Ҷавоб ба муҳаррири сомонаи «рисолат.тҷ» (Нигоҳе ба равандҳо, рӯйкардҳо ва фаъолиятҳои ҲНИ)

Санаи 02-юми апрели соли ҷорӣ сомонаи «рисолат.тҷ» (risolattj.com) адабиёт ва истилоҳи дигаргунаеро дар мақолаи «Нигоҳе ба равандҳо, рӯйкардҳо ва фаъолиятҳои ҲНИТ»  дар бораи вижагиҳои ҲНИ дар таърихи муосири Тоҷикистон дастраси хонанда кардааст.

Ин сомона аз ҷониби СП Ҷумҳурии исломӣ пуштибонӣ ёфта, пойгоҳи иттилоотии интернетии ҳарифони террористпарвар мебошад. Дар ин қисмати мақола кӯшиш мекунем, ки ба ин сомона ҷавоб диҳем. Ҷавоби дандоншкиан ва изҳоркунандаи тамоми хашму ғазаби миллати тоҷик. То дарк шавад, ки ин мулк бе дарвоза нест.

Сараввал гуфта шавад, ки он ҳизби исломӣ, ки пас аз «70 соли ташнагӣ» осемасар ба инқилоби мазҳабӣ даст зад, 150 ҳазор хонаводаи тоҷикро гирифтори андӯҳу кулфат кард, зеро дар асари ин муноқиша онҳо наздикони худро аз даст доданд.  Далелҳои дигар ҳам мавҷуд аст, то муҳаррири «рисолат» гумон накунад, ки ҳарфҳои ӯ ҳақиқати мутлақ ва порае аз Сарқонунанд, ки ҳатман бояд боиси пазириш бошанд ва тағйирнопазир. Бубинед, баёни хиёнати секаратаи  паймонсозии наҳзатӣ миллатро анқариб ба варта бурд. Таҳлили таърихи замони Истиклолияти давлатии тоҷикон нишон дод, ки табақаи аз пойгоҳи мардумӣ орӣ, вале барои савлату мансаб ҳарис, тақдири халқро 3 дафъа ба имтиҳон гирифт. Номи ин эчодкорони тарсу ваҳшат ва меросхӯрони хиёнат: Наҳзат ва асҳоби онҳост. Режими вопасгаро ва озодистези фақеҳони дӯкондорони динӣ дар ин лист шомил аст. Барои исботи ин чанд далел меорем:   

 

  1. Аз аввали таъсиси ҳизб, ки бар пояи тамоюлҳои ақибравӣ асос ёфтааст, он ҳамчун боздорандаи ҳаракати ҷомеа ба пешравӣ дониста мешавад. Бо доман задан ба масъалаҳои хурду реза, аз қабили истифодаи кулӯх дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, парастиши риш, санг андохтан ба сарулибоси  зану мард, мардумро аз дастоварди технологияи пешрафта ва касби дониш маҳрум кардааст.     
  2. Пардаи асрор агар аз ҳувияти наҳзатиҳо бардорем, ҳодисаҳои ачибу ғариби маълум мешаванд. Чунончи, маълум мегардад, ки манғитпарастии ин аслбохтагон решаҳои қавии қавмӣ ва таърихӣ дорад. Инҳо ҳама аҷнабипарастанд, мехостанд, ба анъанаҳои замони амириро эҳё кунанд. Чунончи, ошкор шудааст, ки бисёрии наҳзатиҳо аз авлоди қурбошӣ Ғаюрбек, тағобачаи амир Олимхони манғитӣ будааст, ки аз солҳои 1920 то 1930 дар атрофи шаҳри Душанбе ба қатлу куштори  кормандони давлатӣ, муаллимони замони нав ва занҳо  даст задаанд (манбаъ китоби: В горах Восточной Бухары, муаллиф Нальский).
  3. Нишонаҳои ақибмондагӣ дар ҳар шаклу сурате дар рафтори мухолифони наҳзатӣ эҳсос мешавад. Ин тарзи тафаккур пеш аз ҳама дар мафтуншавӣ ба ақоиди динӣ ва шиорпартоии подарҳаво аз қабили «қиёмат қоим шуд», «шариато завол гардид» ва ё «куффор омад» -ро гирифт» зоҳир мегардад.
  4. Ин бархӯрд ба ҳаракати садсола, ки солҳои 20-уми асри гузашта, минтақаро ба чолиш кашида буд, хеле аҷиб ба назар мерасад. Дар ин бозиҳои шайтанатӣ муқассир боз ҳамон охунди Қасамдарагӣ мебошад, ки номаш дар «рисолат.тҷ» ҳамчун фариштаи «Моҳи хосса» оварда шудааст. 
  5. Наҳзатиҳо хостанд хумори иттифоқчиёни таърихиашонро бихаранд. Аз рӯйи ахбори ҳалқаҳои ба наҳзат наздик  гароиши аз ҳад зиёд ба таҷаммулпарастӣ ва зоҳиргарӣ доранд.  На ришро қабул дорад ва на бериширо. Ин гуна ашхос ҳама дар талаби ин дунё ҳастанд ва охират. Ҳамин дугонагии тафаккур ва аслбохтагии наҳзат, ҳизбро валангор ва мардумро овора кардааст.  Ин гумроҳони роҳи сиёсат намедонад, ки  масири иштирок дар сиёсат созиш аст, тавба аз гуноҳҳои собиқа ва тозакории тафаккури хароби наҳзатӣ.

