НОМАИ ТАБРИКОТИИ РАИСИ ШАҲРИ ХОРУҒ КИШВАР ШАМИРӢ

                 НОМАИ ТАБРИКОТИИ РАИСИ ШАҲРИ  ХОРУҒ КИШВАР ШАМИРӢ  БАХШИДА БА РӮЗИ КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН.

         Хамватанони азиз, бо самимият  ва эҳтироми хос Шуморо  ба муносибати 26-умин солгарди   Коститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон- бахтномаи мардуми сарбаланди кишвар  табрику муборакбод намуда, ба тамоми мардуми тоҷик рўзгори тинҷу осоишта ва пирўзиҳо таманно менамоям.

      Рўзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳуҷҷати муҳиму сарнавиштсоз, баҳамоиву оштии миллӣ, сулҳу суботи комил, асоси рушди ҳамаи самтҳои ҷомеа дар таърихи навини  давлати соҳибистиқлоламон мебошад.

         Маҳз 26 сол қабл, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар марҳалаи ниҳоят ҳассоси таърихӣ, аз тариқи раъйпурсии умумихалқӣ бо иродаи кулли мардуми тоҷик қабул гардида, ба ҳифзи Истиқлолият ва муайян намудани пояҳо ва аркони  давлату давлатдории навини тоҷикон нақши ҳалкунандаро бозид.

         Ин санади муқаддас, ки истиқлолияти давлатии Тоҷикистонро  ба расмият даровард, орзую ормони мардуми сарбаланду баруманди моро амалӣ сохта, роҳи ояндаи миллати фарҳангпарварро ба сўи бунёди ҷомеаи нав ва таҳкими пояҳои давлатдории муосир мунаввар мегардонад ва низоми ҳаёти  ҷомеаи нави  Тоҷикистонро муайян намуда, ба сулҳу субот ва Ваҳдати миллӣ  дар мамлакатамон асоси боэътимод гузошт.

         Нақши таърихии Конститутсия, пеш аз ҳам дар он мебошад, ки аз нахустрўзҳои истиқлолият  мардуми  Тоҷикистон ҳамчун баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи  ҳокимияти давлатӣ сарнавишти худро  маҳз тибқи муқаррароти ҳамин  ҳуҷҷати тақдирсоз муайян  намуда, самтҳои тараққӣёти ҳамаи соҳаҳои зиндагиро мушаххас гардонид.

         Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хеле бамаврид қайд намудаст, ки «Конститутсияи мо ба мисли чароғи раҳнамоест, ки ҷомеаро ба ояндаи нек раҳнамун месозад. Он меҳварест,  ки тамоми нерўҳои созандаи кишварро дар рўҳияи  эҳтиром ба қонун муттаҳид менамояд». Оре, ин бахтномаи миллати тоҷик  имрўз чун чароғи  раҳнамои ҷомеа, маҳаки волоияти қонун ва асоси ҷомеаи навбунёди мо мебошад.

Бо ташаббуси  сиёсати оқилона ва хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат, инчунин бо шарофати пуштибонии самимона ва заҳмати софдилонаи  мардуми кишвар  ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муяссар гашт, ки пас аз қабули Конститутсия аз соли 1994  инҷониб  ҳалли масъалаҳои  иқтисодиву иҷтимоӣ  ва мунтазам баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ  дар доираи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ,  барномаву стратегияҳои  милливу соҳавӣ, рўйи кор оянд.

Дар Конститутсия зикр мегардад, ки  ҳадафи асосӣ ва ниҳоии давлат ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, фароҳам овардани шароит барои  гуногунандешӣ, озодии сухан ва фаъолияти озодии иқтисодӣ мебошад.

Ҳар як шаҳрванди кишвари мо набояд, аз гузаштаи начандон дури худ фаромўш  созад, зеро қабули Конститутсия барои кишвари  соҳибистиқлоли мо, ки дучори ҷанги шаҳрвандӣ гардида буд, роҳи пойдори қонуну  риояи ҳуқуқи инсонро ба фардои ободу озод ва дурахшони Ватан боз кард ва имрўз ин сарзамини пурасрори мо,  яъне Тоҷикистон дар ҷаҳон яке аз давлатҳои  орому осуда ба шумор меравад.

