Хизмат шараф аст.

        Ҳар як ҷавони ватандӯсту ватанпраст хизмати Модар- Ватанро дар назди худ қарзи шаҳрванди шуморида баъд аз хатми мактаб ё хатми донишгоҳ ихтиёран ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тҷиистон дохил шуда чун сарбози бошараф хизмати Ватанро мардонавор адо менамояд.  Солҳои охир ҷавонони худогоҳу худшиноси мамлакати мо бахусус ҷавонони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон минҷумла шаҳри Хоруғ ихтиёран ба комиссарияти ҳарби ҳозир шуда ба қисмҳои ҳарбии манотиқҳои гуногуни ҷумҳуриамон раҳсипор мегарданд.

       Агар мушоҳида намоем, нисбати солҳои гузашта, ки Тоҷикистони мо нав соҳибистиқлолиро ба даст овард ва Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шудаанд, имконият барои сарбозон дар қисмҳои ҳарбии навтаъсисдодашуда ниҳоят танг буд, зеро дар Ватани мо ҷанги шаҳрванди руйи кор омада буд. Аммо Сарвари давлат ба ҳамаи ин мушкилиҳо нигоҳ накарда, барои  низомиён ва сарбозони шуҷои Ватани маҳбубамон, ки ҳамеша дар сарҳади Ватан истодагари менамоянд, оҳиста-оҳиста шароити зиёдеро муайё намуд, то ки ҳомиёни Ватан кишвари зебову дилрабои моро аз душман нигоҳ доранд.

     Бояд қайд намуд, ки Низомиён ҳамеша дар зери таваҷҷӯҳи Роҳбарияти олии мамлакат қарор доранд, ки дар ҳар Паёму баромадҳои хеш таъкид менамояд, Тамоми афсарону сарбозони шуҷои кишвар, ҳамчун сипари боэътимоди Ватан дар иҷрои вазифаҳои хизматиашон бояд ҳамеша ҳушёру зирак бошанд ва ҳаргиз фаромуш насозанд, ки  фазои орому осудаи имрӯзаи Тоҷикистони соҳибистиқлол  бар ивази ҷони садҳо нафар  ҷавонмардони  бонангу номуси миллат ба даст омадааст.

        Дар Паёми навбатии Пешвои миллат низ қайд гардид, ки  хизматчиёни ҳарбиро  зарур аст, ҳушёриву зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд ва донишу малакаи  касбии худро  пайваста баланд бардошта, барои рафъи ҳолатҳои фавқулодаву ғайричашмдошт ҳамеша омода бошанд.

      Сарбозони шуҷои Ватан аз он ифтихор доранд, ки дар назди халқу миллат ва давлат ниҳоят вазифаи пурмаъсуле бар душ доранд ва барои оромии ва осудагии ҷомеъа ҷони худро дар хатар гузошта чун ҳомиёни боэътимоди ин сарзамин ва чун Шераку дигар номоварони бузург барои миллати худ содиқонаву софдилона хизмат намоянд.

     Итминони комил дорем, ки ҷавонони вилоят ва шаҳри Хоруғ дар даъвати баҳории соли 2020 низ бо ҳисси баланди миллӣ ва худшиносиву худогоҳӣ ихтиёран ба сафи Қувваҳои Муссаллаҳ дохил шуда хизмати Модар –Ватанро сарбаландона адо менамоянд.

Роҳбарият ва масъулини макомоти иҷроия

Раиси шаҳри Хоруғ
Шамирӣ Кишвар Ғуломрасул
Роҳбари дастгоҳи раиси шаҳри Хоруғ
Имомназаров Соибҷон Сотволҷонович
Муовини якуми раиси шаҳри Хоруғ
Бурибекзода Зуробек Худобахш
Муовини раиси шаҳри Хоруғ
Мавлобахшзода Райҳонбегим Имумназар
Муовини раиси шаҳри Хоруғ
Қодиров Файзулло Назархудоевич
Мудири Шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгоҳи раиси шаҳри Хоруғ
Раматшоев Ризо Ақризобекович
Мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси шаҳри Хоруғ
Акрамов Анвар Ширинҷонович
Мудири Шуъбаи умумӣ, назорат ва муроҷиати шаҳрвандони дастгоҳи раиси шаҳри Хоруғ
Олифтаева Сафина Алидустовна
Мудири Шуъбаи кор бо маҳаллаҳои дастгоҳи раиси шаҳри Хоруғ
Наврузмамадов Наврузмамад Диллоевич
Мудири бахши ҳифзи иҷтимоии аҳолии шаҳри Хоруғ
Додихудоев Мавлобахш Имомидинович
мудири бахши рушди иқтисод ва савдои шаҳри Хоруғ
Қурбоншоев Сафар Манзаршоевич
Сардори раёсати молияи шаҳри Хоруғ
Имронов Насратшо Туроншоевич
Мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Хоруғ
Имомёрбеков Имомёрбек Гулёрбекович
Мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи шаҳри Хоруғ
Донаёрова Сабоҳат
Мудири бахши маъморӣ ва шаҳрсозии шаҳри Хоруғ
Ғоибназаров Алишер Пайравович

Райпурсӣ

Оё сомона ба Шумо писанд омад?

Қурби асъор