           Сомонаи «рисолат» вақте ки дар бораи ТЭТ ҲНИ менависад гӯё Амрикоро кашф кардааст. Ба ҳар хонанда маълум аст, ки Кабирӣ як нафари дорои тафаккури нимамаҳалӣ бо олудагии биёбонӣ, алломатарош бо донишҳои сатҳи пасти  музахрафотӣ ва тобеи нафси армонии омехта мебошад.  Ҳамин як ҷумла, маниши Кабириро хулосагирӣ мекунад. Дар ҳамин ҷо метавонем, нуқта бимонем. Нуқтаи ғафси тамат. Мешавад коғазро омехтаи ҳарфҳои беҳудаву пуч насозем. Вале ҳамоқатнигории Кабирӣ маҷбур месозад, ки ба умқи фардии ин «сиёсатмадор»-и даҳрситез бештар зеҳн биронем. Зеро ки Кабирӣ мероси сулҳхоҳии собиқаи наҳзатро ба ду по ба замин зад ва аз ин ҳизби парлумонӣ ҳаракати террористии дар ҷустуҷуйи Интерпол сохт ва табдил дод. Ба иттиҳоди назари наҳзатиҳои оддӣ, ки мехостанд ба масири миллӣ баргарданд, Кабирӣ бо хонаводааш чунон зарбаи муҳлик зад, ки яке аъзои қаноти ҷангии наҳзат «Ансорулло» шуд, дигарӣ насронӣ гашт, сеюмӣ аҳли ташайъю ва чорумӣ салафӣ. Панҷумӣ дар маҳбас. Адами мудирият тамоми ҳайати шурои олии раёсати ин ҳизбро бинобар даст доштан дар табаддулоти ҳарбӣ ба зиндон бурд. Гардонандаи  ин тахалуфот ва таклифоти тафриқавӣ  ҳама ба  як вожа ифода меёбад: Кабирӣ.

