Баъди нисфирӯзии рӯзи 25 июн дар даромадгоҳи Боғи набототи Помир Шоҳзода Али Муҳаммад Оғохонро муовини раиси ВМКБ Умедҷон Носирзода ва раиси шаҳри Хоруғ Кишвар Шамирӣ самимона пешвоз гирифтанд.
Шоҳзода Али Муҳаммад бо роҳбарияти Институти биологии Помир ба номи Худоёр Юсуфбеков, Боғи наботот ва кору фаъолияти кормандони пажуҳишгоҳу боғ аз наздик шинос шуда, аз нигораҳои осорхонаи боғ, мусаввараҳои Парки миллии Тоҷикистон, намоиши ҳунарҳои дастии мардуми кӯҳистон дидан намуда, ба кори намоишгоҳ баҳои баланд дод.
Сипас раиси шаҳри Хоруғ Кишвар Шамирӣ ва муовини раиси вилоят Умедҷон Носирзода меҳмони воломақомро то Чойхонаи миллии шаҳр гусел намуданд.
Дар даромадгоҳи чойхонаи миллӣ Шоҳзода Али Муҳаммадхонро раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Ёдгор Файзов, муовинони раис ва дигар шахсони расмӣ истиқбол карданд.
Дар он беҳтарин ҳунармандону ҳофизони вилоят барномаи рангину хотирмони консертиро пешкаши меҳмони воломақому ҳозирин намуда, зиёфат ба ифтихори ташрифи Шоҳзода Али Муҳаммадхон то шом идома ёфт.
Хадамоти матбуоти
раиси шаҳри Хоруғ