Имрӯз, 20 – уми июл дар маҷмааи варзишии шаҳри Хоруғ мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба тӯби дастӣ байни тимҳои “Суғд”, “Душанбе”, “Хатлон 1”, “Хатлон 2” ва “ВМКБ” оғоз гардид.
Мусобиқа ба ифтихори “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” бо ибтикори Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирифта, он асосан дастаҳои варзишгарони то 22 – соларо ба ҳам овардааст.
Дар маросими кушоиши чорабинӣ муовини раиси ВМКБ Назира Амирбекзода, муовини раиси шаҳри Хоруғ Райҳонбегим Мавлобахшзода, намояндаи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати кишвар Абдулло Мамадализода, сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилоят Сураҷ Чоршанбиев, мудири Шуъбаи кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр Имомёрбек Имомёрбеков, мудири Бахши кор бо ҷавонони Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилоят Юсуф Асадбеков ширкат карданд.
Райҳонбегим Мавлобахшзода, муовини раиси шаҳри Хоруғ қабл аз баргузории чорабинӣ суханронӣ намуда, азҷумла гуфт, ки ҳоло бо шарофати соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон варзишгарони ҷумҳурӣ шаъну этибори кишварро дар арсаи олам баланд бардошта, хосса ҷавононамон дар таҳкими тарзи ҳаёти солим саҳми бузург доранд.
Абдулло Мамадализода, намояндаи кумита қайд кард, ки ҳадаф аз баргузории чорабинӣ дарёфти ҷавонони нав баҳри шомил намудан ба дастаи мунтахаби кишвар аз рӯи намуди тӯби дастӣ аст.
Бояд гуфт, ки мусобиқа то 23 июли соли 2019 идома меёбад ва ғолибон бо Ҷому медал ва ифтихорномаю тӯҳфаҳо қадр карда мешаванд.
Хадамоти матбуоти
раиси шаҳри Хоруғ