Баҳри дар сатҳи баланд таҷлил намудани Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар маркази ВМКБ ва фаҳмондани муҳиммияти ин ҷашни умумиҷумҳуриявӣ барои ҳамаи табақаҳои аҳолӣ намояндагону кормандони Мақомоти ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ бо сокинони маҳаллаи Хуфак мулоқот намуданд.
Дар вохурӣ муовини раиси шаҳр Мавлобахшзода Райҳонбегим, раиси ҷамоати шаҳраки Ш. Шоҳтемур Расо Раҷабов, сармуҳаррири нашрияи “Оинаи Зиндагӣ” Руқияи Давроншоҳ, мудири Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр Имомёрбек Имомёрбеков, корманди МҲД – и шаҳр Кишвар Амиршоев оид ба беназир будани таҷрибаи сулҳи тоҷикон барои ҷаҳониён, меъмори асосии Вахдати миллӣ, нақш ва ҷонбозиҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими ваҳдат, суботу оромӣ – роҳ ба сӯи ояндаи дурахшон, худидоракунии шаҳраку деҳот, аз байн бурдани нашъамандӣ ва дигар масоил суханронӣ карданд.
Чунин вохуриҳо дар асоси нақшаи мақомоти маҳалии шаҳр рӯи кор омада, ҳоло ҳам идома доранд.
Хадамоти матбуоти
МҲД – и шаҳри Хоруғ