Яғмогаре, ки даъвои мардумпарварӣ дорад (Ё чи тавр «дилсӯзи миллат» Кабирӣ, бинои сохташавандаи беморхонаи сироятии ҷумҳуриявиро қисм-қисм карда фурӯхт)

Муддатест, ки аз дурдасти як марғзори хушобу алаф аз ҳанҷараи дарозгӯше пайваста садои гӯшхарош  баланд мешавад.

Дарозгӯш  мафтун аз манзараи чарогоҳ ва маст аз бонгҳои паёпаю  рӯзафзуни хеш дигар гумон карда, ки рисолати зиндагии ӯ фақат чаридану бонг сар додан аст.  Ғурури ин дарозгӯш то ҳадде афзуда, ки меандешад ҳанги  ӯ  паёмест, ки бояд ҳама ба он мутаваҷҷеҳ шаванд.

Садоҳое, ки феълан аз гулӯи Муҳиддин Кабирӣ раҳо мешаванд, айнан ҳанги ҳамон дарозгӯш аст. Саркардаи террористони наҳзатӣ бо ҳамон мағзи аз табу тоби кинатӯзӣ хушкидаву пуч ва бо ҳамон дидгоҳи тангу иртиҷоиву мутаассибонаи шиагии  худ чунин вонамуд мекунад, ки гӯё дар пешбурди умури сиёсиву иҷтимоиву иқтисодӣ ягон барномае дорад.

Эй риёкор, бо кадом дидаву рӯ метавонӣ боз чунин суханҳоро ба забон орӣ?

Магар ту набудӣ, ки бо суиистифода аз мақоми вакилӣ дар Парлумон, соли 1999 бинои сохтмонаш идомадоштаи «Беморхонаи ҷумҳуриявии касалиҳои сироятӣ»-ро ки барои 500 кат пешбинӣ шуда буд, дар ҳудуди деҳаи Навободи ҷамоати деҳоти Сарикиштии ноҳияи Рӯдакӣ бо ваъдаи идомаи сохтану ба истифода додан хусусӣ кардӣ?

Бинои беморхона тибқи тарҳ аз иншоотҳои 1 ва 3-ошёна иборат буда, бояд ду бинои 3-ошёна барои беморони калонсол (барои 300 кат) ва кӯдакон (200 кат), бинои 2-ошёнаи маъмурият, бинои 1-ошёнаи нигоҳдории аксҳои рентгенӣ ва ғайраҳо сохта мешуданд.  Магар ту набудӣ, ки 10 гектар замини ин беморхонаро ҳамроҳ бо биноҳои зикргардида тақсим кардаву қисм-қисм фурӯхтӣ?

Бале, ту гумон дорӣ, ки аз ин ҷинояти навбатиат касе хабар надорад. Вале парвандаи ҷиноятии №1-45\11 бо дастрасии моддаҳои 247 қ.4, банди «б» ва 340 қисми 2, бандҳои «а,б,в»-и  Кодекси ҷиноятии ҶТ туро интизор аст.

Маҳз ҳамин парванда кирдори ҷиноятии туро равшан равшан кард, ки чӣ гуна «ҳадя» гӯён ба шаҳрвандон Ғоибназаров Абдураҳим Ҳақназарович, сокини деҳаи Сари Пули ноҳияи Бохтари вилояти Хатлон 1\8 ҳисса иборат аз 588м2,  Саломов Абдулбосит Маҳмадрасулович, сокини деҳаи Мирови ноҳияи Ҷиликули вилояти Хатлон 1\8 ҳисса иборат аз 498м2, Ғоибназаров Абдулло Ҳақназарович, сокини шаҳри Душанбе, кӯчаи Яккачинор, бинои №142\3, хонаи №58, 1\8 ҳисса иборат аз 498,6м2, Саломов Ҳикматёр Маҳмадрасулович, сокини ноҳияи Ҷиликули вилояти Хатлон 1\8 ҳисса иборат аз 696м2  заминро фурӯхтаӣ.

