Оид ба вазъият дар Афғонистон

Новобаста аз кӯшишҳои Ҳукумати Афғонистон дар самти ба эътидол овардани вазъ ва иҷрои талаботи Созишномаи сулҳ миёни Ҳаракати Толибон ва ИМА

, рӯз ба рӯз дар ин кишвари ҳамсоя вазъияти амниятӣ мураккаб гардида, неруҳои тундрави исломӣ, Ҳаракати Толибон ва ташкилотҳои дигари террористӣ куштори шаҳрвандони мулкиро афзоши медиҳанд.  Мувофиқи иттилои расмии Шӯрои амнияти миллии Афғонистон, танҳо дар давоми ду ҳафтаи охир 90 нафар шаҳрвандони ин кишвар бар асари ҳамлаҳои гурӯҳҳои исломии ифротӣ кушта шудаанд. Ғайр аз ин, дар ҳоле, ки Ҳукумат фаъолиятро оид ба барқарорсозии сулҳ идома медиҳад, ҳатто дар давоми моҳи рамазон ва баъд аз он низ, гурӯҳҳои террористии исломӣ зӯровариро нисбат ба мардуми бегуноҳ тақвият бахшида, дар ин муддат 150 нафарро дар 29 вилоят маҷрӯҳ кардаанд.

Ҳамзамон, дар як ҳафтаи охир террористони исломӣ дар 2 масҷиди шаҳри Кобул ва дар масҷиди вулусолии Чоҳи Оби вилояти Тахор амалҳои террористиро роҳандозӣ карда, 3 имомхатиб ва даҳҳо нафарро куштаву захмӣ кардаанд.

Коршиносони сиёсию амниятӣ бар он назаранд, ки сабаби аслии нооромии вазъ дар Афғонистон фаъолияти гурӯҳҳои исломгарои ифротӣ буда, омили асосии беш аз 40 сол идома ёфтани ҷангу хунрезӣ ва террор дар ин кишвар сиёсӣ намудани дини ислом ба ҳисоб меравад.

 

Роҳбарият ва масъулини макомоти иҷроия

Раиси шаҳри Хоруғ
Шамирӣ Кишвар Ғуломрасул
Роҳбари дастгоҳи раиси шаҳри Хоруғ
Имомназаров Соибҷон Сотволҷонович
Муовини якуми раиси шаҳри Хоруғ
Бурибекзода Зуробек Худобахш
Муовини раиси шаҳри Хоруғ
Мавлобахшзода Райҳонбегим Имумназар
Муовини раиси шаҳри Хоруғ
Қодиров Файзулло Назархудоевич
Мудири Шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгоҳи раиси шаҳри Хоруғ
Раматшоев Ризо Ақризобекович
Мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси шаҳри Хоруғ
Акрамов Анвар Ширинҷонович
Мудири Шуъбаи умумӣ, назорат ва муроҷиати шаҳрвандони дастгоҳи раиси шаҳри Хоруғ
Олифтаева Сафина Алидустовна
Мудири Шуъбаи кор бо маҳаллаҳои дастгоҳи раиси шаҳри Хоруғ
Наврузмамадов Наврузмамад Диллоевич
Мудири бахши ҳифзи иҷтимоии аҳолии шаҳри Хоруғ
Додихудоев Мавлобахш Имомидинович
мудири бахши рушди иқтисод ва савдои шаҳри Хоруғ
Қурбоншоев Сафар Манзаршоевич
Сардори раёсати молияи шаҳри Хоруғ
Имронов Насратшо Туроншоевич
Мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Хоруғ
Имомёрбеков Имомёрбек Гулёрбекович
Мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи шаҳри Хоруғ
Донаёрова Сабоҳат
Мудири бахши маъморӣ ва шаҳрсозии шаҳри Хоруғ
Ғоибназаров Алишер Пайравович

Райпурсӣ

Оё сомона ба Шумо писанд омад?

Қурби асъор