Бо иштироки муовини якуми раиси ВМКБ Алишер Мирзонаботов ва раиси шаҳри Хоруғ Кишвар Шамирӣ дар маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр ҷалсаи ҷамъбастии фаъолияти нимсолаи аввали соли 2019 мақомоти маҳаллии шаҳр баргузор гашт. Инчунин дар он роҳбари дастгоҳи раиси шаҳри Хоруғ Соҳибҷон Имомназаров, муовинони раиси шаҳр ва дигар масъулину роҳбарон ва кормандони ҷамоту шаҳракҳои МИМҲД – шаҳр ҳузур доштанд.
Қайд шуд, ки Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ дар нимсолаи якуми соли 2019 ҷиҳати татбиқи тадбирҳое, ки аз Паёми Асосгузори Сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 январи соли 2019, № 1170 оиди “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон намудани солҳои 2019-2021, Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 январи соли 2019, № 39 “Дар бораи ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон”бармеоянд ва ба мақсади иҷрои амалии дастур ва супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва раиси вилоят барои тақвият бахшидани фаъолияти иҷтимоию иқтисодии шаҳри Хоруғ корҳои натиҷабахшро анҷом дод.
Ба Барномаи рушди иҷтимою иқтисодии шаҳр 91 лоиҳа бо ҷалби маблағи 866,9 млн. сомонӣ ворид карда шудааст, ки аз ин 38 лоиҳа бо маблағи 248,1 млн. сомонӣ ба бахши иқтисодӣ, 26 лоиҳа бо маблағи 400,8 млн. сомонӣ ба бахши иҷтимоӣ, 22 лоиҳа бо маблағи 217,0 млн сомонӣ ба бахши инфрасохтор, 5 лоиҳа бо маблағи 940,0 ҳаз. сомонӣ ба бахши ҳифзи муҳити зист, ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ рост меоянд.
Дар давоми солҳои 2015-2018 ва нимсолоаи аввали соли 2019 аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ барои бунёду барқарорсозии иншоотҳо 878 256. 500 сомонӣ равона шудааст, ки аз он аз ҳисоби буҷети ҷумҳуҳуриявӣ 103 060 300 сомонӣ (11,7%), буҷети маҳаллӣ 776 506 000 сомонӣ (0,9%), сармояи хориҷӣ 737 943 600 сомонӣ (84,0%), маблағҳои худии соҳибкорон 29 487 000 сомонӣ (3,3%) иҷро гардидааст, ки ин 124,8 фоизи нақшаи пешбинишудаи солҳои 2015-2018 ва 100,1 фоизи маблағи умумии барномаро ташкил медиҳад.
Солҳои 2015-2018 нимсолаи аввали соли 2019 52 банди Барнома ба маблағи 837 950 051 сомонӣ пурра иҷро гардида, (аз буҷети ҷумҳуриявӣ маблағи 73 647 200 сомонӣ, сармояи хориҷӣ маблағи 743 249 900 сомонӣ, маблағҳои маҳаллӣ 308,7 ҳазор сомонӣ, маблағҳои соҳибкорон 4 505 000 сомонӣ), дар 19 банд бо маблағи 168 621 200 сомонӣ корҳо идома дошта, дар 20 банд бинобар дарёфт нагардидани маблағ корҳо оғоз нашуданд.
Бояд қайд кард, ки аз сабаби ба анҷом расидани мухлати иҷрои Барномаи мазкур, ки солҳои 2015-2019 – ро дар бар мегирад, айни ҳол омодагиҳо барои тартиб додани барномаи нави рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии шаҳри Хоруғ рафта истодаанд.
Нақшаи қисми даромади буҷет аз рӯи ҳаҷми умумӣ маблағи 20 653 215 сомониро ташкил дода (дар нимсолаи аввали 2018-18 348 000), иҷрои он ба маблағи 21 374 374 сомонӣ (20 037 749 млн -соли 2018) таъмин карда шуд, ки ин 103 фоизи нақшаи пешбинишударо ташкил медиҳад. Дар ин давра аз рӯи ҳаҷми умумӣ маблағи 721 159 сомонӣ зиёд аз нақша ба буҷет ворид гардид.
Аз рӯи даромадҳои худӣ иҷрои нақшаи буҷети шаҳр ба андозаи 102.3 фоиз иҷро гардид.
