Имрӯз, 31 май бо ташаббус ва дастгирии раиси шаҳри Хоруғ Кишвар Шамирӣ барои кӯдакони ниёзманд ва ятиму бепарастори шаҳр кӯмаки моддиву маблағӣ расонида шуд.
Дар ибтидо К. Шамирӣ ҳозиринро ба муносибати Рӯзи умумиҷаҳонии ҳифзи кӯдакон табрик намуда, сипас бо онҳо мулоқоти озоду самимӣ доир кард.
Ба таъкиди раиси шаҳр наслҳои имрӯзу фардо бояд тамоми саъю кӯшишҳоро баҳри аз худ намудани дониши баланд, илмҳои замонавӣ, нишон додани ахлоқу маърифати шоиста равона намоянд ва дар ҷараёни зиндагӣ ҳаргиз худро бекасу танҳо эҳсос накунанд.
“Фарзандони азизам, нахуст Шумо аз ҳарвақта бештар бояд воқиф бошед, ки мавриди таваҷҷуҳи ҳамешагии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, хоса Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, роҳбарият ва мақомоти ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва шаҳри Хоруғ ҳастед. Бинобар ин, аз шумо танҳо хониши аъло, рафтори намунавӣ, ҳифзи нангу номус ва содиқ будан ба Ватан – модарро талаб дорем. Агар аз паи ин рисолатҳои ҷавонмардӣ шавед, дар зиндагиатон ҳаргиз ноком нагашта, ба қуллаҳои баланди мурод мерасед” – афзуд Кишвар Шамирӣ.
Дар интиҳо кӯдакон дар навбати худ баҳри дастгирии пайваста ба Роҳбарияти олии мамлакат ва раиси шаҳр аз самими қалб миннатдорӣ баён карда, ваъда доданд, ки давоми таҳсил дар макотиб бо натиҷаҳои баланду ахлоқи намунавӣ таҳсил намуда, дар оянда Парчамбардорони давлату миллат хоҳанд шуд.
Хадамоти матбуоти
МҲД – и шаҳри Хоруғ