо шодиву фараҳи зиёд фаро расида истодааст. Ба ҳамин хотир мо сокинони маркази ВМКБ шаҳри Хоруғ низ чун ҳамасола бо рӯҳбаландиву ифтихори зиёд бо як ҷаҳон орзуҳои нек иди миллии халқи бузургу соҳибтамаддунамон –Наврӯзи фархундапайро дар фазои орому осудаи Ватан истиқбол мегирем.
Ифтихор аз он дорем, ки маҳз бо пешниҳоди Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин ҷашни мероси фарҳангири мо бо қарори ташкилоти илмию фарҳангии ЮНЕСКО мақоми ҷашни байналмиллалӣ гирифта дорои таҷлили он боз ҳам васеътар гардид.
Ин ид аз башорати рӯзи нав, фасли нав, эҳёи табиат айёми эътидоли баҳорӣ дарак дода, таърихи зиндаву бедор, ифтихору шараф, ва ҳувияту бақои миллати фарҳангиву тамадунсози тоҷикро инъикос менамояд.
Имрӯз дар саросари ҷумҳури ҳамчун рӯзи варзиш эълон гардида, дар ҳамаи минтақаҳои кишвар чорабиниҳои варзишӣ ба ифтихори Наврӯзи Аҷам баргузор гардида истодаанд. Ба ин хотир дар шаҳри Хоруғ низ имрӯз марафони«Велисипедрониӣ» ва «Дави наврӯзӣ» баргузор гардида мо хеле хуб эҳсос намудем, ки ҳамаи қишрҳои ҷомеа бахусус наврасону ҷавонон фаъолона иштирок намудаанд.
Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки таҳти сарпарастии давлату ҳукумат соҳаи варзиш таҳкиму тақвият ёфта, таваҷҷӯҳи ҷавонону наврасон ба ин соҳа хеле зиёд гардидааст.
Дар баробари ҳукумати мамлакат имрӯз мақомотҳои маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру вилоят низ талош бар он доранд, ки аз ҳисоби маблғҳои буҷҷетии маҳаллӣ ва ҷалби сармояи хориҷӣ сохтмони толору майднчаҳои варзишӣ дар шаҳр боз ҳам зиёдтар гардад ва бо ин восита оммавияти варзиш ва тарзи ҳаёти солим дар байни аҳолӣ боз ҳам таҳким ёбад.
Бояд қайд намуд, ки тибқи нақшаи дурнамо то соли 2021 яъне то ҷашни пуршукӯҳи 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии тоҷикистон бояд дар марзи вилоят 18 адад майдончаҳои варзишӣ сохта ба истифода дода шаванд, ки аз ин шумора як толори варзиши соли 2018 ва ду адад дар соли 2019 бо маблағгузории Федиратсияи футболи Тоҷикистон дар шаҳри Хоруғ мавриди истифодаи ҷавонону наврасон қарор дода шуданд. Ҳамзамон, сохтмони шаш ҳадад майдончаҳои варзишӣ дар ҳудуди дар оянджаи наздик оғоз хоҳанд гашт.
Дар натиҷаи ҳамаи ин иқдомот дар ҳаққи насли наврасу ҷавонон солҳои охир дастоварди варзишгарони мо хеле назаррас гардида, дар мусобиқаҳои байналмилалӣ парчами давлатии кишвари маҳбуби мо боло бардошта мешавад.
Ҷавонони азиз!
Бо истифода аз фурсат мехоҳам хотирнишон созам, ки ҷавонон бояд дар раванди таҷдиди ҷомеа тавассути таҳким бахшидани фикру андешаи нав, бахусус ҳифзи истиқлолияти давлати ва дастовардҳои он, арзишҳои бунёди миллатсозӣ ва ватансозию ватандорӣ бо мақомоти маҳаллӣ ҳамкории фаъол намоянд.
Бо изҳори чунин суханони нек ҳамаи Шумо ширкаткунандагони марафони имрӯза, ки ба эҳсоси гарми ватандорӣ дар ин чорабини ширкат варзидаед, инчунин тамоми сокинони шаҳри Хоруғро ба муносибати фарорасии Наврӯзи фархундапай самимона абрику шодбош гуфта, ба ҳамагон дар ин фасли нозанини сол табъи болида, сарбаландию сарфарозӣ ва файзу баракати наврӯзиро таманно дорам.
Баъд аз суханронии муовини раиси шаҳри Хоруғ Мавлобахшзода Раҳонбегим, ғолибон бо ифтихорнома ва сипоснома қадр карда шудаанд.