МУРОҶИАТНОМАИ
раиси шаҳри Хоруғ – Кишвар Шамирӣ ба сокинон ва меҳмонони шаҳри Хоруғ баҳри ҳифзи саломатӣ ва пешгирии бемории аср - коронавирус-Ковид-19
Муҳтарм сокинони шарафманди шаҳри Хоруғ!
Ба ҳамагон маълум аст, ки охири моҳи декабри соли 2019 дар ҷаҳон бемории нав, ки онро бемории аср ном мебаранд яъне коронавирус КОВИД-19 пайдо гардид, ки боиси сар задани боз як мухолифату низоъ дар байни кишварҳо, таъсири мусбӣ ба солимии башарият ва коҳиш додани иқтисодии абарқудратҳо гардидааст.
Мутаасифона баъди се моҳи сар задании ин беморӣ дар кишвари мо ҳам сироятёбӣ ба ин вабои аср ба қайд гирифта шуда, имрӯз боиси нигаронии мардуми мо гардидааст.
Аз ин лиҳоз, баҳри мубориза бо ин вабои аср ва нигоҳ доштани саломатии аҳолӣ бо супориши Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ –Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ситоди ҷумҳурияви доир ба пегирии бемории коронавирус таҳти сарпарастии Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода таъсис дода шудааст, ки баҳри муолиҷаи сироятёфтагон ва пешгирии хуруҷ ёфтани ин беморӣ тамоми чораҳои зарурӣ роҳандозӣ гардида истодаанд.
Эълон намудани таътил дар муассисаҳои таълимию томактабӣ, миёнаи касбию таҳсилоти олӣ ва маҳдуд намудани фаъолияти бозору марказҳои савдо, ошхонаву тарабхонаҳо ва дигар хизматрасониҳои маишӣ яке аз омилҳое мебошанд, ки баҳри пешгирӣ ва паҳн нагардидани бемории мазкур воситаи муҳим мебошад.
Мехоҳам толибилмону донишҷӯёнро ҳушдор диҳам, ки эълон гардидани таътил барои толибилмону донишҷӯён барои омодагӣ ба озмунҳои ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Тоҷикистон Ватани азизи ман» ва «Фуруғи субҳи доноӣ китоб аст» фурсати муҳим мебошад, зеро онҳо имконият доранд, ки то баргузории озмун худро аз рӯи номинатсияҳои ин озмунҳо, ки бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гардидаанд, омода ва мутобиқ намуда, ашъори пурғановати шоирони муосиру классикиро аз худ намоянд.
Аз падару модарони муҳтарам даъват мекунем, ки фарзандони худро назорат кунанд, онҳоро ба китобхонӣ ва машғулиятҳои тарбияи ҷисмонӣ ташвиқ намоянд ва кӯшиш кунанд, ки дар ҳама ҷо, чи дар хона ва чи берун аз он тозагиву қоидаҳои беҳдоштӣ ҳатман риоя гарданд.
Дар ин мархалаи ҳасос ҳар яки мо вазифадорем, ки нисбати саломатии худ, фарзандон ва наздикони худ масъулияти бештареро эҳсос намоем ва қоидаву талаботҳои санитарию гигиениро, ки аз ҷониби Созмони умумимҷахонии тандурустӣ ва инчунин Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дастур дода шуда тариқи васоити ахбори омма, ҳамарӯза инъикос мегарданд, риоя намуда бечунучаро иҷро намоем.
Ҳамзамон, бо истифода аз фурсат аз соҳибкорону ризокорон ва дигар шахсони ҳимматбаланд, низ даъват ба амал меорем, ки дар самти кӯмак намудан ба беморону табибон инчунин афроди ниёзманду барҷомонда макомоти давлатиро дастгирӣ намоянд, баҳри амалӣ намудани нақшаву ниятхои давлату ҳукумат ҷиҳати коҳиш додани хуруҷи бемории аср корнамоӣ намоянд, то ин ки ҳамаи мо дар якҷоягию муттаҳидӣ баҳри мубориза бо ин вабои аср пирӯз баромада, оқибатҳои онро бартараф намоем ва минбаъд низ ба хотири ободию пешрафти шаҳрамон, яъне маркази маъмурии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва умуман кишвари соҳибистиқлоли худ аҳлона заҳмат кашем.
