Зери ҳамин унвон имрӯз, 22 май дар шаҳри Хоруғ бо ҷалби зиёда аз 6 000 нафар ҷавонону наврасон аксия баргузор гардид.
Чорабинӣ бо иқдоми раиси шаҳри Хоруғ Кишвар Шамирӣ, Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши ВМКБ, намояндагони Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон дар вилояту шахр гузашта, инчунин дар он масъулину кормандони мақомоти ҳокимияти давлатии вилояту шаҳр, Бахши кор бо ҷавонон ва варзиш, идораву муассисаҳо, зиёиён, варзишгарон ва донишҷӯёну толибилмон ҳузур доштанд.
Иштирокдорон аз варзишгоҳи марказии шаҳр то Майдони Исмоили Сомонӣ бо аксҳои Қаҳрамонони Тоҷикистон, Парчаму Нишон ва Конститутсияи ҷумҳурӣ, шиорҳои «Пешвои миллат рамзи иттиҳоду сарҷамъии мо ҷавонон!», «Пешвои миллат, мо ҷавонон бо Шумоем!», «Ваҳдату Истиқлолият дастовард ва пирузиҳои мо ҷавонон», «Аҳли Донишгоҳи Хоруғ бо Шумоянд, Пешвои Миллат!» ҳаракат намуданд.
Дар майдони Исмоили Сомонӣ бошад раиси шаҳри Хоруғ Кишвар Шамирӣ ҳозиринро ба муносибати Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон табрик намуда гуфт, ки маҳз дар замони соҳибистиқлолии кишвар Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таҳким ва боло бардоштани сиёсати давлатии ҷавонон замина гузошт ва ҳоло фаъолияту ҳиссагузории ҷавонон дар пешбурди ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқ назаррас мебошад.
Баъдан дар Боғи мазкур барномаи хотирмони консертӣ пекаши ҷамъомадагон гардид.
Хадамоти матбуоти
МИМҲД – и шаҳри Хоруғ