Аз ҷумла дар соли 2019 маҷмӯи маҳсулоти минтақавӣ ба 15,1 млрд. сомонӣ расонида шуд, ки нисбат ба соли 2016-ум 5,0 млрд. сомонӣ ё 49,5 фоиз зиёд мебошад. Маҷмӯи маҳсулоти минтақавӣ ба ҳар нафар аҳолӣ бошад дар ин давра 50 фоиз афзоиш ёфта, ба 17659 сомонӣ дар соли 2019 расонида шуд.
Бо мақсади ноил гардидан ба ҳадафи чоруми миллӣ-сноатикунонии басуръати кишвар шаҳри Душанбе ба дастовардҳои назаррас ноил гардида, дар чор соли охир ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 1,9 маротиба зиёд гардида, ҳаҷми он дар соли 2019 ба 2711,3 млн. сомонӣ баробар шуд.
Воқеан ба болоравии ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба фаъолият даровардани корхонаҳои нави саноатӣ, ки бевосита бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ мавриди истифодабарӣ қарор дода шуданд, мусоидат намуд, аз ҷумла корхонаҳои истеҳсоли обҳои ташнашикани «Сиёма», коркарди сангҳои ватанӣ аз ҷониби ҶДММ «Зиркон», истеҳсоли мебел аз ҷониби ҶДММ «Бисот», истеҳсоли маҳсулоти нассоҷӣ аз ҷониби ҶДММ «Ваҳдат», истеҳсоли маҳсулотҳои заргарӣ аз ҷониби ҶСК «Равшан» ва истеҳсоли асфалту бетон аз ҷониби ҶСП «Заводи асфалту бетон». Ҳоло барои бунёди 10 корхонаи саноатӣ дар самти истеҳсоли семент, қолинҳо, таҷҳизоти барқӣ, қубурҳои шишапластикӣ ва орд санги асос гузошта шудааст.
Умуман дар давоми се соли охир 112 корхонаи саноатӣ бо шумораи умумии 1245 адад ҷойҳои нави корӣ таъсис дода шудааст.
Дастоварди дигари шаҳр, ки боиси истифодаи сарфакоранаи нерӯи барқ гардид, ин дар фасли зимистон таъмини биною иншоот бо гармӣ мебошад.
Дар давоми се соли охир 2310 бинову иншоот бо гармӣ таъмин карда шуд ва дар натиҷа истифодаи нерӯи барқ дар фасли зимистон кам гардида, сокинони пойтахт ва ташкилоту муассисаҳо маблағҳои худро сарфа намуданд.
Сохтмон ва сармоягузорӣ низ дар пойтахти кишвар назаррас афзоиш ёфта, дар се соли охир зиёда аз 752 иншоот ба маблағи 6,8 млрд. сомонӣ сохта шуд.
Дар ин давра 18 муассисаи таълимӣ барои 14 614 хонанда дар як баст ба истифода дода шуда, корҳои сохтмонӣ дар 11 муассиса барои 11904 хонанда дар як баст рафта истодааст ва корҳои лоиҳакашӣ дар 6 муассисаи дигар барои 3232 хонанда идома доранд.
Бояд қайд кард, ки яке аз ҳадафҳои стратегии кишвар ин раҳоӣ ёфтан аз бунбасти коммуникатсионӣ мебошад, ки тавассути таҷдид ва сохтмони нақбу пулҳо ва роҳҳои мошингард амалӣ шуда истодааст. Дар шаҳри Душанбе ҷиҳати таҷдиду азнавсозии роҳҳо корҳои назаррас ба сомон расонида шуда, 118,3 км роҳҳо азнавсозӣ ва таъмир гардида, сохтмони ду эстакада идома дорад.
Инчунин бо мақсади беҳтар кардани сатҳу сифати хизматрасонии нақлиётӣ низоми нави автоматикунонии «Шаҳри бохирад» ба роҳ монда шуда, 100 адад автобуси тамғаи «AKIA» аз ширкати муштараки «Акиа Авесто Автоматив Индастри»-и Ҷумҳурии Тоҷикистон харидорӣ карда шуд ва дар 30 хатсайр пардохти роҳкиро ба пуррагӣ тариқи низоми электронӣ роҳандозӣ гардид.
Ҳамзамон ҷиҳати тарғибу ташвиқи наврасону кӯдакон ба тарзи ҳаёти солим дар ҳар як маҳаллаю ҷойҳои аҳолинишини пойтахт 231 майдончаи варзишӣ сохта ба истифода дода шуд.
