Машварати васеи назди раиси шаҳри Хоруғ.

       Дар машварати имрӯза муовини якуми раиси шаҳр, муовинони раиси шаҳр, роҳбари дастгоҳи раиси шаҳр, раисони Ҷамоати шаҳракҳои И.Сомонӣ ва Ш. Шоҳтемур, сардорони раёсат, кумита, мудирони шуъбаҳо, бахшҳо, кормандони дастгоҳи раиси шаҳр, раисони маҳаллаҳо, роҳбарони идораю муассисаҳо, роҳбарони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқи шаҳр, директорони мактабҳо ва сардорони муассисаҳои томактабии шаҳри Хоруғ  иштирок доштанд.

Ба муҳокимаи машварати васеи назди раиси шаҳр чор масъала баррасӣ  карда шуданд.

  1. Рафти иҷрои қарори раиси шаҳри Хоруғ аз 18.04.2019 №319 «Оиди иҷрои қарори раиси вилоят аз 08.04.2019, №117 «Оиди иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6-марти соли 2019, № АП1176 «Дар бораи Нақша чорабиниҳои бахшида ба «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ».
  2. Нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ оид ба вусъатбахшии корҳои ободониву созандагӣ дар ҳудуди шаҳри Хоруғ.
  3. Баррасии иҷрои нақшаи кории моҳи март ва тасдиқи нақшаи кории моҳи апрели соли 2020.
  4. Масъалаҳои иловагӣ:

Аз рӯи масъалаи якуми рӯзнома Рафти иҷрои қарори раиси шаҳри Хоруғ аз 18.04.2019 №319 «Оиди иҷрои қарори раиси вилоят аз 08.04.2019, №117 «Оиди иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6-марти соли 2019, № АП1176 «Дар бораи Нақша чорабиниҳои бахшида ба «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси шаҳри Хоруғ Акрамов Анвар  баромад намуда қайд намуд, ки мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ баҳри иҷрои иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6-марти соли 2019, № АП1176 «Дар бораи Нақша чорабиниҳои бахшида ба «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» чораҳои заруриро роҳандозӣ намуда, дар асоси қарори раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз 8-апрели соли 2019, №117 қарори раиси шаҳри Хоруғ аз 18-апрели соли 2019, №319 бо нақша чорабиниҳои иборат аз 30 банд ба тасвиб расид.

Вобаста ба эълон гардидани Солҳои 2019-2021 солҳои рушди деҳот сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар соли 2019 31 маротиба суҳбату вохуриҳо, 4 маротиба семинар –машваратҳо бо қишрҳои гуногуни ҷомеа баргузор гардиданд, ки зимни онҳо вобаста ба маконҳои сайёҳии вилоят, ворид гардидани чакани тоҷик ба феҳристи фарҳангии ғайримоддӣ дар Созмони Милали Муттаҳид, ворид гардидани Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба феҳристи манзараҳои зебо дар ташкилоти илмию фарҳангии ЮНЕСКО маърӯзаҳо байён гардиданд. Ҳамзамон дар ошияи эълон гардидани Солҳои 2019-2021 солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ  ва ҳунарҳои мардумӣ бо ибтикори Кумитаи кор  бо занон ва оиала,  инчунин Кумита оид ба корҳои  дин , танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии  Тоҷикистон дар соли гузашта фестивалу озмунҳои шаҳрӣ   таҳти унвони «Чакомаи гесу 2019», «Дастархонороӣ», «Ҳунарманди беҳтарин» ва «Кадбонуи ҳунар» доир гардиданд, ки ҳунармандони шаҳр иштирокчии даври вилоятию ҷумҳуриявӣ гардиданд. Дар соли 2020 низ даври шаҳрию вилоятии озмуни «Чакомаи гесу-2020» ва озмуни «Дастархонороӣ» баргузор гардиданд. Инчунин, ҷиҳати эҳё намудани ҳунари дастӣ байни занон айни замон дар шаҳр зиёда аз 70 нафар занону бонувон ба эҳё намудани  ҳунарҳои ластии аҷдодӣ машғул буда, масули дастии онҳо дар баргузории ҷашнҳои умумимиллию суннатӣ ба намоиш гузошта мешаванд. Ҳамзамон, моҳи июни соли 2019 озмунҳои шаҳрии  «Ровии беҳтарин» ва озмуни «Тоҷикистон Ватани азизи манн» дар шаҳри Хоруғ баргузор гардиданд, ки дар он ҳунармандон аз рӯи номинатсияҳои «Сароянда», «Навозанда», «Ровӣ» ва ғайра  фаъолона ширкат варзида, ғолибон бо мукофоти пулӣ қадр гардиданд, ки ин ҳам яке аз талаботҳои нақша-чорабиниҳо мебошад.

     Аз рӯи масъалаи дуюм: «Нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ оид ба вусъатбахшии корҳои ободониву созандагӣ дар ҳудуди шаҳри Хоруғ сармутахасиси шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳр Абдурасулова Насиба ахборот пешниҳод намуд.

Аз рӯи масъалаи сеюм «Баррасии иҷрои нақшаи кори моҳи март ва тасдиқи нақшаи кори моҳи апрели соли 2020» роҳбари дастгоҳи раиси шаҳри Хоруғ Имомназаров Соҳибҷон баромад намуанд.

Роҳбарият ва масъулини макомоти иҷроия

Раиси шаҳри Хоруғ
Шамирӣ Кишвар Ғуломрасул
Роҳбари дастгоҳи раиси шаҳри Хоруғ
Имомназаров Соибҷон Сотволҷонович
Муовини якуми раиси шаҳри Хоруғ
Бурибекзода Зуробек Худобахш
Муовини раиси шаҳри Хоруғ
Мавлобахшзода Райҳонбегим Имумназар
Муовини раиси шаҳри Хоруғ
Қодиров Файзулло Назархудоевич
Мудири Шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгоҳи раиси шаҳри Хоруғ
Раматшоев Ризо Ақризобекович
Мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси шаҳри Хоруғ
Акрамов Анвар Ширинҷонович
Мудири Шуъбаи умумӣ, назорат ва муроҷиати шаҳрвандони дастгоҳи раиси шаҳри Хоруғ
Олифтаева Сафина Алидустовна
Мудири Шуъбаи кор бо маҳаллаҳои дастгоҳи раиси шаҳри Хоруғ
Наврузмамадов Наврузмамад Диллоевич
Мудири бахши ҳифзи иҷтимоии аҳолии шаҳри Хоруғ
Додихудоев Мавлобахш Имомидинович
мудири бахши рушди иқтисод ва савдои шаҳри Хоруғ
Қурбоншоев Сафар Манзаршоевич
Сардори раёсати молияи шаҳри Хоруғ
Имронов Насратшо Туроншоевич
Мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Хоруғ
Имомёрбеков Имомёрбек Гулёрбекович
Мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи шаҳри Хоруғ
Донаёрова Сабоҳат
Мудири бахши маъморӣ ва шаҳрсозии шаҳри Хоруғ
Ғоибназаров Алишер Пайравович

Райпурсӣ

Оё сомона ба Шумо писанд омад?

Қурби асъор