Аммо мувофиқи таҳлили мутахассисони соҳаи тандурустӣ, тасмими мазкур ба он оварда расонд, ки агар аз аввали мавсим то имрӯз дар ин кишвар 132 048 нафар сироят ёфта бошанд, баъд аз оғози фаъолияти масҷидҳо ва бекор кардани карантин 46 787 нафар ба ин беморӣ мубтало шудаанд, ки 35,4 фоизи шумораи умумии сироятёфтагонро ташкил медиҳанд. Танҳо дар шабонарӯзи охир 4507 нафар аз вируси нав сироят ёфтаанд. Сабаби ногаҳон авҷ гирифтани мавҷи дуюми бемориро коршиносони соҳа чунин шарҳ медиҳанд, ки дар ин кишвар барои фаъолияти масҷидҳо хеле барвақт рухсат дода шудааст. Маҳз таҷаммуи одамон дар масҷидҳо боис гардидааст, ки ин беморӣ ногаҳон ва бо суръати тез паҳн шавад.
Дар ин хусус дар сомонаи арабии Аlarabia.net (www/alarabia.net/en/amp/coronavirus/2020/06/14/Coronavirus-Saudi-Arabia-official-says-youth-spreading-Covid-19-in-Riyadh ) иттилоъ дода шудааст.