Вохӯрии Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кормандони МИМҲД-и шаҳри Хоруғ.

           3.04.2020 дар толори хурди  МИМҲД-и ВМКБ мулоқоти  Вазири фарханги Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатзода Зулфия  ва раиси шаҳри Хоруғ Кишвар Шамирӣ бо роҳбарони идораву муассисаҳои шаҳр баргузор гардид.

         Дар вохӯри асосан масъалаҳои ободонии шаҳри Хоруғ, сохтмонҳои иншоотҳои ҷашнӣ,  чораҳои зарури оиди пешгирнии карона вирус ва барраси карда шудаанд.

         Аз руи иттилои мудири бахши меъмори ва шахрсозии шаҳри Хоруғ Алишер Ғоибназаров дар шаҳри Хоруғ то арафаи ҷашнгирии 30 солагии Истиқлолияти давлатӣ зиёда аз 84 иншоот ба истифода дода мешаванд.  Дар тамоми иншоотҳо имрӯзҳо корҳо рафта истодаанд. Аз ҷумла бинои Амонатбонк, театри вилоятӣ ва муассисаи таҳсилоти умумии №8 дар соли равон ба истифода дода хоҳанд шуд. Дар биноҳои 12 ошёна барои кормандони ҳифзи ҳуқуқ, бинои МИМҲД-и шаҳри Хоруғ ва дигар иншоотҳое, ки тибқи нақша дар арафаи сиюмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикитон ба истифода дода мешаванд корҳо бо маром рафта истодаанд.

         Оиди сабзу хуррамгардонии шаҳри Хоруғ мудири шуъбаи  муҳити зисти шаҳр Мамадназарбеков Фарҳод баромад намуда зикр доштанд, чун ҳамасола кормандони ҳифзи муҳити зист барои сарсабз намудан ва шинондани гулу буттаҳо  дар баҳори имсола низ чораҳо дида истодаанд. Айни ҳол зиёда аз 600 дарахти ороиши ва 200 дарахти мевадиҳанда оварда шуда шинонда мешаванд.

         Директори маркази саломатии шаҳри Хоруг Имомёрбекова Таҳмина зимни баромади хеш оиди пешгирии коронавирус дар шаҳри Хоруғ зикр дошт, ки кормандони соҳаи тиб тамоми чораҳои зарурро  андешида дар ин самт кору фаъолият рафта  истодааст. Хамарӯза ситоди доимамалкунада фаъолият намуда чораҳои заруриро роҳандози менамояд. Айни ҳол зиёда  аз 26-нафар, ки аз давлатҳои хориҷа ба шаҳр баргаштанд, дар карантина қарор доранд ва то имрӯз ягон нишонаи  корона вируси COVID-2019  дар онҳо пайдо нашудааст. Ва инчуни корҳои фахмондадиҳи бо сокинони шаҳри Хоруғ ҳамарӯза ба роҳ монда шудааст.

Мудири маорифи шаҳри Хоруғ Шукурбеков А. доир ба соҳаи маориф дар баромади худ зикр дошт, ки мо кормандони соҳаи маориф барои пешрафту соҳаи илму маориф корҳои зиёде ба сомон расонидем ва минбаъд низ кушиш менамоем, шогирдони хубро тарбия намуда ба донишгоҳҳои Олии мамлакат ва берун аз мамлакат барои идомаи таҳсил раҳсипор намоем.

 Дар охир вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарама Давлатзода Зулфия суханрони намуда, аз ҷумла қайд доштанд, ки мо бояд барои пешгирӣ намудан аз корона вируси COVID-2019  мувофиқи тавсияҳои табибон амал намоем. Имрӯзҳо нисифи зиёди давлатҳо ба ин вабои аср гирифтор шудаанд ва ҳамарӯза зиёда аз ҳазорҳо одамон ҷони худро ба ҷонофарин месупоранд. Аммо хушбахтона Тоҷикистони мо то ҳол аз ин бемори эмин аст.

     Оиди пешвозгирии 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба истифода додани иншоотҳои ҷашнии дар арафаи ин иди мубораку фарҳунда Давлатзода Зулфия ба маъсулин дастуру супоришҳои мушаххас дода иҷрои бандҳои нақша чорабинииҳои доир ба си солагии Истиқлолияти давлати ба тавсиб расида шуда аз ҳозирин дават ба амал овардаанд.

    Баъди ҷамъбасти сӯҳбату вохӯриҳо вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарама Давлатзода Зулфия ва раиси шаҳри Хоруғ Кишвар Шамирӣ аз муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳри Хоруғ ва китобхонаҳои шаҳри дидан намуда бо роҳбарони муассисаҳо ва китобхонаҳо оиди пешгирӣ намудан аз коронавирус тавсияҳо додаанд. Дар муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳр чорҳои зарури барои пешгири намудан аз каронавирус мувофиқи тавсияҳои табибон бароҳ монда шудааст. 

Роҳбарият ва масъулини макомоти иҷроия

Раиси шаҳри Хоруғ
Шамирӣ Кишвар Ғуломрасул
Роҳбари дастгоҳи раиси шаҳри Хоруғ
Имомназаров Соибҷон Сотволҷонович
Муовини якуми раиси шаҳри Хоруғ
Бурибекзода Зуробек Худобахш
Муовини раиси шаҳри Хоруғ
Мавлобахшзода Райҳонбегим Имумназар
Муовини раиси шаҳри Хоруғ
Қодиров Файзулло Назархудоевич
Мудири Шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгоҳи раиси шаҳри Хоруғ
Раматшоев Ризо Ақризобекович
Мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси шаҳри Хоруғ
Акрамов Анвар Ширинҷонович
Мудири Шуъбаи умумӣ, назорат ва муроҷиати шаҳрвандони дастгоҳи раиси шаҳри Хоруғ
Олифтаева Сафина Алидустовна
Мудири Шуъбаи кор бо маҳаллаҳои дастгоҳи раиси шаҳри Хоруғ
Наврузмамадов Наврузмамад Диллоевич
Мудири бахши ҳифзи иҷтимоии аҳолии шаҳри Хоруғ
Додихудоев Мавлобахш Имомидинович
мудири бахши рушди иқтисод ва савдои шаҳри Хоруғ
Қурбоншоев Сафар Манзаршоевич
Сардори раёсати молияи шаҳри Хоруғ
Имронов Насратшо Туроншоевич
Мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Хоруғ
Имомёрбеков Имомёрбек Гулёрбекович
Мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи шаҳри Хоруғ
Донаёрова Сабоҳат
Мудири бахши маъморӣ ва шаҳрсозии шаҳри Хоруғ
Ғоибназаров Алишер Пайравович

Райпурсӣ

Оё сомона ба Шумо писанд омад?

Қурби асъор