          Коршиносони наздик ба наҳзат ҳилаи шаръии наҳзатро ин тавр ташреҳ медиҳанд, ки чун ин резахорони хони мардуми бегона, пулу пайсаи зиёд аз ташкилотҳои хориҷӣ ба даст овардаанд, мутаҳҳаму бардаи дари онҳо гаштааанд. Наҳзатиҳо, ки дар тӯли 3 даҳсола 3 дафъа мазҳаб иваз карданд, марҳилаи ивазшавии чоруми динии худро мепаймоянд. Ёди хонандаи закӣ ҳаст, наҳзатиҳоро мардум «вовчик» яъне ваҳҳобӣ мегуфтанд, чун вориди ҷанги шаҳрвандӣ шуданд, тамоюл ба  имомҳои дувоздаҳимома карданд. Баъдан салафигарӣ дар кӯчаи Бохтар мӯд шуд, дар ҳавли даҳани инҳо нишастан намешуд, ҳама осори Ибн таймияву Албонӣ мехонданд. Баъдан раҳбарони ин созмон ба ҳавзаи Қуму Гургон гаравиданд. Дар долонҳои наҳзат маълумоте  чарх мезанад, ки бисёр ҷолиб ва аҷиб аст. Баъд аз воқеаҳои моҳи сентябри соли 2015 дар Тоҷикистон, ба таври сиррӣ ва пардапӯшона ба Кабирии Қасамдарагӣ унвони баланди пурифтихори «Ҳуҷҷатислом» додаанд. Албатта ин дастовард аст, дар назди кишвари мушаххас ва ба ҳам маълум.   

Донандагони асрор нақл мекуннад, ки Кабирӣ бо таъсиси Паймон ва баъд аз дунявӣ худро эълон кардан, ба тарабхонаҳо рӯ овардааст. Дар ин ҷо баъд аз айшу ишрати  беандозаву меъёр, аз хоб мехезаду бо баланд садо додани  тавба як рӯзи дароз мегӯяд манам Мунҷии миллат!

Баъдан, мегӯянд, ки гурӯҳҳои пароканда, ки дар камин мебошанд, ӯро ба маъбадхонаи худ ҷалб мекунанд. Оқибат, роҳи наҷоти буҳрони шахсиятро дар ҷаҳонмеҳварӣ будан мебинаду худро дар канори афроди овора мезанад.  Ин аст муҳтавои шахсияти  ифротӣ Кабирӣ, ки ҳанӯз ки ҳанӯз аст, дар тағйир аст…

 

Зарур аст, ки сомонаи «рисолат» барои хонданбоб ва марғуб  кардани мақола ин сатрҳоро ҳам илова мекард. Боқӣ вақт қазоват хоҳад кард, ки ҳақ аст.

 

Султонов Шодонҷон, хабарнигор

 

Роҳбарият ва масъулини макомоти иҷроия

Раиси шаҳри Хоруғ
Шамирӣ Кишвар Ғуломрасул
Роҳбари дастгоҳи раиси шаҳри Хоруғ
Имомназаров Соибҷон Сотволҷонович
Муовини якуми раиси шаҳри Хоруғ
Бурибекзода Зуробек Худобахш
Муовини раиси шаҳри Хоруғ
Мавлобахшзода Райҳонбегим Имумназар
Муовини раиси шаҳри Хоруғ
Қодиров Файзулло Назархудоевич
Мудири Шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгоҳи раиси шаҳри Хоруғ
Раматшоев Ризо Ақризобекович
Мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси шаҳри Хоруғ
Акрамов Анвар Ширинҷонович
Мудири Шуъбаи умумӣ, назорат ва муроҷиати шаҳрвандони дастгоҳи раиси шаҳри Хоруғ
Олифтаева Сафина Алидустовна
Мудири Шуъбаи кор бо маҳаллаҳои дастгоҳи раиси шаҳри Хоруғ
Наврузмамадов Наврузмамад Диллоевич
Мудири бахши ҳифзи иҷтимоии аҳолии шаҳри Хоруғ
Додихудоев Мавлобахш Имомидинович
мудири бахши рушди иқтисод ва савдои шаҳри Хоруғ
Қурбоншоев Сафар Манзаршоевич
Сардори раёсати молияи шаҳри Хоруғ
Имронов Насратшо Туроншоевич
Мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Хоруғ
Имомёрбеков Имомёрбек Гулёрбекович
Мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи шаҳри Хоруғ
Донаёрова Сабоҳат
Мудири бахши маъморӣ ва шаҳрсозии шаҳри Хоруғ
Ғоибназаров Алишер Пайравович

Райпурсӣ

Оё сомона ба Шумо писанд омад?

Қурби асъор