Дастоварди намоёни дигар ин ба ҷаҳониён муаррифӣ намудани шаҳри Душанбе ҳамчун шаҳри гулҳо мебошад. Дар ин давра 71 боғу гулгаштҳо бо гулу буттаву дарахтони нодир бунёд гардида, диққати сокинон ва меҳнони пойтахтро ба худ ҷалб намуд.
Бахусус 5 боғи фарҳангу фароғатии нав, аз ҷумла боғҳои «Восеъ», «Алишери Навоӣ», Аҳмади Дониш, «Ҷавонон» ва «Куруши Кабир» бунёд гардида, 6 адад боғҳои фаъолиятдошта, ба монанди боғҳои С.Айнӣ, «Кули Ҷавонон», Абулқосими Фирдавсӣ, «Хайём», «Кӯдакон» ва «Мироненко» азнавсозӣ гардиданд.
Дар доираи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба эълон гардидани солҳои 2019-2021 солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва ба стандартҳои байналмилалӣ мутобиқ намудани сатҳи хизматрасонӣ сохтмони 2 меҳмонхонаи муосир анҷом ёфта, сохтмони 8 меҳмонхонаи дигари замонавӣ идома дорад.
Вобаста ба корҳои ободонию бунёдкорӣ бахшида ба таҷлили ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи солҳои 2019-2021 дар шаҳр 4145 чорабинию иншоот пешбинӣ шуда, дар соли сипаришуда иҷрои нақшаи чорабинии пешбинигардида 104 фоизро ташкил дод.
Дар солҳои 2017-2019 дар шаҳри Душанбе дар маҷмӯъ 3 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ дар соҳаи обтаъминкунӣ ба маблағи умумии 86,8 млн. доллари ИМА ва 2 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ дар соҳаи роҳсозӣ ба маблағи 85,9 млн. доллари ИМА татбиқ гардида истодааст.
Дар ин давра обрӯю эътибори шаҳр дар арсаи байналмилалӣ бамаротиб боло рафта, расму ойин ва фарҳангу маданияти ҳазорсолаи гузаштагонамон ба ҷаҳониён ба таври густурда муаррифӣ карда шуд.
Тибқи баҳогузории нашрияи бритониёии «The Independent» пойтахти Тоҷикистон-шаҳри Душанбе ба ҳайси даҳгонаи мавзеъҳои бехатар аз рӯи таъмини амнияти шабона эътироф шуда, Душанбе аз ҷониби Агентии таҳлилии «ТурСтат» ба феҳрасти даҳгонаи ҷолибтарин шаҳрҳои сайёҳии кишварҳои аъзои ИДМ ворид гардид.
Натиҷаи қадрдорнӣ шудани дастовардҳори номудабуда дар ҳаёти иҷтимоию иқтисодии шаҳр буд, ки санаи 18 апрели соли 2020 узви Маҷлиси миллӣ муҳтарам Рустами Эмомалиро ҳамчун шахси кордону ботаҷриба, худогоҳу сиёсатмадор ва шаҳрдори комёби шаҳри Душанбе дониста, якдилона ба мақоми пурифтихори Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ интихоб карданд ва ин рӯзро ҳамчун як рӯзи хотирмон дар таърихи навини Ватани азизамон сабт намуданд.
Бо назардошти пешравию ободӣ ва дастовардҳои назаррас дар шаҳр интихоб гардидани муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба вазифаи Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ арзанда мебошад.
Дастовардҳои номбурда баёнгари таҷрибаю кордонии Раиси шаҳр, муҳтарам Рустами Эмомалӣ буда, бо боварии комил метавон гуфт, ки дар вазифаи Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ донишу таҷрибаи созандаю ободкории худро ба манфиати умумиҷумҳуриявӣ истифода мебаранд.
Бояд қайд кард, ки фаъолияту кордонии муҳтарам Рустами Эмомалӣ беҳтарин намунаи ибрат барои ҳар як ҷавони бонангу номуси Ватани азизамон буда, ҷиҳати ноил гардидан ба дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сатми баланд бардошти сатҳу сифати зиндагӣ, таъмини амнияти миллӣ ва сулҳу субот дар кишвар мусоидат менамояд.
Завқизода З.А.
Доктори илмҳои иқтисодӣ