Аз ҳисоби ҳиссаҷудокунӣ маблағи 8 029 930 сомонӣ (10 649 701 млн дар соли 2018) ба буҷети вилоят ирсол карда шуда, иҷроӣ нақшаи он ба андозаи 95 фоиз таъмин гардид.
Даромади буҷети шаҳр дар ҳаҷми умумӣ дар нимсолаи аввали соли 2019 нисбати ҳамин давраи соли гузашта маблағи 1 336 625 сомонӣ зиёдтар ворид гардидааст.
Нақшаи қисми хароҷоти буҷет дар нимсолаи аввали соли 2019 маблағи 15 111 441 (10 542 989 млн дар соли 2018 ) сомониро ташкил дода, иҷроӣ он ба маблағи 14 056 815 сомонӣ (9,6 млн дар соли 2018) ё ки 93 фоиз (91,6 дар соли 2018 )таъмин карда шуд.
Аз рӯи соҳаҳои алоҳида қисми хароҷоти буҷети шаҳр дар Мақомоти давлатӣ ва идоракунӣ 96,7 фоиз, мудофиа 90,9 фоиз, маориф 91,8 фоиз, тандурустӣ 94 фоиз, суғуртаи ичтимоӣ ва ҳифзи ичтимоӣ 85,1 фоиз, ХМК 97,6 фоиз, соҳаи фарҳанг 89 фоиз, хоҷагии қишлоқ 59,3 фоиз ба иҷро расонида шуд.
Дар нимсолаи аввали соли 2019 иҷрои нақшаи андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ, бо назардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ 105,3 таъмин карда шуд. Ба даромади буҷет, бо назардошти андози ичтимоии ғайрибуҷетӣ ба ҷои 32,8 млн сомонии дар нақша пешбинишуда, 34,5 млн сомонӣ ворид карда шуда, нисбати нишондиҳандаи нақшавӣ 1,7 млн. сомонӣ зиёд ва нисбат ба семоҳаи якуми соли 2018 157,7 ҳазор сомонӣ зиёдтар ба буҷет ворид карда шуд.
Иҷрои нақшаи даромади андозҳо ва пардохти буҷети маҳаллии шаҳри Хоруғ ба андозаи 103.5 фоиз ба иҷро расонида шуд ба ҷои 20,6 млн.сомонии дар нақшаи пешбинишуда 21,3 ё худ 721,3 ҳазор сомони зиёдтар маблағ ворид шуд.
Дар давраи ҳисоботӣ иҷрои як намуди андоз, андоз аз арзиши иловашуда аз сабаби нисбати соли гузашта камтар фаъолият доштани кохонаҳои сохтмонӣ иҷро нагардид, ки дар натиҷа ба буҷети шаҳр аз ҳисоби он 1,4 млн.сомонӣ ворид карда нашуд.
Бақияи қарзи андозҳо ба ҳолати 1 июни соли 2019 маблағи 1.7 млн сомониро ташкил дод, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта маблағи 108.4 ҳазор сомонӣ зиёд гардидааст.
Яке аз сабабҳои асосии зиёд шудани қарзи андозҳо, ин агар дар суратҳисоби корхонаҳо набудани маблағи кофӣ асос шуда бошад, аз тарафи дигар корхонаҳое, ки аз солҳои қаблӣ қарздории зиёди андоз доштанд, онро дар муҳлатҳои муқарраршуда пардохт накарданд.
Шумораи умумии соҳибкорони тавассути патент фаъолияткунанда дар шаҳри Хоруғ 876 нафарро ташкил дода, аз ҳисоби онҳо дар нимсолаи якуми соли 2019 ба маблағи 484,9 ҳазор сомонӣ ба буҷет ворид гардид.
Дар нимсолаи аввали соли 2019 111 нафар соҳибкор тибқи патент ба қайд гирифта шуда, 56 нафар фаъолияташонро қатъ намуданд.
Маблағи пардохти патент дар шаҳри Хоруғ ба як соҳибкор дар нимсолаи аввал ба 91,4 сомони рост меояд.
Дар нимсолаи якуми соли 2019 бо шаҳодатномаи соҳибкори инфиродӣ дар шаҳри Хоруғ 494 нафар фаъолият дошта, аз ҳисоби фаъолияти онҳо маблағи 982 269 андоз ба буҷет ворид гардид. Маблағи пардохтшуда ба як соҳибкори тибқи шаҳодатнома фаъолиятшуда дар як моҳ 300,4 сомониро ташкил медиҳад.
