Раиси шаҳри Хоруғ Кишвар Шамирӣ имрӯз, 3 июл дар маҳаллаи Сайфулло Абдуллоеви шаҳри Хоруғ майдончаи нави кӯдаконаро ба истифода дод.
Дар маросими ифтитоҳи майдонча инчунин роҳбари дастгоҳи раиси шаҳр Соҳибҷон Имомназаров, раиси ҷамоати шаҳраки Ш. Шоҳтемур Расо Раҷабов ва сокинони маҳалла ҳузур доштанд.
Баъд аз кушодани майдочаи кӯдакона раиси шаҳр бо сокинони маҳалла мулоқоти озоду самимӣ намуда, зикр кард, ки ҳамаи корҳои ободониву созандагӣ дар маркази вилоят бо иқдом ва дастуру супоришҳои бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯи кор омада, дар ояндаи наздик 13 майдончаи нави варзишӣ ва кӯдакона дар ҳудуди шаҳр сохта ба истифода дода мешаванд.
Мавриди қайд аст, ки барои бунёди майдончаи мазкур аз тарафи соҳибкори ҷавон Амран Мусифшоев, ширкати барқии “Pamir Energy” ва сокинони маҳаллӣ (участкаи Дармонгоҳ) зиёда аз 180 000 сомонӣ маблағ сарф шудааст.
Хадамоти матбуоти
раиси шаҳри Хоруғ