Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар шаҳри Хоруғ бо дастгирӣ ва ибтикори раиси ВМКБ Ёдгор Файзов ва раиси шаҳри Хоруғ Кишвар Шамирӣ бо як шукуҳу шаҳомати хоса таҷлил гардид.
Дар чорабинии идона ҷавонони шаҳру ноҳияҳои вилоят, масъулини Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиш, муовинони раисон, роҳбарону кормандони идораву муассисаҳои маҳаллӣ, омӯзгорону донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев, Омӯзишгоҳи тиббӣ ва варзишгарони шаҳру вилоят ҳузур доштанд.
Нахуст раиси вилоят Ё. Файзов зимни баромади хеш дар симои ҷавонони вилоят ҳамаи ҷавонони Тоҷикистонро ба муносибати рӯзи идашон табрик намуда гуфт, ки дар ҳамаи давраҳо давлату миллат ба наслҳои худогоҳ ва соҳибмаърифат ниёз дошта, маҳз ин нерӯи созанда метавонад дар рушду пешрафти ҳар кишвар нақши асосӣ бозад:
«Ҳар кору амале, ки аз дастамон меояд, танҳо ба хотири ободии Ватан, пешрафти Тоҷикистон ва суботу оромии он равона менамоем. Шумо ҷавонон низ вазифадоред, ки илму дониш ва касбу ҳунарҳои замонавиро омӯзед, то фардои миллату мамлакатро равшану мунаввар созед. Зеро Ватанро фақат ҷавонони босаводу соҳибкасб обод карда, ба он шаъну шӯҳрат мебахшанд».
Баъди барномаи фарҳангӣ ва созу суруд, ки дар толори асосии мақомоти маҳаллӣ бо ширкати ҳофизону ҷавонони шаҳру вилоят сурат гирифт, идомаи чорабинӣ дар Маҷмааи варзишии шаҳр рӯи кор омад.
Дар маҷмаа беҳтарин гӯштингирон бо ҳам ракобат карда, мусобиқаи гӯштини миллӣ дар сатҳи баланд гузаронида шуд ва ғолибон бо туҳфаҳои гуногун сарафроз гаштанд.
Сипас дар театри тобистонаи Боғи фарҳангӣ – фароғатии шаҳр баҳри болидахотирии ҷавонон барномаи хотирмони “Шоми ҷавонӣ” гузашта, беҳтарин санъаткорону сарояндагон ва ҳаваскорони ҷавон дар он ҳунарнамоӣ карданд.
Хадамоти матбуоти
МИМҲД – и шаҳри Хоруғ