Мушкилиҳои асосие, ки ба рушди соҳибкории хурду миёна дар шаҳр таъсири манфӣ мерасонанд, ин набудани маблағхои иловагӣ барои соҳибкорӣ ва бизнес, сатҳи баланди фоизи қарзҳо, муҳлати кўтоҳи баргардонидани қарзҳо мебошанд.
Аз тарафи «Фонди дастгирии соҳибкорӣ»-и назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи пешниҳодгардидаи Ватанбекова Шифо барои истеҳсоли доруворӣ ба маблағи 500 000 сомонӣ дастгирӣ гардид.
Дар шаҳри Хоруғ айни ҳол 42 корхона ва коргоҳҳои саноатӣ фаъолият дошта, аз онҳо 17 адад дар ҳисоботҳои расмии оморӣ ва 25 адад ба тариқи тадқиқот ба ҳисоб гирифта мешаванд. Дар нимсолаи якуми соли 2019 аз ҷониби корхонаҳо ва коргоҳҳои саноатӣ ба маблағи 23319,6 сомонӣ маҳсулот истеҳсол карда шудааст, ки ин нисбати ҳамин давраи соли 2018 ба маблағи 3 352,4 сомонӣ камтар мебошад мебошад.
Муомилоти умумии мол дар нимсолаи аввали 2019 дар муассисаҳои савдои ҳамаи шаклҳои моликият ва шахсони воқеии шаҳр маблағи 32956,1 сомониро ташкил дода, нисбати ҳамин давраи соли 2018 ба маблағи 2246,4 сомонӣ ё худ 107,3 фоиз зиёд мебошад.
Ҳаҷми хизматрасонии пулакӣ дар нимсолаи якуми соли 2019 маблағи 29 737 838 сомониро ташкил дод, ки ин нисбати нимсолаи якуми соли 2018 ба андозаи 23,6 фоиз зиёд мебошад. Хизматрасонии маишӣ бошад дар ин давра 7 693 400 сомониро ташкил медиҳад.
Дар шаҳри Хоруғ Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Шири Кўҳистон» ягона корхонаи истеҳсоли маҳсулоти ширӣ ба ҳисоб рафта, айни замон зиёда аз 9 намуд маҳсулоти шириро истеҳсол ва пешкаши харидорон менамояд.
Дар шаҳри Хоруғ дар соли 2018 коргоҳи кокарди доруворӣ дар маҳаллаи Табобатхона аз тарафи соҳибкор Ватаншоева Шифо ба маблағи 7 663 ҳазор сомонӣ ва сехи қаннодӣ аз тарафи соҳибкор Алибахшова Қурбоноз сохта шуда ба истифода дода шуданд.
Дар давраи ҳисоботӣ ҳаҷми маҳсулоти саноат 23,3 млн сомониро ташкил дода, он нисбати соли гузашта 12,6% кам гардид. Кам гардидани ҳаҷми истеҳсолот дар корхонаҳои саноатӣ аз сабаби кам гардидани фармоиш мебошад.
Бояд қайд намуд, ки истеҳсоли қувваи барқ аз ҷониби неругоҳи барқи обии шаҳри Хоруғ дар давоми нимсолаи якуми соли 2019 миқдори 46365541,59 кВт/соатро ташкил дод ва ба маблағи 16404018,06 сомонӣ (98 фоиз дар баробари нақша) қувваи барқ фурўхта шуд.
Аз ҷумла, барои корхонаҳои буҷавӣ ба маблағи 5114524,41 сомони қувваи барқ фурухта шуд, ки аз он маблағи 4859290,13 қувваи барқ пардохта шуд, ё худ 95 % пардохт гардид.
Барои аҳолӣ ба маблағи 6506182,32 сомонӣ қувваи барқ фурухта шуд, ки аз он 6491873,73 ё худ 99% пардохт гардид ва барои корхонаҳои тиҷоратӣ ба маблағи 4695573,79 сомони фурухта шуд, ки аз он маблағи 4858828,46 сомонӣ қувваи барқ пардохт шуд, ки103%-ро ташкил медиҳад.
Айни замон, 100 фоизи муштариёни шаҳри Хоруғ бо ҳисобкунакҳои электронӣ таъмин мебошанд.
Қарздории умумии муштариён дар нимсолаи якуми соли 2019 6363222 сомониро ташкил медиҳад, ки аз он идораҳои буҷавӣ 1513549, тиҷоратӣ 2404321 ва аҳолӣ 2445352 сомониро ташкил медиҳанд.
