Имрӯз, 1 – уми июн баъди ба истифода додани Маркази фароғатии кӯдаконаи “Аладдин” раиси шаҳри Хоруғ Кишвар Шамирӣ дар чорбинии идона, ки ба ифтихори Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон дар Боғи фарҳангӣ - фароғатии шаҳр гузашт, ширкат намуд.
Дар чорабинии идона инчунин муовинони раис, роҳбари дастгоҳи раиси шаҳр, масъулину кормандони Мақомоти ҳокимияти давлатии шаҳр ва сокинони ВМКБ ҳузур доштанд.
Дар аснои суханронӣ Кишвар Шамирӣ ҳозиринро ба муносибати ид табрику шодбош намуда, азҷумла кайд кард, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ибтидои соҳибистиқлолии кишвар баҳри нигоҳубин, тарбия, рушду ҳифзи саломатии кӯдакон ва ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои онҳо пайваста ғамхорӣ зоҳир менамояд ва дар ин бобат як қатор барномаҳои муҳимро пиёда сохтааст, ки давра ба давра амалӣ мешаванд.
Сипас барномаи консертӣ аз тарафи ҳофизони беҳтарини вилояту шаҳр пешкаши иштирокдорон гашт.
Хадамоти матбуоти
МҲД – и шаҳри Хоруғ