Хамдиёрони азиз!
Имрӯзҳо мардуми бостонию ориёитабори тоҷик дар арафаи таҷлили яке аз ҷашнҳои умумимиллӣ Рӯзи Парчами давлатии ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад.
Бинобар ин, Шумо ва дар шахсияти Шумо тамоми мардуми сарбаланди шаҳри Хоруғро ба муносибати Рўзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрику шодбош намуда, бароятон саломативу иқболи нек ва дар фаъолияти ҳаррӯзаатон муваффақияту комёбиҳоро орзумандам.
Парчами миллӣ нишони мустақилияту соҳибзафарӣ, рамзи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, дӯстиву бародарии тамоми миллатҳои сокини кишвари озодамон, нишони куҳанбунёдии миллати тоҷик ба ҳисоб рафта, аломати соҳибватан будани ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ ва тоҷикони тамоми дунё мебошад.
Таърихи қабул гардидани Парчам бароямон маълум аст, ки лоиҳаи Парчами давлатӣ, ки таҷҷассумгари таърих, фарҳанг ва арзишҳои миллии халқамон мебошад, 24 ноябри соли 1992 дар Иҷлосияи тақдирбахши 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанди бостонӣ бо сарварии раиси тозаинтихоби Шӯрои Олии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби вакилони халқ якдилона қабул гардид. Ифтихор аз он дорем, ки миллати боору нанг ва сулҳхоҳи тоҷик, дорои таърих ва суннатҳои қадимаи давлатсозиву давлатдорӣ буда, аз давронҳои бостонӣ соҳ иби давлатҳои мутамарказ ва рамзу рукнҳои худ будааст.
Парчами миллии мо дар замони соҳибистиқлолии кишвар мазмун ва мундариҷаи таърихии худро нигоҳ дошта, имрӯз ҳамчун баёнгари орзуву ормони аҷдоди парчамсозу парчамдори мо соҳиби эҳтироми хоса мебошад. Воқеан ҳам Парчами Тоҷикистони соҳибистиқлол мояи ифтихор ва сарфарозии ҳар як шаҳрванди худшиносу худогоҳ ва ватандӯсту ватанпарасти мамлакат ба ҳисоб рафта, 24-уми ноябри ҳ ар сол Рӯзи Парчам бо камоли ифтихору эҳтиром нисбат ба ин рамзи муқаддаси давлати соҳибистиқлоламон таҷлил мегардад.
Мояи ифтихори бузург аст, ки соли 2016 зимни ташрифи Асосгузори сулҳ у Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳ урии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Хоруғ падидаи нодире дар ҳаёти сиёсии сокинони шаҳ р ба вуқӯъ пайваст, зеро бори нахуст дар шаҳрамон бо иқдоми неки Ҳукумати Ҷумҳ урии Тоҷикистон Парчами давлатӣ, дар баландии 35 метр парафшон гардид. Қомат афрохтани Парчами давлатӣ бо чунин баландӣ, ки дар ҳамаи минтақаҳ ои кишварамон бунёд гардида истодаанд, мо тоҷиконро водор месозад, ки худро бадахшониву хатлонӣ ва зарафшониву раштонӣ нашуморем, балки дар зери ин Парчам, ки муттаҳидӣ ва якмаромии мо тоҷиконро ифода менамояд, аз як гиребон сар бароварда, эътиқод ҳосил намоем, ки ҳамаи мо як миллат, як фарҳанг, ва як Ватан дорем, ки номи муқаддаси он Тоҷикистон аст. Зеро дар Парчами кишвари мо даъват ба иттиҳоду сарҷамъӣ, нангу номус, ватандӯстиву ватанпарварӣ, ҳимояи марзу бум, саъю талош барои бунёди ҷомеаи адолатпарвар ва башардӯстии миллати мо таҷассум ёфтааст.
