Дар асоси нақша чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ вохӯрии и.в раиси шаҳри Хоруғ бо сокинони маҳаллаҳои шаҳри Хоруғ доир гардид истодаст. Чунин вохӯриҳо аз махаллаи Тем сар карда, маҳаллаи Фурудгоҳ, дашти Поён ва дигар маҳаллаҳо баргузор гардида истодааст..
Ҳафтаи ҷори иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Хоруғ Мирзонабот Алишер Худоберди бо сокинони маҳаллаҳои Сайфулло Абдулло, марказӣ ва Хичордев вохӯриҳои навбатиро доир намуд.
Ҳадаф аз баргузории чунин вохӯриҳо шиносоӣ бо сатҳи зиндагии мардум ва мусоидат намудан дар бартарафсозии мушкилоти ҷойдоштаи халқ мебошад.
Дар идомаи вохӯриҳо сокинон таклифу дархостҳои худро пешниҳод намуда , аз ҷониби иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳр ва гуруҳи корӣ посухҳои мушаххас гирифтанд.
Дар охири вохӯриҳо Мирзонабот Алишер иброз намуданд, ки кӯшиш менамоем мушкилоти ҷойдоштаи маҳаллаҳоро марҳала ба марҳала бо дастгирии мақомоти болоӣ ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳаллу фасл менамоем.
Инчунин, қайд дошт, ки соли оянда мардуми шарифи кишвар ҷашни бузурги умумимиллӣ 30-солагии Истиқлолияти давлатии Чумҳурии Тоҷикистон ҷашн мегиранд.
Вобаста ба ин сокинонро ба ободу зебо намудани хонаву ҳавлӣ ва кӯчаву маҳаллаҳои шаҳр даъват намуда, қайд дошт, ки ҳамаи мо бояд дар вусъат додани корҳои ободонию созандагӣ саҳмгузор бошем.
Чунин вохӯриҳо тибқи нақша чорабинии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ дар дигар маҳаллаҳои шаҳр низ баргузор мегарданд