Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шӯрои Сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай иштирок намуданд

ДУШАНБЕ, 10.11.2020 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шӯрои Сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай, ки тариқи видеоконференсия баргузор гардид, иштирок ва суханронӣ намуданд.

Дар кори ҷаласа ҳамчунин Сарвазири Ҷумҳурии Ҳиндустон Нарендра Моди, Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев, Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин, иҷрокунандаи вазифаи Президент, Сарвазири Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров, Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Имрон Хон, Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин, Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев, Раисҷумҳури Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Муҳаммад Ашраф Ғанӣ, Сарвазири Ҷумҳурии Беларус Роман Головченко, Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Ҳасани Рӯҳонӣ, Президенти Муғулистон Халтмаалгийн Баттулга ва Дабири кулли Созмони ҳамкории Шанхай Владимир Норов иштирок намуданд.

Дар ҳошияи ҷаласа муроҷиати видеоии Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гутерриш интишор гардид.

Дар ҷаласаи навбатии Шӯрои Сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай, ки тариқи видеоконференсия таҳти раёсати Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин баргузор гардид, ҳолат ва дурнамои рушди муносибатҳои давлатҳо дар доираи Созмони ҳамкории Шанхай ва масъалаҳои умдаи марбут ба вазъи кунунии минтақа ва ҷаҳон мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Зимни суханронӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз тадбирҳои ҷониби Россия дар давраи раёсат дар Созмони ҳамкории Шанхай ёдовар шуда, таъкид намуданд ки ҷониби Тоҷикистон низ дар давраи раёсати худ дар Созмони ҳамкории Шанхай дар соли 2021 тамоми тадбирҳоро амалӣ менамояд, ки ҳамкории байнидавлатӣ дар доираи созмон ба марҳилаи наву босифат ворид гардида, чорабиниҳои нақшавии ин созмон, аз ҷумла ҷаласаи ҷашнии Созмони ҳамкории Шанхай дар шаҳри Душанбе дар сатҳи баланд ташкил ва баргузор карда шавад.

Тавре таъкид карда шуд, ҷаласаи кунунии Шӯрои Сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай дар даврае баргузор мегардад, ки минтақа ва ҷаҳонро паҳншавии бемории сироятии коронавируси COVID-19 фаро гирифта, ба вазъи иҷтимоиву иқтисодӣ ва молиявии аксари кишварҳои ҷаҳон, ҳамчунин ба ҷараёни рушди муносибатҳои байнидавлатии давлатҳои аъзо дар соҳаҳои мухталифи ҳамкорӣ таъсири манфӣ мерасонад.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бо назардошти таъсири хатарҳои пешгӯйинашавандаи ин беморӣ ба иқтисодиёти давлатҳои минтақа ва ҷаҳон, зарурати рушди ҳамкориҳои байнидавлатиро дар соҳаҳои тиҷорату иқтисод, аз ҷумла саноат, энергетика, нақлиёт, молия ва бонкдорӣ, илму маориф, тандурустӣ, фарҳанг, сайёҳӣ, ҷавонон ва варзиш таъкид намуда, таваҷҷуҳи роҳбарони давлатҳои аъзои созмонро ба зарурати дарёфти роҳу усулҳои нави ҳамкориҳо дар ин соҳаҳо, ҳамчунин муборизаи беамон бар зидди зуҳуроти номатлуби терроризму экстремизм, ҷиноятҳои муташаккили фаромилӣ, бахусус гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва киберҷинояткорӣ, инчунин мусоидат ба татбиқи ташаббусҳои бузурги Тоҷикистон дар соҳаи обу экология ва дастгирию ҷонибдорӣ аз онҳо ҷалб намуданд.

Бо дарназардошти хатари афзояндаи гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, ки яке аз манбаҳои маблағгузории терроризму экстремизми байналмилалӣ ба ҳисоб мераванд ва афзоиши офатҳои табиӣ бар асари тағйирёбии босуръати иқлими сайёра ва таъсири инсон ба табиат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқдомҳои ҷониби Тоҷикистонро ҷиҳати дар шаҳри Душанбе таъсис додани Маркази доимамалкунадаи зиддимуходиротии Созмони ҳамкории Шанхай ва Фонди байналмилалии ҳифзи пиряхҳо дар доираи Рӯзномаи байналмилалии об бори дигар таъкид намуда, дар хусуси дастгирии онҳо аз ҷониби шарикони Тоҷикистон даъват ба амал оварданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин доир ба вазъи кунунии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва мусоидати давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай дар таъмини сулҳу субот ва рушди иқтисодию иҷтимоии ин давлат, ҳамчунин тақвияти ҳамгироии созмон бо ташкилоту созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ, бахусус СММ фикру мулоҳизаҳои судманд баён доштанд.

Дар ҷаласаи Шӯрои Сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай Баёнияи Москва ва силсилаи ҳуҷҷатҳои марбут ба ҳамкориҳои ояндаи кишварҳои аъзо қабул гардиданд.

Бо ҳамин ҷаласаи Шӯрои Сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай, ки тариқи видеоконференсия баргузор гардид, анҷом ёфт ва раёсат дар Созмони ҳамкории Шанхай аз Федератсияи Россия ба ҷониби Тоҷикистон гузашт. Тибқи нақша, ҷаласаи ҷашнии Шӯрои Сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай, ки ба 20-солагии таъсисёбии ин созмон рост меояд, соли 2021 дар пойтахти Тоҷикистон шаҳри Душанбе баргузор мегардад.

  •  
  • Навори аз инҷо бинед

https://www.facebook.com/abdumanovabdusalom/posts/372218584093965

Роҳбарият ва масъулини макомоти иҷроия

Раиси шаҳри Хоруғ
Шамирӣ Кишвар Ғуломрасул
Роҳбари дастгоҳи раиси шаҳри Хоруғ
Имомназаров Соибҷон Сотволҷонович
Муовини якуми раиси шаҳри Хоруғ
Бурибекзода Зуробек Худобахш
Муовини раиси шаҳри Хоруғ
Мавлобахшзода Райҳонбегим Имумназар
Муовини раиси шаҳри Хоруғ
Қодиров Файзулло Назархудоевич
Мудири Шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгоҳи раиси шаҳри Хоруғ
Раматшоев Ризо Ақризобекович
Мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси шаҳри Хоруғ
Акрамов Анвар Ширинҷонович
Мудири Шуъбаи умумӣ, назорат ва муроҷиати шаҳрвандони дастгоҳи раиси шаҳри Хоруғ
Олифтаева Сафина Алидустовна
Мудири Шуъбаи кор бо маҳаллаҳои дастгоҳи раиси шаҳри Хоруғ
Наврузмамадов Наврузмамад Диллоевич
Мудири бахши ҳифзи иҷтимоии аҳолии шаҳри Хоруғ
Додихудоев Мавлобахш Имомидинович
мудири бахши рушди иқтисод ва савдои шаҳри Хоруғ
Қурбоншоев Сафар Манзаршоевич
Сардори раёсати молияи шаҳри Хоруғ
Имронов Насратшо Туроншоевич
Мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Хоруғ
Имомёрбеков Имомёрбек Гулёрбекович
Мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи шаҳри Хоруғ
Донаёрова Сабоҳат
Мудири бахши маъморӣ ва шаҳрсозии шаҳри Хоруғ
Ғоибназаров Алишер Пайравович

Райпурсӣ

Оё сомона ба Шумо писанд омад?

Қурби асъор