Бояд ёдовар шавам, ки миллати тоҷик бо ақли солим, хиради азалӣ ва фарҳанги баланди худ дар тӯли таърихи куҳани худ чандин мушкилоту рӯзҳои сангинро паси сар намуда, имрӯз давлати побарҷо ва соҳибистиқлолро соҳиб гаштааст.
Ин моро водор месозад, ки дастуру ҳидоятҳои Пешвоёни сиёсию мазҳабиамон мухтарам Эмомали Раҳмон ва Волоҳазрат Оғохони 4-ро максаду мароми худ қарор диҳем ва дар муттаҳидию якмаромӣ бо ин бемории аср мубориза барем.
Рӯзхои охир дар расонаҳои хабарӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ хабарҳои бардурӯғ аз ҷониби ашхоси алоҳида, ки мехоҳанд бо афкору аъмоли фитнаангезашон обрӯи давлату ҳукуматро паст ва суботи кишвару осудагии мардумро ноором гардонанд, пахш мегарданд.
Аз ин лиҳоз, ҳар як сокини бедордилу худшиноси шаҳри Хоруғ бояд ин ақидаҳоро инкор намуда, тамоми фаъолияту амали худро бахри ба эътидол овардани вазъияти имрӯза равона намоянд.
Тамоми сокинони шаҳрро даъват менамоям, ки босабру таҳаммул бошанд ва умеди қавӣ дошта бошанд, ки мо дар муддати кӯтоҳ бо саъю кӯшишу муштарак аз ин вабои аср раҳо ёфта, тамоми имконияту нерӯи хешро барои рушди шаҳри азизамон сафарбар менамоем.
Дар хотимаи муроҷиатномаи худ ба Ҳукумати мамлакат шахсан ба Пешвои муаззами миллат шарикони рушд минҷумла Оҷонсии Оғохон оид ба макони зист ва Хадамоти Оғохон оид ба тандурустӣ инчунин ризокорону шахсони эҳсонкор, ки барои дастгирии беморону табибон ва дигар афроди ниёзманд иқдомоти инсондӯстонаро зоҳир намуда истодаанд, аз номи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ арзи миннатдорӣ ва сипоси самимонаро изҳор менамоям.
Инчунин ба соҳибкорони саховатпеша ҷиҳати ройгон ба ихтиёри беморон супоридани меҳмонхонаҳои хусусии худ, расонидани кӯмакҳои моддию молиявӣ ба беморону табибони беморхонаи вилоятӣ, ташкили хӯроки нисифирӯзию шом барои онҳо ва кӯмаки маводи доруворӣ изҳори қаноатмандӣ менамоям, чунки ин иқдоми онҳо дар ин шабу рӯз ва моҳи шарифи Рамазон, ки моҳи хайру саховат аст, иқдоми наҷиб ҳисоб меёбад.
Ҳамзамон бо ин, ба ҳамаи роҳбарони муассисаҳои тандурустӣ, табибон ва ҳамшираҳои шафқат, кормандон ва ҳайати хизматрасонии беморхонаву дармонгоҳҳо, марказҳои тиббии давлатию хусусӣ барои фаъолияти шабонарӯзиашон изҳори сипосу миннатдории самимӣ баён менамоям, зеро хизмати онҳо дар ин лахзаҳо дар назди миллату давлат қаҳрамонию шоҳкории азим мебошад.
Бигузор, солимии аҳолӣ ва вахдату якпорчагии миллати тоҷик пойдору устувор монад ва хамаи мо дар иҳотаи фарзандону наздиконамон зери осмони софу беғубори Ватан ҳаёти осудаҳолонаамонро идома диҳем.
Саломату сарфароз ва хущбахту комёб бошед, ҳамдиёрони азиз!
Саломатиатонро нигоҳ доред, зеро саломатии Шумо дар дасти худи Шумост!