Ҳамдиёрони азиз!
Меҳмонони олиқадр!
Халқи соҳибтоҷ ва бофарҳангу тамаддунсози тоҷик 23- сол қабл бо ақлу заковати азалии худодод имконият пайдо намуд, ки ба бархурди ақидавии ҷараёнҳои сиёсии ҷумҳурӣ, ки сабаби ба ду сангари бо ҳам душман ҷудо шудани мардуми ноогоҳ гардид, ба дастоварди муқаддасу таърихӣ- Ваҳдати комили миллӣ мушарраф гардад, ки ҳоло мо ин рўйдоди бузургро бо эҳсоси ифтихору сарфарозӣ ҷанш мегирем.
Бо қабул гардидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон, ки ибтидои солҳои 90-ум гирифтори даҳшати ҷанги шаҳрван гардида буд, сулҳу суботи саросарӣ фароҳам омад ва ин рўйдоди бузург ба марҳалаи созандагию бунёдкориои азим дар сарзамини ачдодиамон оғоз бахшид.
Бояд зикр кард, ки татбики хамаи ҳадафҳои давлату ҳукумат пеш аз ҳама аз сулҳи пойдор ва ваҳдати комил вобастагӣ дорад. Санади тақдирсози сулҳ роҳи ояндаи давлатро муайян намуда, бо вуҷуди монеа ва мушкилоти зиёд мо миллати тоҷик тавонистем зина ба зина ва собитқадамона пеш равем. Воқеан Ваҳдати миллӣ меваи истиқлолият аст. Вобаста ба ин Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле бамавқеъ қайд намуданд: « Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мо имконият фароҳам овард, ки ғояи ваҳдатро парчами миллат кунем ва ба бунёди ваҳдати воқеӣ ва бегазанду ҷовидона шурўъ намоем ».
Боиси ифтихори мост, ки таҷриба ва фарҳанги сулҳофарии тоҷиконро тамоми созмонҳои байналмиллалӣ ҳамчун падида ва намунаи нодир эътироф карда, дар кишварҳои гирифтори муқовимати шаҳрвандӣ мавриди омўзишу истифода қарор додаанд.
Ҳамдмёрони азиз!
Ҳаёти осудаҳолона ва фазои орому осудаи имрўзаи Ватан моро водор месозад, ки ба таърихи соҳибистиқлолии кишварамон назар андозему таърихи ба даст овардани Истиқлолият ва авзои сиёсии баъди онро варақгардон намоем ва пешрафти имрўзаи кишвари маҳбубамонро нисбати он солҳои душвор дар умқи диламон қиёс намоем.
Гарчанде истиқлолияти кишвари мо дар як муддати кўтоҳ ба даст омада буд, лекин бо чандин талошу заҳматҳои зиёди роҳбарияти имрўзаи олии сиёсӣ ва чандин музокироту гуфтушунид бо кишварҳо ва созмону ташкилотҳои бонуфузи ҷаҳонӣ мустаҳкам ва пойдору устувор гардид. Зеро баъди ба даст овардани соҳибистиқлолӣ авзои сиёсӣ дар кишвари мо ноором гардида, бовуҷуди коҳиш ёфтани иктисоди миллӣ ва фалаҷ гардидани сохти давлатдорӣ дар Тоҷикистон ҷанги мудҳиши шаҳрвандӣ аланга мезад, ки боз кишварамонро даҳсолаҳо қафо мепартофт. Дар муддати яку ним сол бо сабаби вазнинтар гардидани вазъият ва торафт шиддат гирифтани қувваи мухолифин чор раиси Шўрои Олӣ тарки мансаб намуданд.
Барои ҳамин мо бояд ҳамеша дар ёд дошта бошем, ки Иҷлосияи таърихии 16-уми Шўрои Олӣ оғозбахши марҳалаи нави давлатдорию давлатсозии навини миллати тоҷик ҳисоб меёбад. Зеро маҳз дар ҳамин Иҷлосия родмарди замону ҷаҳон муҳтарам Эмамалӣ Раҳмон аз ҷониби вакилони мардумӣ ба ҳайси Раиси Шўрои Олӣ интихоб гардида, рохи бозсозӣ ва музокироту гуфтушунидро бо усулу самти дигар пеша намуд.