Талафоти умумии барқ дар шаҳри Хоруғ дар нимсолаи якуми соли 2019 10,59%-ро ташкил медиҳад
Қарздории умумии муштариён дар нимсолаи якуми соли 2019 6 363 222 сомониро ташкил медиҳад, ки аз он идораҳои буҷавӣ 1 513 549, тиҷоратӣ 2 404 321 сомонӣ ва аҳолӣ 2 445 352 сомониро ташкил медиҳад.
Дар давраи шаш моҳи соли 2019 ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ 1747 адад ҳуҷҷат ворид гардид, ки 710 ададашон аз мақомоти болоӣ мебошанд.
Дар ин давра аз тарафи раиси шаҳри Хоруғ 521 адад қарор ба тасвиб расид, ки 80 адади он дар заминаи қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва раиси вилоят қабул шудаанд. Инчунин, дар давоми шаш моҳи соли 2019 460 ҳуҷҷат барои ҳаллу фасли масъалаҳои гуногун ба унвони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату кумитаҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоят, раёсату идораҳои вилоятӣ ва шаҳрӣ ирсол гардиданд. Ҳангоми қабули қарорҳо талаботи меъёрҳои Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот”, “Дар бораи муроҷиати шаҳрвандон” риоя гардида, тартиби кор ва фаъолияти Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хоруғ дар асоси талаботи моддаҳҳои 10 ва 11 Қонуни конститутсионии мазкур ба роҳ монда шудааст. Илова ба ин, дар мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ санадҳо дар назорат қарор дода шуда, дар машварати назоратӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуда, барои бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта чораҳои мушаххас андешида мешаванд.
Дар нимсолаи якуми соли 2019 ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимията давлатии шаҳри Хоруғ 1323 (соли 2018- 1512) адад муроҷиат ворид гардид, аз ҷумла 982 (1289) муроҷиати хаттӣ ва 341 (223) муроҷиати шифоҳӣ ворид шудааст, ки нисбат ба шаш моҳи соли 2018 189 муроҷиат кам мебошад. Аз мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон 153 (175) адад ариза ворид гардид, ки 6 (19) ададашон аз Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд.
Дар натиҷаи амалӣ намудани чораҳои пешгирикунанда оиди содиркунии ҷиноят аз тарафи ноболиғон нисбати 128 нафар падару модар барои иҷро нагардидани талаботҳои моддаи 8-уми банди 11-ум ва моддаи 9-уми банди 4-уми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» парвандаҳои маъмурӣ тартиб дода шуда, ба суд ирсол карда шуданд, нисбати 17 нафар огоҳӣ ва 53 нафар ҷарима ба маблағи умумӣ 7 ҳазору 633 сомонӣ татбиқ карда шуд ва 61 парвандаи дигар айни ҳол мавриди баррасӣ қарор доранд.
Аз тарафи ноболиғон содиркунии 2 ҷиноят ба қайд гирифта шудааст (куштор ва авбошӣ).
Баҳри татбиқи босифати Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ” 7 маротиба бо намояндагони дин ва раисони маҳаллаҳо, 11 маротиба бо сокинони маҳаллаҳо вохўриҳо ва корҳои фаҳмондадиҳӣ анҷом дода шуданд.
Мувофиқи қарори раиси шаҳри Хоруғ аз 16 декабри соли 2016 , № 697 “Дар бораи ҳайати комиссияи татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” гурўҳҳои корӣ ташкил дода шуда, дар бозорҳои шаҳр, мағозаҳо, идораҳо ва нуқтаҳои хизмати маишӣ мутобиқати лавҳаҳо ва овезаҳо ба талаботи Қонун мунтазам санҷида мешавад. Ҳамзамон, ҷиҳати мувофиқ намудани ҳуҷҷатгузорӣ дар сохторҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлати давлатии шаҳри Хоруғ рўзи ҷумъаи ҳар ҳафта дар толори хурди мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии бозомўзии кормандон гузаронида мешавад, ки дар он меъёрҳои имлоӣ дар ҳуҷҷатгузорӣ ба кормандони сохторҳои шаҳрӣ фаҳмонда дода мешавад. Инчунин, риояи муоширати кормандон дар вақти корӣ бо шахсони воқеъӣ ва ҳуқуқӣ пайваста дар назорати комиссияи одоби мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр қарор дорад.
