Ҷамъбасти семоҳа

   Имрӯз 06.04.2020  машварати ҷамъбастии семоҳаи  блоки иҷтимои бо иштироки мудирони шуъбаҳои маориф, фарҳанг, шуъбаи кор бо занон ва оила, шуъбаҳои Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ, Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа, бахшҳои сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ, кор бо ҷавонон ва варзиш, рӯзномаи шаҳрии «Оинаи зиндагӣ» ва комиссияи шаҳри оид ба ҳуқуқи кӯдак дар назди мовини раиси шаҳри Хоруғ- сарпарасти соҳаои иҷтимоӣ Мавлобахшзода Райҳонбегим баргузор гардид.

         Дар машварати ҷамъбасти мудирони шуъбаҳо  аз натиҷаи фаъолият дар се мохи  соли 2020 ҳисобот дода таклифҳоро оиди беҳтар ба роҳ мондани  фаъолияти минбаъда пешниҳод намудаанд.

         Муовини раиси шаҳри Хоруғ Мавлобахшзода Раҳонбегим баҳри беҳтар ба роҳ мондани сифати хизматрасонӣ ба аҳоли ба мудирони шуъбаву бахшҳо супоришҳои мушаххас дода аз масулин масъулияти баландро баҳри иҷрои  супоришҳо тақозо намуд.

Инчун машварати ҷамъбастии семоҳаи Ҷамоати шаҳраки Ш.Шоҳтемур, КВД  «Фаръии  Хоҷагии  манзилию коммуналӣ», Маркази  таъминоти бехатарии озуқавори дар шаҳри Хоруғ, Маркази назорати давлатии санитарию эпидимологӣ,  Маркази саломатии шаҳри Хоруғ, бахшҳои  сармоягузори ва амволи давлатӣ, кор оид ба дин, бахши муоҷират дар шаҳри Хоруғ, бахши бойгонӣ ва мактби махуси бозиҳои варзишии шаҳри Хоруғ дар назди муовини раиси шаҳри Хоруғ сарпарасти соҳаҳо- Қодирзода Файзулло баргузор гардид.

    Роҳбарон аз натиҷаи кору фаъолияти семоҳаи  соли 2020 ҳисобот дода баҳри беҳтар ба роҳ мондани фаъолияти кори таклифу пешниҳодҳо намудаанд.

         Муовини раиси шаҳри Хоруғ Қодирзода Файзулло асосан ба Маркази назорати давлатии санитарю эпидимологӣ ва Маркази саломатии шаҳри Хоруғ оиди пешгири намудани карона вирус COVID -19 дасуру супоришҳо дода зикр доштанд, ки бояд тамоми чораҳои зарури дар ин самт андешида шаванд ва дар байни мардум корҳои фаҳмондадиҳи бароҳ монда, то ки бар дуруғҳои беасос ва суханҳои бофта бовар накунанд.

        

Роҳбарият ва масъулини макомоти иҷроия

Раиси шаҳри Хоруғ
Шамирӣ Кишвар Ғуломрасул
Роҳбари дастгоҳи раиси шаҳри Хоруғ
Имомназаров Соибҷон Сотволҷонович
Муовини якуми раиси шаҳри Хоруғ
Бурибекзода Зуробек Худобахш
Муовини раиси шаҳри Хоруғ
Мавлобахшзода Райҳонбегим Имумназар
Муовини раиси шаҳри Хоруғ
Қодиров Файзулло Назархудоевич
Мудири Шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгоҳи раиси шаҳри Хоруғ
Раматшоев Ризо Ақризобекович
Мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси шаҳри Хоруғ
Акрамов Анвар Ширинҷонович
Мудири Шуъбаи умумӣ, назорат ва муроҷиати шаҳрвандони дастгоҳи раиси шаҳри Хоруғ
Олифтаева Сафина Алидустовна
Мудири Шуъбаи кор бо маҳаллаҳои дастгоҳи раиси шаҳри Хоруғ
Наврузмамадов Наврузмамад Диллоевич
Мудири бахши ҳифзи иҷтимоии аҳолии шаҳри Хоруғ
Додихудоев Мавлобахш Имомидинович
мудири бахши рушди иқтисод ва савдои шаҳри Хоруғ
Қурбоншоев Сафар Манзаршоевич
Сардори раёсати молияи шаҳри Хоруғ
Имронов Насратшо Туроншоевич
Мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Хоруғ
Имомёрбеков Имомёрбек Гулёрбекович
Мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи шаҳри Хоруғ
Донаёрова Сабоҳат
Мудири бахши маъморӣ ва шаҳрсозии шаҳри Хоруғ
Ғоибназаров Алишер Пайравович

Райпурсӣ

Оё сомона ба Шумо писанд омад?

Қурби асъор