МУРОҶИАТНОМА

                                                                                                                МУРОҶИАТНОМАИ

Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хоруғ ба аъзои ҳизб ва  кулли сокинони   шаҳри Хоруғ  баҳри   пешгирии бемории аср- коронавируси  нави КОВИД-19

 

           Сокинони арҷманди  шахри Хоруғ!   

          Аъзои ҲХД Тоҷикистон дар шаҳри Хоруғ  шукригузору сипосгузоранд, ки ба шарофати ғамхориҳои беназири Раиси Ҳизби Халқии Демократии Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Ватани азизамон Тоҷикистони орому обод мардум хушу хуррам зиндагӣ дошта, диёрашон рӯз ба рӯз ободу зеботар гашта истодааст.     

 Тавре ки ҳама иттилоъ доред, аз моҳи декабри соли гузашта бемории сироятии коронавирус аввал дар кишварҳои алоҳида ва дар як муддати кўтоҳ дар тамоми сайёра паҳн гардида, сокинонашро ба ташвишу изтироби ҷиддӣ рў ба рў сохтааст.         Гарчанде,  ки Ҳукумати Тоҷикистон аз оғози ба амал омадани вазъи зикршуда тамоми тадбирҳои заруриро барои пешгирӣ кардани паҳншавии ин мараз роҳандозӣ намуда буд, вале,  мутаасифиона, охирҳои моҳи апрел коронавирус дар кишвари  мо низ пайдогардид .
          Дар асоси дастури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Раиси  ҲХДТ, Президенти Ҷумҳурии  Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон дар сатҳи Ҳукумати кишвар, аз ҷумла дар КИ ҲХДТ дар шаҳри Хоруғ, вобаста ба паҳншавии бемории коронавирус ва илтиҳоби шуш  Ситоди доимоамалкунанда фаъолият дорад ва айни замон дар ин самт тамоми тадбирҳои зарурӣ рўйи кор оварда шуда истодаанд.
            Вазъияти бамиёномада  аз хар яки мо тақозо мекунад, ки ниҳоят ҳушёру эҳтиёткор ва боз ҳам босабру таҳаммул бошем, ба воҳимаву таҳлука дода нашавем.       
            Аз ҳар як сокини шаҳр  эҳтиромона хоҳиш карда мешавад, ки пеш аз ҳама қоидаҳои беҳдошти шахсиро қатъиян риоя намоянд. Хусусан, дар нақлиёти ҷамъиятӣ,  ҷойи кор вақти гаштугузор дар кўчаву хиёбонҳо, ҳатман аз ниқобҳои тиббӣ, дастпушакҳо истифода намоянд. Дар вақти мулоқот, вохўрӣ ва суҳбатҳо фосилаи муайянкардаи табибон  (яку ним-ду метр ) риоя карда шаванд.      
        Аз волидайни муҳтарам эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки фарзандони худро назорат кунанд, онҳоро ба китобхонӣ ташвиқ намоянд ва кўшиш кунанд, ки дар ҳама ҷо тозагиву ќоидаҳои беҳдоштӣ, гигиенаи шахсиро ҳатман риоя намоянд.     
        Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хоруғ ба сокинони шаҳри азизамон изҳор  менамояд, ки мо бо саъю  талоши дастаҷамъона, албатта бо кумаку дастгирии шаҳрвандони бонангу номуси шаҳрамон, ин мушкилотро паси сар хоҳем кард.

       Ҳамзамон, ба ҳамаи кормандони соҳаи тандурустӣ, табибон, ҳамшираҳои шафқат кормандон ва ҳайати хизматрасонии беморхонаву дармонгоҳҳо, марказҳои тиббии давлатӣ ва хусусӣ барои фаъолияти шабонарўзиашон изҳори сипосу миннатдорӣ баён менамоем.

         Ҳамдиёрони гиромӣ!

