Вохӯрии Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сокинони шаҳри Хоруғ

    Дар доираи чорабиниҳои башида  ба  вусъатбашии корҳои созандагию ободонӣ дар маркази ВМКБ шаҳри Хоруғ ва ҳамзамон пешгирӣ аз  касалиҳои сироятии ҷаҳонро ба таҳлуқа оварда, мулоқт вохўрии намояндаи Ҳукумати Ҷумурии Тоҷикистон- вазири фарҳангӣ Ҷумурии Тоҷикистон Зулфия Давлатзода,  раиси шаҳри Хоруғ Кишвар Шамирӣ ва  дигар намояндагонӣ мақомти шаҳр ва маркази саломатии шаҳрӣ бо сокиннони ҷамоати шаҳраки Шириншоҳ Шохтемур доир гардид.  Муътавои асосии  ин мулоқот вохўрӣ -     аз наздик ошнойи пайдо намудан бо зисту зиндагонии шаҳрвандон,  огоҳӣ аз мушкилиҳои ҷойдоштаи ҷомеаи имрўза, таҳкимбахшии шароити беҳтару хубтари рӯзгори мардум, мусоидат баҳри таъминӣ зиндгии шоистаи сокнони шаҳр ва омодагии ҷиҳати сазовор пешвоз гирифтани  30- юмин солгарди Истиқлоляити давлатӣ буд. Чунин мулоқоти судманд бо сокинони маҳалаии Сайфулло Абдуллоев   низ доир шуда, раиси шаҳри Хоруғ Кишвар Шамирӣ зимни ифтитоҳи мулоқот арз дошт,  ки тибқӣ супориши Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон Вазорати фарҳангӣ Ҷумурии Тоҷикистон ҳамчун сарпарсати шаҳри Хоруғ таъин гардидааст ва   аз ин рӯ мулоқоти вазири фарҳангӣ Ҷумурии Тоҷикистон Зулфия Давлатзода бо сокинони марказӣ вилоят дорои адафҳои муҳим буда,   шаҳри Хоруғ  аз ҷониби Вазорати фарҳангӣ Ҷумурии Тоҷикистон дастгирӣ ва кумакраоснӣ хоҳад шуд.   Раиси шаҳри Хоруғ Кишвр Шамирӣ ҳамзамон қайд намуд, ки вазифаи аввалиндараҷа ва нахустинӣ ҳар як  инсони худогоҳу хештаншинос ин хизмати содиқона ба сарзамини аҷдодӣ буда,  ҳамаи мо муваззаф ҳастем, ки тамоми дастоврадҳои Истиклоялитӣ Ватанро бо таҳкимбахшиву саматӣ арзанда барои наслҳои ояндаи миллат беолудагӣ ба мерос гузорем. Вазири фарҳанги Ҷумурии Тоҷикистон Зулфия Давлатзода қайд намуд, ки имрӯзҳо шаҳри Хоруғ сол то сол бо қомат афротанӣ иншоотҳои муҳими иҷтимоӣ зебо гардида, ҳамасола маблағҳои зиёд барои ободонии ин гушаи Ватан раовна  карда мешаванд.  Ҷавобан  ба ҳами ин бояд ҳар яки мо нахуст нисбати ҳамдигар самимяит ва мењрубонӣ дошат бошем. Имрўзҳо тамоми давлатҳои абарқудрат   дар коми касалии сироятӣ Каронавирус ғутавар гардидаанд, ва ин моро ҳушдор месозад,ки эҳтиёткор бошем, гарчанд дар Ватани мо нишонаҳои ин беморӣ ба қайд гирфита нашуда бошад, ҳам вале   ба гуфтаи бузургон илоҷи воқеа пеш вуқўъ мебояд.  Бояд, ки баҳри нигоҳдоштанӣ саломатии худ ва наздикон аз  тамоми талаботҳои санитарию гигении  ин касалии сироиятиро пешгирикуннада кор гирем.  мақоли тозагӣ гарави саломатист, боядшиори ҳаррўзаи хурду бузургӣ сарзмаин бигрдад.

