Таҳти ҳамин унвон имрӯз, 5 июл дар Чойхонаи миллии шаҳри Хоруғ бо ширкати раиси шаҳр Кишвар Шамирӣ ва афроди ниёзманду дорои имконияташон маҳдуд ба муносибати Рӯзи маъюбон чорабинии идона баргузор гашт.
Инчунин дар чорабинӣ роҳбари дастгоҳи раиси шаҳр Соҳибҷон Имомназаров, намояндагони Мақомоти ҳокимияти давлатии шаҳр, масъулини ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва волидони ашхоси дорои маъюбият иштирок доштанд.
Сараввал Кишвар Шамирӣ ҳозиринро ба муносибати ҷашни 22 – солагии ҷашни Ваҳдати миллӣ табрик намуда, ба онҳо саломатию осудаҳолии ҳамешагӣ ва пирӯзию комёбиҳои беназир таманно кард.
Дар идомаи суханронӣ К. Шамирӣ бар он таъкид намуд, ки ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ таҳти дастгирии ҳамешагии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, фароҳам овардани шароиту имкониятҳо барои ҳамаи қишрҳои ҷомеа ва ба ин васила баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум ҳадафи аслии давлату ҳукумат мебошад.
Ба қавли раиси шаҳр муҳити ҷомеаи имрӯза барои ҳамаи табақаҳои ҷомеа озод буда, ҳуқуқу озодиҳои онҳо аз ҷониби давлат танзим мегардад ва мо бояд ин муҳитро бо амали неку ахлоқи баланд, муносибати хуб ва ғамхорӣ ба ҳамдигар, хусусан ба қишри осебпазир солиму гуворотар созем.
Сипас Кишвар Шамирӣ ба кӯдакон ифтихорномаю мукофоти хотиравӣ тақдим намуда, барномаи рангини консертӣ омоданамудаи ҳофизони шаҳр, бо рақсу шодмонии ҳозирин то нисфирӯзӣ давом ёфт.
Хадамоти матбуоти
раиси шаҳри Хоруғ