Муносибати самимона бо Парчам ва дӯст доштани он таҷассумгари бедории аҳ ли ҷомеа мебошад. Яъне ҳ ар як фарди ватанро зарур аст, ки маъно ва мӯҳтавои Парчами миллиро амиқан дарк намуда, бо заҳмати софдилона ва саъю талоши ватандӯстона ҷиҳати ободии сарзамини аҷдодиамон, таҳкими иқтидори иқтисодии давлати соҳибихтиёрамон ва парафшонии парчами он саҳмгузорӣ намояд.
Маҳз дар зери Парчам сиёсати бунёдкоронаи Ҳукумати кишвар ба хотири баланд бардоштани сифати зиндагии мардум дар ҷомеаи озоди демократӣ ва ҳ уқуқбунёду дунявӣ пеш меравад. Барои ҳамин ҳамасола эҳсос менамоем, ки зимни сафарҳои кории Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои мииллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба минтақаҳои гуногуни мамлакат Парчами давлатӣ ботантана барафрохта мешавад, ки ин омил аз арҷ гузоштани роҳбарияти олии сиёсии кишвар ба рамзҳои давлатдорӣ гувоҳӣ медиҳ ад.
Боиси ифтихори мо тоҷикон аст, ки маҳз дар солҳои соҳибистиқлолии кишвар дар қатори Парчами давлатҳои дигар Парчами тоҷиконро низ варзишгарони номии тоҷик дар арсаи байналмиллалӣ баланд бардоштанд ва боиси фараҳмандии мост, ки варзишгари шаҳри Хоруғ Шакармамад Мирмамадов ҷоизадори бозиҳои тобистонаи Осиё аз намуди гуштини дзюдо гардида, варзишгари дигари Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон дар чемпионати ҷаҳонӣ аз намуди гуштини самбо Хушқадам Хусравов чемпиони ҷаҳон гардид.
Шараф ба Парчамбардорони тоҷик !
Ҳ амдиёрони азиз!
Бо ифтихори миллӣ мехоҳам иброз намоям, ки эҳтиром ва арҷ гузоштан ба Парчами давлатӣ ва расидан ба қадри он вазифаи ҳар як шаҳрванд ва қарзи ватандории ӯ ба ҳисоб меравад. Вазифаи виҷдонии мо аст, ки давлату давлатдории хешро, ки ҳамчун масъулият ва қаҳрамонӣ аз шоҳкориҳои ниёгонамон ба мо мерос мондааст, тақвияту таҳким бахшем ва муқаддас доштани таъриху фарҳанг, муқаддасоту арзишҳои миллӣ ва ваҳдату истиқлолро дар мамлакат устувору пойдор намуда, манфиатҳ ои шаҳрсозиву шаҳрдорӣ ва ободиву созандагиро мароми ягонаи хеш ихтиёр намоем.
Итминони комил дорам, ки минбаъд низ ҳар як сокини бонангу номус ва ватандӯсту ватанпарвари шаҳри Хоруғ аз Парчами миллии худ ифтихор менамояд, эҳтироми онро ҳамчун рамзи давлату давлатдорӣ, озодиву Истиқлоли Ватан ва ҳ амчун сарвати гаронбаҳ ои умумимиллӣ ба ҷо оварда, қадру манзалат ва нақшу эътибори онро ба наслҳои имрӯзу оянда талқин менамояд.
Бо чунин ниятҳои нек хурду бузурги шаҳри Хоруғро ба муносибати Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз номи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳ окимияти давлатии шаҳри Хоруғ ва шахсан аз номи худам табрику шодбош гуфта, рӯзгори ободу осоиштаро ба ҳамаи сокинони шарафманди шаҳри Хоруғ ва кулли тоҷикистониён таманно менамоям.
Бигзор, меҳру муҳаббати мо ба Парчами миллӣ, ки рамзи воқеии эътиқоду имон ба давлату миллат, сарзамин ва тамаддуну фарҳанг аст, беш аз пеш афзун гардад ва то абад парафшон бошад!
Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳумоюн бод, ҳамватанони азиз!