Ин Иҷлосия бо максади баркарор намудани сохти конститутсионӣ моҳи ноябри соли 1992 дар шаҳри Хуҷанд даъват гардид ва дар назди вакилони халқ масъалаи ба тариқи осоиштагӣ ҳал намудани муноқишаҳои сиёсии тарафҳои даргир гузошта шуда буд.
Раиси тозаинтихоби Шўрои Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон савганд ёд намуд, ки: « … кори худро аз сулҳ оғоз хоҳам кард… Ман тарафдори давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёд мебошам. Мо ҳама бояд ёру бародар бошем то, ки вазъиятро ором намоем…». Ин садоқату самимиятро дар ҷараёни хизматҳояш дар назди халқу Ватан Эмомалӣ Раҳмон то ба имруз собит намуда истодааст.
Мо бояд рўзҳои мудҳиштарини ҷанги шаҳрвандиро ҳеҷ гоҳ фаромўш насозем, зеро дар он замон бо ноором будани вазъи сиёсӣ ҳатто имконият набуд, ки Иҷлосияи 16-уми Шўрои Олӣ дар пойтахти мамлакат баргузор гардад. Вале имрўз аз файзи Истиқлолият ва Ваҳдати миллӣ пойтахти азизиамон шаҳри Душанбе ба минбари баргузории чорабиниҳои сатҳи байналмилалӣ табдил ёфтааст, ки бо таҳким бахшидани сиёсати дохилию хориҷӣ ҷомеаи ҷаҳонӣ миллати моро ҳамчун миллати сулҳпарвар, Сарвари моро ҳамчун сарвари сулҳофар ва пойтахти кишвари азизи моро ҳамчун макони сулҳу оромӣ эътироф намудаанд.
Роҳбари давлат аз рўзи таъин гардидан ба мансаби раиси Шўрои Олӣ то имрўз ба Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон минҷумла, маркази маъмурии он шаҳри Хоруғ зиёда аз 57 маротиба сафари корӣ анҷом додаст, ки ҳар яки ин сафарҳо ба пешрафти иқтисодию иҷтимоии шаҳр ва беҳтар гардидани некўаҳволии мардум такони ҷиддӣ бахшидаанд.
Имсол низ сафари навбатии Президенти кишвар, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба маркази маъмурии вилоят дар назар дошта шудааст, ки зимни он ифтитоҳи чандин иншооти самти иҷтимоию иқтисодӣ аз ҷумла, мавриди баҳрабардорӣ қарор додани театри миллии хуштарҳу замонавӣ бо ҳазор ҷойи нишаст, бинои нави бонки амонатгузории «Амонатбонк», қисми аввали муассисаи таълимии №8 ва калонтарин маркази савдои шаҳри Хоруғ ба нақша гирифта шудааст. Инчунин гузоштани хишти аввал низ барои бунёди корхонаи саноатӣ, купруки мошингузари маҳаллаи Дашти поён ва майдончаҳои варзишӣ дар назар дошта шудааст.
Бояд хотинишон созам, ки имрўзҳо баҳри бо дастовардҳои арзанда истиқбол намудани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хоруғ сохтмони 74 адад иншооти гуногуни иқтисодию иҷтимоӣ идома доранд, ки қисмати онҳо аллакай мавриди ифтитоҳ қарор гирифта, то фарорасии ин ҷашни муқаддаси умумимиллӣ бояд ҳамаи онҳо ба истифода дода шаванд. Бо ифтихор бояд қайд намоям, ки шаҳри Хоруғ маҳз пас аз имзо гардидани Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ рушди ҳамаҷонибаи худро пайдо намуда, имрўз бо ба истифода додани биноҳои хуштарҳу замонавӣ ва ба стандарти меъморӣ мутобиқ, симои меъмории он куллан таъғир ёфтааст.
Кушода шудани роҳи Абрешим наинки шаҳри Хоруғ балки Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшонро аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳо намуда, бо ба истифода додани ин роҳи байналмилалӣ соҳаи бахши хусусӣ рушди воқеъии худро пайдо намуд ва рафту омади мо сокинон тавассути ин роҳ бо тамоми минтақаҳои кишвар ва ҳатто кишварҳои ҷаҳон осон гардидааст.
