Бибиноз Мирзоева яке аз бонувони фаъоли маҳаллаи Сайфулло Абдуллоеви шаҳри Хоруғ ҳаст, ки соли 2008 соҳиби Гранти Президентӣ гардида, давоми даҳ сол боз барои занони бекори ВМКБ курсҳои дузандагӣ, муҳрабофӣ, таомпазӣ ва қаннодиро ташкил менамояд. Ин модари мушфиқ, омӯзгори асил ва бонуи ҳунар ҳамзамон пайваста дар намоишҳои хунарӣ фаъолона ширкат дошта, то ҳоло зиёда аз 150 нафар шогирдонро ба камол расонидааст.
Ҳоло дастпарварони Б. Мирзоева қариб дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои ВМКБ ба машғулиятҳои шоиставу писандида ҷалб гашта, дар баробари роҳнамои ҳунарии худ ба мардуми вилоят хизмат мекунанд.
Маҳз хоксориву фурӯтанӣ ва шикастанафасии холаи Бибиноз ҳаст, ки нафақат ҳамсоягонаш ӯро хизматгори халқ ном мебаранд, балки ҷавонону наврасон, кӯдакони шаҳр ҳам аз лутфу эҳсонаш пурра бархурдоранд.
Бибиноз Мирзоева ҳатто дар замони Иттиҳоди Шӯравӣ дар мактаби мусиқии Хоруғ барои муҳассилин дарси пианинонавозӣ омӯхта, лаёқати мусиқифаҳмии онҳоро баланд бардоштааст.
Мавсуф ҳозир ҳам барои ҷавонону наврасон ва кӯдакон курси пианинонавозӣ таълим дода, нутқи хушоҳангии (музыкальная речь) онҳоро сайқал медиҳад.
Духтари ягонаи холаи Бибиноз Хубчеҳра Гулаёзова ҳоло дар Муассисаи давлатии “Маркази ҷавонони ВМКБ” ба сифати директори марказ фаъолият дошта, инчунин касби асосии ӯ зебосоз (дизайнер) аст. Худи Хубчеҳрабону низ ҳамарӯза талош бар он дорад, ки ҷавонони бештари шаҳру ноҳияҳои вилоятро ба Марказ ҷалб намуда, ба ин васила онҳоро ба машғулиятҳои ҳархела фаро гирад.
Воқеан қобиливу заҳмати ҳалоли Бибиноз Мирзоева ҳаст, ки ӯ дар ҳамкорӣ бо Шуъбаи агентии меҳнат ва шуғли аҳоли шаҳр курсҳои дигари бозомузиро пиёда намуда, феълан 20 нафар бонувони бекори шаҳр фарогири курсҳо шуданд ва рӯзҳои наздик соҳиби шаҳодатномаву стипендия мегарданд...
Шуъбаи кор бо занон
ва оилаи шаҳр,
Хадамоти матбуоти
МҲД – шаҳри Хоруғ