Дар машварати имрӯза муовини якум, муовинон, роҳбари дасгоҳи раиси шаҳр, раисони Ҷамоатҳои шаракҳои И.Сомонӣ ва Ш.Шоҳтемур, мудирони шуъбаҳо, бахшҳо, роҳбарони идораю муассисаҳо, кормандони дастгоҳи раиси шаҳр, директорони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, мудирони кӯдакистонҳо ва раисони маҳаллаҳои шаҳр иштирок намуданд.
Дар муҳокимаи машварати рӯзӣ назорат масъалаҳои зерин баррасӣ шуданд.
- Қарори раиси шаҳри аз 24 ноябри соли 2015,№639 «Дар бораи иҷрои Қарори раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз 16 ноябри соли 2015,№349 «Оиди иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 феврали соли 2015,№107 «Дар бораи нақша чорабиниҳо оид ба тадбиқи Консепсия барои ҷалби ҳамватанони бурунмарзӣ ҳамчун шарикони рушди кишвар барои солҳои 2015-2020»
- Ҳисоботи комиссия оид ба ҳуқуқи кӯдаки мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ оид ба фаъолияти комиссия дар шаҳри Хоруғ
- Нақша чорабиниҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ оид ба вусъатбахшии корҳои ободониву созандагӣ дар ҳудуди шаҳри Хоруғ
- Омодагӣ ба ташрифи Президенти Ҷумхурии Тоҷикистон
- Рафти обунашавӣ ба матбуоти даврӣ барои нимсолаи дуюми соли 2020 дар идораву муассисаҳои шаҳри Хоруғ.
Аз рӯи масъалаи якум мудири бахши Хадамоти муҳоҷирати мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ Чоршанбиев далер баромад намуда, зикр дошт, ки баҳри иҷрои қарорҳои мазкур дар соли 2019 ва давоми соли равон аз тарафи бахш дар шаҳр як қатор вохӯриҳо гузаронида шуда, ки дар натиҷа маълум шуд, ки аз тарафи шаҳрвандони шаҳри Хоруғ як қатор корҳо ба анҷом расонида шуданд. Аз ҷумла, аз тарафи сокини шаҳри Хоруғ, маҳаллаи Шонасим Шоқарғиз Хайруллоев Хайрулло дар муҳоҷирати меҳнатӣ буда, сохтмони меҳмонхона, мағоза ва кошонаи ҳусн бо маблағи 300 000 сомонӣ ба истифода дода шуда, айни замон чор нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин мебошанд.
Инчунини дигар аз тарафи сокини маҳаллаи Фурудгоҳи шаҳри Хоруғ Тавакалов Бахтиёр меҳмонхонаи замонавӣ ба маблағи 900 000 сомонӣ сохта ба истифода дода шуд. Хамзамон, қайд намуд, ки аз тарафи гурӯҳи муоҷирони ш. Хоруғ барои сохмони майдончаи варзишӣ кӯмаки молиявӣ расонида шуд.
Вохӯри бо муҳоҷирони бозгашта, дар маҳаллаҳои шаҳр идома дошта, дар рафти ин вохӯриҳо доир ба ҳисси ватандӯстӣ, нигоҳ доштани расму оин ва фарҳанги миллӣ дар давлатҳои хориҷа, саҳмгузори дар рушду нумуи диёр, маҳаллаи зист суҳбатҳо анҷом дода шуданд.
Аз рӯи масъалаи дуюм комиссияи оид ба ҳуқуқи кӯдаки назди мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ Гулбекова Г., баромад намуда, қайд кард дуюм комиссияи оид ба ҳуқуқи кӯдаки назди мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ дар асоси қонунҳои амалкунандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Низомномаи комиссия оид ба ҳуқуқи кӯдак, Низомномаи мақомоти васояту парасторӣ ва дигар санадҳои меърёрӣ-ҳуқуқӣ бо мақсади ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои кӯдакон, пешгирӣ намудани ҷиноятсодиркунӣ ва ҳуқуқвайронкунӣ дар байни ноболиғон нақша –чорабиниҳоро тартиб дода, баҳри амалӣ намудани он фаъолияти худро ба роҳ монда истодааст.
Дар давоми се моҳи авали соли ҷорӣ аз тарафи аъзоёни комиссия оид ба ҳуқуқи кӯдак дар ҳамбастагӣ дар асоси нақшаи тасдиқшуда як қатор корҳо ба сомон расонида шуданд.
Бояд қайд намуд, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва барномаи миллӣ оид ба барҳамдиҳии шаклҳои бадтарини меҳнати кӯдакон» зери назорати ҷиддии комиссия баҳри амали намудани санъадҳои мазкур равона шудаст.
Аз рӯи масъалаи сеюм мудири шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳр Мамадназарбеков Ф ва аз рӯи масъалаҳои чорум ва панҷум мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ вар обита бо ҷомеаи дастгоҳираиси шаҳр баромад намуданд.
Дар охир оиди пешрафти кор вусъат додани корои ободонию созандагӣ ва бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта раиси шаҳри Хоруғ Кишвар Шамирӣ ба роҳбарон супоришҳои қатъӣ доданд.