Имрўз бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон чор ҳадафи муҳими стратегӣ Истиқлолияти энергетикӣ, баровардани кишвар аз бунбасти коммуникатсионӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ ва саноатикунонии босуръати кишвар дар шаҳри Хоруғ бомаром амалӣ гардида истодаанд, ки бо ин омил дар ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқ пешрафту навгонӣ ворид гардида истодааст. Ҳамаи ин ободкориҳо моро водор месозад, Ваҳдату Истиқлолиятро таҳким бахшида ҳифз намоем, зеро бо устувору мустаҳкам гардидани ин ду дастоварди азим, ки ҳамчун ду боли як иқбол бароямон муқаддасанд, корҳои ободонию созандагӣ ва ҳадафҳои созандаи давлату ҳукуматро пиёда намоем.
Мардуми шарифи Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон минҷумла шаҳри Хоруғ низ дар таҳким бахшидани Ваҳдати комили миллӣ ва нигоҳ доштани сулҳу суботи имрўза нақш ва мақоми барҷаста доранд, зеро аз аввали солҳои соҳибистиқлолӣ мардуми вилоят дар зери сиёсати созандаи Роҳбари давлат муттаҳид гардида, дар ободии диёри худ аҳлона заҳмат кашида истодаанд.
Маҳз аз файзи Истиқлолияти давлатӣ ва Ваҳдати миллӣ бо даъвати Президенти мамлакат, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Пешвои исмоилиёни ҷаҳон Шоҳзода Карим Оғохони 4 ба Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон ташриф
оварда, ҷамоати исмоилии Тоҷикистон имконият пайдо намуд, ки аз дидори Пешвои мазҳабии худ бархўрдор гардад ва орзую ормони чандинасраи аҷдодони худро амалӣ созад. Даъвати Волоҳазрат Оғохони 4 ба Бадахшон яке аз наҷибтарин хизматҳои арзандаи Пешвои миллат барои исмоилиёни вилоятамон маҳсуб меёбад. Боиси ифтихор аст, ки имрўз ҳамкории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Фонди Оғохон дар сатҳи зарурӣ пиёда гардида, шабакаҳои Оғохон баҳри бетарсозии вазъи иқтисодию иҷтимоии наинки вилояти Бадахшон балки тамоми минтақаҳои кишвар ҳамчун шарикони рушд аз ҷониби давлату ҳукумат эътироф гардидаанд.
Дўстони азиз!
Мояи ифтихор аст, ки бо пешниҳоди Пешвои муаззами миллат ду маротиба яъне 13-солагӣ ва 19-умин солгарди Рўзи Ваҳдати миллӣ маҳз дар шаҳри Хоруғ таҷлил гардид.
Ҳамаи мо хуб дар ёд дорем, ки соли 2016 барои мо сокинони шаҳри Хоруғ соли ваҳдатофарию ваҳдатсароӣ буд, зеро бо Пешниҳоди Ҷаноби Олӣ таҷлили 19-солагии Ваҳдати миллӣ дар маркази маъмурии вилоят эълон гардида, то ин ҷашн зиёда аз даҳ чорабиниҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ дар диёри мо баргузор карда шуданд. Яке аз чунин чорабиниҳо, ки ба таҳкими Ваҳдати миллӣ ва дўстию бародарии мардуми минтақаҳои кишвар боис гардид, ин баргузории Рўзҳои фарҳангии вилоятҳои Суғду Хатлон дар Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон буд. Зимни баргузории ин чорабинҳо зиёда аз 500 нафар ҳамватанони суғдию хатлониамон вориди шаҳри Хоруғ гардиданд ва аз маконҳои таърихию сайёҳии шаҳрамон дидан намуда, бо урфу одат ва анъанаҳои неки хос ба тоҷикони Бадахшон шиносоӣ пайдо намуданд. Ҷолибияти ин чорабиниҳо дар он буд, ки мардуми меҳмоннавози шаҳри Хоруғ меҳмононро на дар меҳмонхона балки дар хонаҳои истиқоматии худ ҷой доданд, ки ин аз самимият ва меҳмондустии мардуми мо шаҳодат медиҳад.