Оё аз ту метавон «ҳадя» гирифт? Аз туе, ки 200 доллари ИМА-ро аз иштирок дар ҷанозаи модар боло гузоштӣ метавон ҳадя гирифт?ҶТ

Ту гумон дорӣ, ки аз ҷиноятат касе хабар надорад. Вале тибқи ҳамин парвандаи ҷиноятӣ, бо дастрасии моддаҳои 247 қ.4, банди «б» ва 340 қисми 2, бандҳои «а,б,в»-и  Кодекси ҷиноятии ҶТ туро интизор аст. Ҳамдастони наҳзатиат Хитобов Алӣ Абдураҳмонович, соли таваллудаш 1983, зодаи шаҳри Қурғонтеппаи вилояти Хатлон, сокини шаҳри Душанбе, Қурбонов Зафарҷон Маликшарифович, соли таваллудаш 1982, зода ва истиқоматкунандаи шаҳри Турсунзода ва Каримов Кушмакбой Холбоевич, соли таваллудаш 1967, зодаи ноҳияи Рӯдакӣ, сокини шаҳри Душанбе, ки бо супориши бевоситаи худат ҳуҷҷатҳои қалбакӣ тартиб дода, қисматҳои боқимондаи замину иншоотро ғайриқонунӣ фурӯхта буданд, тибқи моддаҳои зикргардида  бо ҳукми суди ноҳияи Рӯдакӣ аз 25-уми ноябри соли 2011 ба муҳлати аз 8 то 10 солӣ аз озодӣ маҳрум карда шуданд. Вале худат, ҷинояткори асосӣ дар озодӣ мондӣ.

Туро ғайр аз фаъолияти террористиат фақат барои ғайриқонунӣ хариду фурӯш кардани ҳамин бинои барои мардум ҳаётан муҳим, барои ҳамин биное, ки имрӯз чун боду ҳаво барои карантин ва беморони эҳтимолии коронавирус зарур аст,  меарзад ҳамчун ҷинояткори ғаддор, шахсияти бенангу ор, дузди қаллобкор дар курсии зери дор шинонанд! Ту боз шарм накарда барои чи гуна аз ин вирус наҷот додани миллат дилат маслиҳатчӣ шуданӣ ҳастӣ?

Тавре мебинем, саркардаи террористони наҳзатӣ дар ҳоле аз нарасидани муассисоти карантинӣ овоза карданист, ки дар вақташ бинои беморхонаи сироятиро ба савдо задааст. Ин муллои ифротгаро гузаштаи “пурифтихор”- и худро зуд аз ёд бурда, боз чеҳранамоӣ кардан мехоҳад.  Бидуни шак, ӯ ҳамон гурбаи обид аст, ки агарчи зоҳиран даст пеши бар барои адои намоз дорад, чашмаш ба суроғи муш, ҷониби сӯрохист.

Саркардаи наҳзатиҳо аз коронавирусу карантин даҳан мекушояду гумон мекунад, ки мардум ҷиноятҳои ҳизби террористиашонро фаромӯш кардааст. Вале ин ҳама аз ёдҳо зудуда нахоҳад шуд. Агар ин вируси шум дар тамоми ҷаҳон наздики 43 ҳазор  нафар талаф ёфта бошад, наҳзатиҳои хунхор зиёда аз 150 ҳазор ҳамдиёри худро ба қатл расониданд.  

Вуҷуди Кабирию ҳамақидаҳои мутаассибаш аз вируси “тоҷдор” хавфноктар аст. Зеро фардо ҳатман ваксинаи ин вирус кашф хоҳад шуд ва пеши роҳи паҳншавиаш гирифта мешавад. Аммо вируси ақидавии кабириҳо бо рохбарии эрони шиаги   мағзҳоро мехӯраду ақлҳоро раҳгум сохта, наслҳоро ҷониби ҷаҳолату куштор мебарад. 

 Чанд сол муқаддам рӯзноманигори шинохта Додоҷон Атовулло, ки бо элитаи сиёсии қаблии наҳзатӣ ошноии комил дошт, ин саркардаи тозаинтихоби наҳзатиро ба унвони савдогар ва тоҷир муаррифӣ карда буд.  Дар воқеъ ин баҳои ӯ нисбати Кабирӣ бисёр мунсифона ва воқеъбинона аст. Нуктаи муҳим дар шинохти портрети тиҷорӣ-сиёсии саркардаи мазкури наҳзатӣ ин аст, ки барои ӯ  мафҳумҳое чун миллат, давлат, озодӣ, Ватан, мардум, дин, мазҳаб, демократия, инсонсолорӣ ва мардумпарастиро  танҳо василаи муассири расидан ба ҳадаф мебошанд.

Саркардаи террористони наҳзатӣ бо вуҷуди ин ҳама сарват андӯхтану ҷамъ овардани моли дунё ҳанӯз ҳам вонамуд мекунад, ки гӯё бо мафҳуми дунявият аслан сари созиш надорад. Ҳамеша намоишкорона аз минбари ҷаласаҳову васоити ахбори омма ҳамчун обиду орифи парҳезгор изҳори назар карданро меписандад, аммо дар хуфя кори дигар мекунад. Мардумро тарки дунё меомӯзад, аммо худ сарват меандӯзанд.  Мансабталошиву дунёталабӣ ҳадафи ниҳоии ин зоҳиди риёист. Дар ин роҳ вай ва ҳаммаслаконаш ҳатто дину мазҳабро низ ҳамчун васила ва абзор мавриди корбурд қарор медиҳанд.

