Ба муносибати Рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди маводи мухаддир дар шаҳри Хоруғ ҳамоиш ва раҳпаймоии сокинони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, варзишгарон, масъулини мақомоти ҳокимияти давлатии вилояту шаҳр ва ҷавонон баргузор гардид.
Ҳозирин дар майдони Исмоили Сомонии шаҳр бо шиорҳои "Маводи мухаддир монеа барои рушду пешрафт", "Суботи ҷомеа бе нашъа", "Наздиктар ба ҳамдигар - дуртар аз маводи мухаддир", "Мо ҷавонон нашъаҷаллобонро маҳкум менамоем!" ҷамъ омада, сипас раиси вилоят Ёдгор Файзов ва раиси шаҳри Хоруғ Кишвар Шамирӣ дар он суханронӣ намуданд.
Зикр шуд, ки муборизаи беамон бо гардиши маводи мухаддир - талоши бемисл барои ояндаи солиму дурахшон, наҷоти насли инсоният аз шарр ва зинда нигоҳ доштани фарҳангу ҳуввияти миллӣ аст.
Имрӯзҳо дар тамоми ҷаҳон паҳнкунандагони асосии маводи мухаддир гурӯҳҳои террористиву муташаккили ҷиноятӣ ба ҳисоб рафта, гардишу муомилоти он яке аз сарчашмаҳои асосии даромади гурӯҳҳо ба ҳисоб меравад.
Ба таъкиди Ёдгор Файзов, раиси ВМКБ дар аксари мавридҳо маҳз ҷавонон қурбони фиреби паҳнкунандагони мухаддирот мегарданд, ки ин омил ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш оварда, ҳамарӯза ҳазорҳо ҷавонон ба марги муфоҷот мувоҷеҳ мешаванд.
Бинобар ин, барои решакан намудани ин ҷомеаи ҷаҳониро зарур аст, ки муқобили тавлидкунандагон ва паҳнкунандагони маводи мухаддир муборизаро пурзӯр кунанд.
javonon. tj