       Зулфия Давлатзода вазири фарҳангӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамзамон қайд намуд, ки тақозои фасли баҳор - ин заҳмати ҳалоли мардӣ деҳкқон аст.  Имрӯзҳо    ҳар як фарди худогоҳ  бояд, ки таъкидҳои Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмонро бобати истифодаи оқилонаи ҳар як ваҷаб замин сармашқӣ кори худ  эълон намуда , боистифода аз ин рӯзҳои баҳорӣ кишту кори  масулотӣ полизиро  ба роҳ бимонад.

     Дар мулоқот вохӯрӣ ҳамзамон намояндгони марказӣ саломатии шаҳрӣ  низ оиди пешгирии вабои аср Каронавирус баромад намуданд.

     Чунин мулоқот вохӯрии судманд бо сокинонӣ маҳалаҳои Чухт Хоруғ,  Валдош Гулмамад,Султони Валӣ,  Дашти Боло, Имомобод  низ доир гардид.   Кишвр Шамрӣ бобатӣ созандагию ободонии марказӣ вилоят ибрози сухан карда  қайд намуд, ки Хоруғ , ки нигинӣ Бадахшон ном бурда мешавад, танҳо дар ҳамдастӣ, ҳамдигарафаҳмӣ,  дар ҳамдиливу ҳаммаслаки ва заматҳои ҳалоли ҳар як сокини он ободу зебо меградад.

        Зулфия Далвтазода вазири фархангӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон низ   суханони раиси шаҳрро тақвият бахшида арз дошт, ки имрӯзҳо тамоми башарият , тамоми давлатҳои абарқудратӣ ҷаҳон дар пешорӯи касалии сироятии каронивурус қарор дорад.  Гарчанде,ки Тоҷикистон аз нишонаҳои он орӣ аст, вале  мо бояд тамоми нерӯи худро сарчамъ намуа, дар  ҳамдигарфамӣ дар пешорӯи ин вабои аср истодагрӣ намоем. Дар ин мулоқт низ  намояндаи марказӣ саломатии шаҳр Шодигул Муборкашоева бобати пандемияи каранавирус маълумотӣ муфассал пешниҳод намуд.

        Дар охир сокинон доир ба камбудиҳо ва мушкилиҳои асосӣ баромад намуда,  доир ба бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта таклифу пешниҳод намуданд.

 

Роҳбарият ва масъулини макомоти иҷроия

Раиси шаҳри Хоруғ
Шамирӣ Кишвар Ғуломрасул
Роҳбари дастгоҳи раиси шаҳри Хоруғ
Имомназаров Соибҷон Сотволҷонович
Муовини якуми раиси шаҳри Хоруғ
Бурибекзода Зуробек Худобахш
Муовини раиси шаҳри Хоруғ
Мавлобахшзода Райҳонбегим Имумназар
Муовини раиси шаҳри Хоруғ
Қодиров Файзулло Назархудоевич
Мудири Шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгоҳи раиси шаҳри Хоруғ
Раматшоев Ризо Ақризобекович
Мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси шаҳри Хоруғ
Акрамов Анвар Ширинҷонович
Мудири Шуъбаи умумӣ, назорат ва муроҷиати шаҳрвандони дастгоҳи раиси шаҳри Хоруғ
Олифтаева Сафина Алидустовна
Мудири Шуъбаи кор бо маҳаллаҳои дастгоҳи раиси шаҳри Хоруғ
Наврузмамадов Наврузмамад Диллоевич
Мудири бахши ҳифзи иҷтимоии аҳолии шаҳри Хоруғ
Додихудоев Мавлобахш Имомидинович
мудири бахши рушди иқтисод ва савдои шаҳри Хоруғ
Қурбоншоев Сафар Манзаршоевич
Сардори раёсати молияи шаҳри Хоруғ
Имронов Насратшо Туроншоевич
Мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Хоруғ
Имомёрбеков Имомёрбек Гулёрбекович
Мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи шаҳри Хоруғ
Донаёрова Сабоҳат
Мудири бахши маъморӣ ва шаҳрсозии шаҳри Хоруғ
Ғоибназаров Алишер Пайравович

Райпурсӣ

Оё сомона ба Шумо писанд омад?

Қурби асъор