Имрӯз, 27 июн дар маркази Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, шаҳри Хоруғ ба ифтихори ҷашни бузурги Ваҳдати миллӣ бо иштироки раиси вилоят, муовини раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳури Тоҷикистон ва раиси Шурои Ҳаракати Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Ёдгор Файзов, раиси шаҳри Хоруғ Кишвар Шамирӣ, роҳбарону намояндагони сохторҳои қудратӣ, меҳмонони хориҷӣ, кормандони идораву сохторҳои маҳаллӣ ва сокинони вилоят чорабинии тантанавӣ баргузор гардид.
Нахуст, аҳли Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилояту шаҳр, собиқадорони меҳнат, роҳбарияту омӯзгорони Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев, масъулину кормандони Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиш, намояндагони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилоят ва дигар идораву сохторҳои вилояту шаҳр аз пеши Донишгоҳ то Боғи фарҳангӣ – фароғатии “Чорбоғ” бо аксу шиор ва овезаҳои Қаҳрамонони Ҷумҳурии Тоҷикистон, Парчаму Нишон ва дигар муқаддасоти миллӣ ҳаракат намуданд.
Дар боғи мазкур ҳозирин аз намоиши волои молу маҳсулот ва ҳунарҳои мардумӣ дидан карда, сипас дар майдони фарҳангии боғ ҷамъ омаданд.
Қабл аз оғози чорабинии фарҳангӣ раиси шаҳри Хоруғ Кишвар Шамирӣ суханронӣ намуда кайд кард, ки маҳз ташаббуси созанда ва хизмати шоёни Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомали Раҳмон буд, ки Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба имзо расид ва миллати тоҷик сарҷамъу иттиҳод гашт.
Ба таъкиди Кишвар Шамирӣ воқеан Созишномаи сулҳи тоҷикон дар таърихи навтарини инсоният ҳодисаи нодиртарине аст, ки мислашро ягон кишвари ҷангзадаи дунё ё худ минтақа надидааст. Он халқи моро аз гирдоби ҳалокату парокандашавӣ наҷот дода, барои инкишофи ояндаи кишвари кӯҳанбунёд, бунёди давлатдории навину рушди сарзамини аҷдодӣ роҳи дурахшон кушод.
Ёдгор Файзов, раиси ВМКБ ва муовини раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳури Тоҷикистон, раиси Шӯрои Ҳаракати Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар идомаи суханронӣ он нуқтаро зикр кард, ки фарзанди фарзонаи миллат, нобиғаи замон - Асосгузори Сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тули солҳои соҳибистиқлолии кишвар ҳамеша бо халқи сулҳофару меҳнатдӯсти хеш буда, дар ҳамаи вазъу ҳодисаҳо пуштибон ва мададрасони онҳост.
Ёдгор Файзов афзуд, ки Ваҳдату Истиқлолият барои миллати тоҷик беҳтарин ва бузургтарин неъмат буда, дар он наҷоти воқеии миллат таҷассум ёфтааст:
“Аҷдодони мо ҳанӯз аз давраҳои пеш танҳо як сарвати бебаҳоро гиромӣ доштанд, ки он тинҷию оромӣ ва ваҳдати комил аст. Мо ҳам дар навбати худ масъулем, то ин неъматро беолоиш ба наслҳои баъдина расонем.”
Дар интиҳо барномаи рангини консертӣ аз тарафи беҳтарин ҳофизону санъаткорони вилоят ва ҳаваскорон пешкаши иштирокдорон гашт.
Хадамоти матбуоти
раиси шаҳри Хоруғ