Бино ба иттилои манбаъ, «17-уми августи соли 2020, аз тарафи кормандони КДАМ ҶТ ҳангоми гирифтани пора ба миқдори махсусан калон, мутахассиси пешбари Раёсати назорати субъектҳои хоҷагидорӣ, сармоягузорӣ ва қарзҳои давлатии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон полковник Маҳмадзода Ҷонибек Бек, соли таваллудаш 1972, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе дастгир карда шуд».
Вобаста ба ҳолати мазкур нисбати Маҳмадзода Ҷ.Б. парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишоти пешакӣ идома дорад.