 

Тарки дунёкардагон худ дар ғами дунё буванд,

Дар дили  ин  рӯзадорон  ҷуз  ғами ифтор нест.

 

Дар охири матлаб мехоҳам бори дигар муроҷиат кунам, ки:

Кабирӣ! Ту вақте ки қалам гирифта, мисли рӯят варақро сиёҳ мекунӣ, худро дилсӯзу ғамгусори миллат муаррифӣ менамоӣ, аз ҳамин амали душманонаат – маҳрум кардани ҳазорҳо дардманд аз беморхонае, ки онҳоро аз касалиҳои сироятӣ наҷот медод,  шармат намеояд?

Майлаш, ин кор ба нафсу кисаи ту вобаста аст. Аммо кӯшиши худатро ғамхору ғамгусори мардум нишон додан аз баҳри чист?  Магар ту набудӣ, ки ҳангоми вакили  Маҷлиси намояндагон буданат нӯҳ ҳазор сомонӣ маош мегирифтӣ, даромади бозори шаҳри Турсунзода, ки соле се миллион буд, ба кисаат мерехт. Вале  модарат Саодатбону дар деҳаи Косатарошони Файзобод, дар зодгоҳат, дар бистари марг мехобиду дидаю дониста ба умеди дарёфти чанд доллари Бунёди Карнегӣ роҳи Маскавро пеш гирифтӣ. Бечора кампир чашм ба роҳи ту “Вой, Муҳиддинҷонам!!!”- гуфта ҷон дод. Ту, ақаллан, дар баробари даҳҳо муҳоҷири мехнатӣ, ки ҳангоми мусибат роҳи Ватан пеш мегиранд, як билети хавопаймо харида барои гӯру чӯби модарат наомадӣ!!! Ҷанозаашро бо телефони модели охирини SAMSUNG – 9 хондӣ.

Шахсе, ки ба модари худ раҳм надорад, оё метавонад дилсӯзи дигарон бошад? Ҳаргиз!  Ин корат дар таърих, дар ёди мардум ҳамчун намунаи ақлу фаросат ва ахлоқу маънавиёти наҳзатӣ якумра боқӣ монд. Ҳар касе, ки туро мешиносад, бароят лаънат мефиристад. Боз шарм накарда, дигаронро насиҳат мекунӣ. Шармат бод, бизнесмени ватанфурӯшу модарбезор!   Шармат бод!!!

 

Азимҷон Раҳмонзода,

ходими пешбари илмии АИ ҶТ

Роҳбарият ва масъулини макомоти иҷроия

Раиси шаҳри Хоруғ
Шамирӣ Кишвар Ғуломрасул
Роҳбари дастгоҳи раиси шаҳри Хоруғ
Имомназаров Соибҷон Сотволҷонович
Муовини якуми раиси шаҳри Хоруғ
Бурибекзода Зуробек Худобахш
Муовини раиси шаҳри Хоруғ
Мавлобахшзода Райҳонбегим Имумназар
Муовини раиси шаҳри Хоруғ
Қодиров Файзулло Назархудоевич
Мудири Шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгоҳи раиси шаҳри Хоруғ
Раматшоев Ризо Ақризобекович
Мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси шаҳри Хоруғ
Акрамов Анвар Ширинҷонович
Мудири Шуъбаи умумӣ, назорат ва муроҷиати шаҳрвандони дастгоҳи раиси шаҳри Хоруғ
Олифтаева Сафина Алидустовна
Мудири Шуъбаи кор бо маҳаллаҳои дастгоҳи раиси шаҳри Хоруғ
Наврузмамадов Наврузмамад Диллоевич
Мудири бахши ҳифзи иҷтимоии аҳолии шаҳри Хоруғ
Додихудоев Мавлобахш Имомидинович
мудири бахши рушди иқтисод ва савдои шаҳри Хоруғ
Қурбоншоев Сафар Манзаршоевич
Сардори раёсати молияи шаҳри Хоруғ
Имронов Насратшо Туроншоевич
Мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Хоруғ
Имомёрбеков Имомёрбек Гулёрбекович
Мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи шаҳри Хоруғ
Донаёрова Сабоҳат
Мудири бахши маъморӣ ва шаҳрсозии шаҳри Хоруғ
Ғоибназаров Алишер Пайравович

Райпурсӣ

Оё сомона ба Шумо писанд омад?

Қурби асъор