Муовини раиси шаҳри Хоруғ Райҳонбегим Мавлобахшзода, мудири Шуъбаи кор бо занон ва оилаи шаҳр Сабоҳат Донаёрова ва раиси ҷамоати шаҳраки Шириншоҳ Шоҳтемур Расо Раҷабов бо сокинони маҳаллаи Имомобод мулоқот намуданд.
Дар вохурӣ моҳиятан масоили вусъат бахшидани корҳои ободонӣ, таълиму тарбияи фарзандон, роҳи дуруст нишон додан ба ҷавонон ва дар ниҳоди наслҳо бедор намудани ҳисси ватандӯстӣ, дастгирӣ намудани ташаббусҳои созандаи давлату Ҳукумат, мубориза бар зидди нашъамандию нашъаҷаллобӣ баррасӣ шуданд.
Дар ҷараёни сӯҳбат сокинон оид ба беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасонии таъмини барқ ва об, равшаникунонии кӯча, тоза кардани роҳҳо дар фасли зимистон пешниҳодҳои судманд ба миён гузоштанд.
Шуъбаи кор бо занон
ва оилаи шаҳри Хоруғ