Дар шароити ташаннуҷи рўзафзуни авзои сиёсии ҷаҳон ва тағйиру таҳаввулоти босурати он, торафт вусъат гирифтани низоъҳои байнидавлатӣ ва авҷи ҷиноятҳои муташаккили фаромарзӣ ҳимояи давлату миллат, сулҳу субот  барои мо масъалаи аввалиндараҷа ва ҳаётан муҳим ба шумор меравад.         
           Боиси таасуф аст, ки дар рӯзҳои охир  аз ҷониби афроди алоҳида, ки ҳанўз аз ниятҳои бадхоҳонаи худ нисбат ба миллати тоҷик даст накашидаанд ва мехоҳанд нақшаҳои харобкорона ва хоинонаи хешро бо дасти зархаридону гумоштагонашон амалӣ гардонида, ба сари мардуми мо бадбахтиеро бор намоянд, дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҳар гуна овозаву хабарҳои дурўғу ғаразнок пахш мекунанд. Вале хоинони миллати тоҷик ва хоҷагони хориҷии онҳо фаромўш кардаанд, ки мардуми шарафманди Тоҷикистон дигар намегузоранд, ки касе зиндагии орому осудаи онро мисли солҳои навадуми асри гузашта бо фитнаангезиву дасисабозӣ халалдор намояд ва халқи ободгари моро аз маҷрои созандагиву бунёдкорӣ берун созад.       
            Аз ин лиҳоз, ҳар як сокини бедордилу худшиноси шаҳри Хоруғ  бояд ҳаргиз зиракии сиёсиро аз даст надиҳад ва барои пойдории амният, ваҳдати миллӣ, сулҳу суббот ва оромиву осудагии кишвари маҳбубамон ҳамеша омода бошад. Муҳимтар аз ҳама, дар ин марҳалаи ҳасос мо бояд дасти якдигарро гирем, кумаку ѓамхорӣ ба ятимону маъюубон, ва оилаҳои камбизоатро фаромўш насозем.     
           Мардуми мо рўзҳои аз ин ҳам сахтарро борҳо аз сар гузаронидаанд  ва боварии комил дорем, ки мо ҳама бо иттиҳоду сарҷамъи мушкилоти имрузаро низ бо сабру тамкин, иродаи мустаҳкам сипарӣ мекунем  ва тамоми нерўи худро минбаъд низ ба самти ободии Меҳан сафарбар менамоем.    
            Ҳукумати Тоҷикистон  дар ин лаҳзаҳои барои халқамаон душвор шабу рўз дар фикри ҳар як фарди Ватан ҳаст ва ба хотири ҳифзи саломативу ҳаёти сокинони кишвар тамоми тадбирҳоро андешида истодааст.

Ҳамеша саломату хонаобод бошед!

 

Роҳбарият ва масъулини макомоти иҷроия

Раиси шаҳри Хоруғ
Шамирӣ Кишвар Ғуломрасул
Роҳбари дастгоҳи раиси шаҳри Хоруғ
Имомназаров Соибҷон Сотволҷонович
Муовини якуми раиси шаҳри Хоруғ
Бурибекзода Зуробек Худобахш
Муовини раиси шаҳри Хоруғ
Мавлобахшзода Райҳонбегим Имумназар
Муовини раиси шаҳри Хоруғ
Қодиров Файзулло Назархудоевич
Мудири Шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгоҳи раиси шаҳри Хоруғ
Раматшоев Ризо Ақризобекович
Мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси шаҳри Хоруғ
Акрамов Анвар Ширинҷонович
Мудири Шуъбаи умумӣ, назорат ва муроҷиати шаҳрвандони дастгоҳи раиси шаҳри Хоруғ
Олифтаева Сафина Алидустовна
Мудири Шуъбаи кор бо маҳаллаҳои дастгоҳи раиси шаҳри Хоруғ
Наврузмамадов Наврузмамад Диллоевич
Мудири бахши ҳифзи иҷтимоии аҳолии шаҳри Хоруғ
Додихудоев Мавлобахш Имомидинович
мудири бахши рушди иқтисод ва савдои шаҳри Хоруғ
Қурбоншоев Сафар Манзаршоевич
Сардори раёсати молияи шаҳри Хоруғ
Имронов Насратшо Туроншоевич
Мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Хоруғ
Имомёрбеков Имомёрбек Гулёрбекович
Мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи шаҳри Хоруғ
Донаёрова Сабоҳат
Мудири бахши маъморӣ ва шаҳрсозии шаҳри Хоруғ
Ғоибназаров Алишер Пайравович

Райпурсӣ

Оё сомона ба Шумо писанд омад?

Қурби асъор