Сарвари давлат зимни ҷамъбасти тантанаҳои идона, ки 27 июни соли 2016 дар варзишгоҳи марказии шаҳри Хоруғ доир гардиданд, нисбати меҳмондорию меҳмонавозии сокинони шаҳри Хоруғ аҳсан таҳсину офарин хонданд, ки ин боиси ифтихори беандозаи мардуми шарафманди шаҳри Хоруғ гардид.
Боиси хушнудист, ки дар идомаи ин чорабиниҳо соли 2017 бо пешниҳоди Пешвои миллат рўзҳои фарҳангии Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон дар вилояти Суғд ва соли 2018 дар вилояти Хатлон баргузор гардиданд, ки бо ин иқдомот Ваҳдати миллӣ, якмаромию якпорчагӣ ва дустию рафоқати мардуми тамоми минтақаҳои кишвари маҳбубамон таҳкиму тақвият ёфтааст.
Ҳамаи ин омилҳо моро водор месозанд, ки минбад худро бадахшонию хатлонӣ ва суғдию раштонӣ нашуморем, балки ҳамчун як тоҷики асил аз як гиребон сар бароварда бо муттаҳидию сулҳпарастӣ дар ободии Ватани худ талош намоем, зеро кишвари мо маҳз бо сарҷамъии миллат баъд аз ба имзо расидани Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба марҳалаи рушди устувор ворид гардида, имрўз дар байни кишварҳои ҷаҳон ҳамчун кишвари рў ба тараққӣ эътироф гардидааст.
Ба ҳамагон маълум аст, ки охири моҳи декабри соли 2019 дар ҷаҳон бемории нав, ки онро бемории аср ном мебаранд яъне коронавирус КОВИД-19 пайдо гардид, ки боиси таъсири манфӣ ба солимии башарият ва коҳиш додани иқтисоди кишварҳои ҷаҳон гардидааст.
Мутаасифона баъди се моҳи сар задани ин беморӣ дар кишвари мо ҳам сироятёбӣ ба ин вабои
аср ба қайд гирифта шуда, боиси нигаронии мардуми мо гардида буд. Лекин мо миллати тоҷик тавонистем, бо муттаҳидию сарҷамъӣ, бо ба роҳ мондани ҳамкории судманди сохторҳои давлатӣ бо бахши хусусӣ, шарикони рушд ва ҷомеаи шаҳрвандӣ хуруҷи ин бемориро коҳиш диҳем. Натиҷаи ин ҳамкориҳо боиси кам гардидани таъсири ин вабои аср ба миллат ва иқтисоди миллӣ гардида, бартарафсозии таъсир ва хуруҷи он аз ваҳдату якпорчагии миллати боору нанги мо дарак медиҳад.
Бигузор, минбаъд низ баҳри амалӣ намудани ҳдафҳои созандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вусъат додани корҳои ободонию созандагӣ аҳлонаву сарҷамъона кўшиш намоем, зеро Ваҳдати миллӣ на танҳо асоси оромию осудагии халқ, балки кафолати инкишофи давлат ва рушди ҳамаҷонибаи ҷомеа мебошад.
Барои ин бояд ҳар як шахси ватанпарвару сулҳхоҳ дар замири худ эҳсоси наҷиби ваҳдатро парвариш ва барои таҳкими он ҳамчун арзиши нодир ва азизи миллӣ кўшишу талош намояд.
Бигузор, ваҳдати тоҷикон, ки имрўз таҳкиму тақвият ёфтааст, пойдору устувор ва ҷовидонӣ бошад!
Бигузор Тоҷикистон, ки Ватан ва умедгоҳи тамоми тоҷикони дунёст, чун имрўз дар роҳи пешрафту тараққиёт раҳсипор бошад.
Бо ин ниятҳои нек ҳамаи Шумо ҳамдиёрони азиз ва дар симоятон тамоми мардуми фарҳангсолору бостонии тоҷикро ба муносибати 23-юмин солгарди Ваҳдати миллӣ табрику шодбош гуфта, ба мардуми шариф ва сабаланди тоҷик рўзгор обод ва тамоми хушиҳои ҳаётро таманно дорам.
Рўзи Ваҳдати миллӣ ва эҳёи давлатдории навини тоҷикон муборак, ҳамдиёрони азиз