Ба муносибати Рӯзи кормандони хоҷагии манзилию коммуналӣ ( 3 – юми июн) дар шаҳраки Исмоили Сомонии маркази ВМКБ бо ширкати роҳбари дастгоҳи раиси шаҳри Хоруғ Соҳибҷон Имомназаров, муовини якуми раиси шаҳр Зуробек Бурибекзода ва кормандони мақомоти ҳокимияти давлатии шаҳр чорабинии идона баргузор гардид.
Дар он зиёда аз ҳашт нафар кормандони хоҷагии манзилию коммуналии шаҳр баҳри нишон додани маҳорати баланд дар иҷрои вазифаҳои хизматӣ, гузоштани саҳми арзанда дар вусъатбахшии корҳои ободонию созандагӣ ба муносибати рӯзи касбиашон аз тарафи раиси шаҳри Хоруғ Кишвар Шамирӣ бо сипосномаю ифтихорнома ва мукофотпулӣ сарафроз шуданд.
К. Шамирӣ дар шахсияти кормандони хоҷагии манзилию коммуналии шаҳри Хоруғ ҳамаи коргарони ин соҳаро дар саросари мамлакат самимона табрик намуда гуфт, ки дар ҳамаи минтақаҳои кишвари маҳбубамон корҳои ободонию созандагӣ, хуррамгардониву кабудизоркунӣ ҷараён дошта, дар вусъат доштани ин ободкориҳо маҳз саҳми кормандони хоҷагии манзилию коммуналӣ бағоят бузург аст:
“Мехоҳам хотирнишон созам, ки ҳамагон ҳамарӯза ба кори Шумо таваҷҷуҳ зоҳир намуда, дар соҳае ки фаъолият доред, аҳолӣ ба ҳама гуна хизматрасониҳоятон беш аз пеш ниёз доранд”- илова кард раиси шаҳр.
Хадамоти матбуоти
МҲД – и шаҳри Хоруғ