НОМАИ ТАБРИКОТИИ
раиси шаҳри Хоруғ-Кишвар Шамирӣ ба муносибати Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон
Ҳамдиёрони гиромӣ!
Фарзандони азиз!
Чун анъана 1 июн ҳар сол дар тамоми сайёра Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон таҷлил мегардад. Ба ин муносибат насли хурдсоли ҷомеаамонро ба ифтихори ин рӯзи саид аз номи мақомоти ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ ва шахсан аз номи худам самимона табрик намуда, ба кӯдакони ҳар як оила тансиҳатӣ, хушбахтию шодмонӣ, ҳаёти осоишта ва аёми ширини кӯдаконаро хоҳонам.
Бояд зикр намуд, ки Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ –Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ибтидои солҳои соҳибистиқлолии кишвар барои нигоҳубин, тарбия, ҳифзи саломатӣ, ҳимояи ҳуқуқу манфиати кӯдакон пайваста ғамхорӣ зоҳир намуда, дар ин бобат як қатор барномаҳо, қонуну қарорҳо таҳия ва қабул гардидаанд, ки қабул гардидани Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 июли соли 2003 №309 «Дар бораи тасдиқи нақшаи миллии фаъолият оид ба ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои кӯдак» далели ин гуфтаҳо мебошад.
Мақомоти иҷрияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ дар партави дастуру ҳидоятҳои Роҳбари давлат дар ҳаққи кӯдакон ғамхорӣ зоҳир намуда, баҳри беҳтар намудани фаъолияти муассисаҳои томактабӣ пайваста саъю кӯшиш ба харҷ медиҳад. Тайи солҳои охир маблағгузории муассисаҳои томактабӣ зиёд шуда истодааст. Илова бар ин барои тармиму таҷдид ва таҳкими базаи моддию техникӣ, таъминот бо маводи хӯрока, маблағҳои иловагӣ ҷудо гардида, ба кӯдакони маъюб ва камбизоат кӯмак расонида мешавад.
Ҳамасола баҳри болидахотирӣ ва дилхушии кӯдакон ба муносибати Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон чорабиниҳои маърифатию фарҳангӣ ва солимгардонӣ дар шаҳри Хоруғ доир гардиданд, ки дар онҳо байни кӯдакон бозию озмунҳои гуногун баргузор мешуданд.
Мутаассифона имсол бо сабаби вазъияти баамаломада ва хуруҷ ёфтани бемории нави коронавирус баргузории чунин чорабиниҳо маҳдуд гардид. Лекин итминонамон комил аст, ки бо муътадил гардидани вазъият мо солҳои минбаъда низ ба хотири ҳифзи кӯдакон ва ҳимоя намудани манфиати онҳо баргузории чунин чорабиниҳоро бештар ба нақша мегирем, зеро кӯдакони мо асоси хушбахтии оилаи мо ҳастанд ва ояндаи кишвари маҳбуби мо дар дасти онҳост.
Бо истифода аз фурсат аз волидайни кӯдакон даъват ба амал меорам, ки дар ин марҳалаи таътил ва маҳдудияти гаштугузори безарурият фарзандонашонро ба китобхонӣ ва омодагии ҷиддӣ ба озмунҳои ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» ва «Фуруғи субҳи доноӣ китоб аст», ки ба Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гардидаанд, ҷалб намоянд ва онҳоро аз ашъори пурғановати бузургон бархӯрдор намоянд, зеро фарзанде, ки аз лаҳни ширини волидайни худ панду насиҳати бузургон мешунавад, ба қадри Ватани худ, падару модар ва таърихи фарҳанги миллати худ мерасад ва онҳоро пос медорад.
Бо изҳори чунин суханони нек бори дигар Рӯзи байналмилалии ҳифзи қӯдаконро ба насли хушбахти даврони соҳибистиқлолӣ ва тамоми мардуми шарифи Тоҷикистон табрик гуфта, барои онҳо бахти нек, тани сиҳат ва барои камолоти кӯдакон фазои орому осудаи Ватан ва сулҳу суботи пойдорро таманно менамоям.
Идатон муборак, фарзандони азиз!