Тоҷикистони мо ҳамчун давлати  демокративу ҳуқуқбунёд ва дунявӣ пайваста барои озоди ва ободии миллати соҳибтамаддуни тоҷик барномаҳои гуногуни давлатиро таҳия ва амалӣ менамояд. Тавассути чунин барномаҳо соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии мамлакат тараққӣ карда, тамоми шаҳру навои мамлакати мо  сол ба сол ободу зебо гардида истодаст.

Аз ҷумла, шаҳри Хоруғ, ки маркази маъмурии Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон ба шумор меравад, бо қомат афрохтани биноҳои баландошёна ва замонавӣ,театри миллӣ дар шаҳри Хоруғ, майдончаҳои варзишӣ ва кўдакона ва чандин иншоотҳои  дигаре, ки имсол бо иштироки бевоситаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ- Пешвои муаззами миллат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳ гардиданд   ба яке аз шаҳрҳои афсонави мубаддал гардида истодааст. Итминони комил дорем, мардуми сарбаланди мо боз ҳам муттаҳид ва бо ҷонибдорӣ  аз сиёсати Роҳбарияти Олии мамлакат барои фардои дурахшони Ватани аҷдоди кушишу заҳматҳои  зиёде хоҳанд намуд.

Эҳтиром  ба риояи меъёрҳои Конститутсия ва  талаботи қонун, таъмини волоияти қонуну тартиботи  ҳуқуқӣ нишонаи беҳтарини  ҷомеаи соҳибфарҳангу  масъулиятшинос буда, дар навбати худ шарти муҳимтарини  оромиву осоиш, сулҳу амонӣ ва пешрафти   ҳамаи соҳаҳои  ҳаёти ҷомеа ва давлат, инчунин зиндагии босаодати ҳар як сокини мамлакат мебошад.

Кайд кардан ба маврид аст, ки 26 солагии рўзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ҷашни мубораки миллӣ ба густариши бештари худогоҳиву худшиносӣ, ҳисси ватандустиву ватанпарастӣ ва ифтихори ватандории ҳар як  фарди бо нангу  номуси Тоҷикистони соҳибистиқлол  нерўи тоза мебахшад.

Бори дигар дар ин лаҳзаҳои пур аз шодиву фараҳ  ба муносибати 26-умин солгарди бахтномаи миллат, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми мардуми шаҳри Хоруғро табрику муборакбод намуда, бароятон саломатӣ, рўзгори орому осуда, зиндагии шоиста  ва сарфарозиву иқболи баланд таманно менамоям.

РӯЗИ Конститутсия муборак, ҳамдиёрони азиз!

Роҳбарият ва масъулини макомоти иҷроия

Раиси шаҳри Хоруғ
Шамирӣ Кишвар Ғуломрасул
Роҳбари дастгоҳи раиси шаҳри Хоруғ
Имомназаров Соибҷон Сотволҷонович
Муовини якуми раиси шаҳри Хоруғ
Бурибекзода Зуробек Худобахш
Муовини раиси шаҳри Хоруғ
Мавлобахшзода Райҳонбегим Имумназар
Муовини раиси шаҳри Хоруғ
Қодиров Файзулло Назархудоевич
Мудири Шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгоҳи раиси шаҳри Хоруғ
Раматшоев Ризо Ақризобекович
Мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси шаҳри Хоруғ
Акрамов Анвар Ширинҷонович
Мудири Шуъбаи умумӣ, назорат ва муроҷиати шаҳрвандони дастгоҳи раиси шаҳри Хоруғ
Олифтаева Сафина Алидустовна
Мудири Шуъбаи кор бо маҳаллаҳои дастгоҳи раиси шаҳри Хоруғ
Наврузмамадов Наврузмамад Диллоевич
Мудири бахши ҳифзи иҷтимоии аҳолии шаҳри Хоруғ
Додихудоев Мавлобахш Имомидинович
мудири бахши рушди иқтисод ва савдои шаҳри Хоруғ
Қурбоншоев Сафар Манзаршоевич
Сардори раёсати молияи шаҳри Хоруғ
Имронов Насратшо Туроншоевич
Мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Хоруғ
Имомёрбеков Имомёрбек Гулёрбекович
Мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи шаҳри Хоруғ
Донаёрова Сабоҳат
Мудири бахши маъморӣ ва шаҳрсозии шаҳри Хоруғ
Ғоибназаров Алишер Пайравович

Райпурсӣ

Оё сомона ба Шумо писанд омад?

Қурби асъор