Ҳамзамон, бо мақсади иҷрои мактуби расмии Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 апрели соли 2019, №13/45 ва дастури Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати барўйихатгирии номҳои мавзеъҳои ҷуғрофӣ, ки ба талаботи забони тоҷикӣ мувофиқат намекарданд, номҳои 3 маҳалла ва 1 кӯчаи шаҳри Хоруғ тағйир дода шуданд.
Қобили зикр аст, ки ба ҳолати 01 июли соли 2019 дар ҳудуди шаҳр 5438 хоҷагӣ ба қайд гирифта шуда, аз онҳо 3136 хоҷагӣ рақамгузорӣ карда шуда, лавҳаҳо часпонда шуданд. Барои боқимонда 433 хоҷагӣ омода намудани лавҳаҳо супориш дода шуда, дар рузҳои наздик насб карда мешаванд.
Яъне, дар ин муддат 81 кўча ва тангкўча номгузорӣ, 60 кўча ва тангкўча рақамгузорӣ карда шуданд.
Барои иҷрои ин корҳо ба идораи бақайдгирии молу мулки ғайриманқул 65 000 сомонӣ ба ҷойи 149 000 сомонӣ, ба идораи Аэрогеодезия 40 000 сомонӣ ба ҷойи 53 000 сомонӣ ва ба корхонаи манзилию комуналии шаҳри Хоруғ 140 000 сомонӣ ба ҷойи 182 000 сомонӣ пардохт карда шуд.
Бо ворид гардидани маблағ аз ҳисоби барзиёдшавии буҷет маблағҳои боқимонда низ пардохт карда мешаванд.
Ба мақсади тарғиби ҳамаҷонибаи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи ҳисоботӣ бо сокинони маҳаллаҳои ҷамоатҳои шаҳракҳои Исмоили Сомонӣ ва Шириншоҳ Шоҳтемур 34 маротиба вохўриҳои гурўҳҳои кории мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ доир гардиданд, ки дар рафти баргузории онҳо масъулин оиди моҳияти Истиқлолият, арзишҳои миллӣ ва дурнамои ҳадафу нақшаҳо ва сазовор истиқбол намудани ин ҷашни умумимиллӣ суҳбатҳо баргузор гардиданд.
Дар шаҳри Хоруғ тибқи нақшаи дурнамо то ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ 18 адад майдончаҳои варзишӣ бо маблағгузории Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташкилотҳои бонуфузи ғайридавлатӣ бунёд мегарданд, ки аз санаи 20 майи соли 2019 корҳои сохмонӣ барои бунёди майдончаҳои варзишӣ дар маҳаллаҳои Тирчид ва Хуфак оғоз гардиданд.
Сохтмони иншоотҳои ҷашнии самти иҷтимоӣ ба пешвози 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар шаҳр идома дошта, рафти сохтмонҳо дар назорати доимии масъулини мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр қарор дорад.
Қобили қайд аст, ки соли 2018 бо иштироки бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хишти аввали бинои нави маъмурии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ ниҳода шуд. Масоҳати қитъаи замини ҷудошуда 1,0 га-ро ташкил дода, соли 2019 барои оғози сохтмон яку ним миллион сомонӣ ҷудо гардидааст, ки корҳои сохтмонӣ аз моҳи майи соли ҷорӣ оғоз гардиданд.
Ҳамзамон, дар шаҳр сохтмони театри миллӣ аз соли 2016 идома дошта, ба ҳолати ҳисоботи маблағи корҳои иҷрогардида 15 миллиону 226 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Ин ишооти муҳими фарҳангӣ дар майдони 0,54 га сохта шуда, аз марҳалаи оғози сохтмон (2016) то ин ҷониб барои вусъати корҳои сохтмонӣ 30 миллион сомонӣ ҷудо гардааст, ин маблағ 19 миллион сомонӣ ба соли 2019 рост меояд.
Сохтмони бинои театри миллӣ дар шаҳри Хоруғ аз 3 ошёна ва таҳхона иборат буда, барои 946 ҷойи нишаст тарҳрезӣ карда шудааст. Масоҳати умумии бино 7261,2 м2 -ро ташкил медиҳад.
Инчунин, бинои муассисаи таълимии №8-и шаҳри Хоруғ ба нақшаи азнавсозӣ ворид гардида, соли 2019 барои оғози корҳои сохтмонии он 3 миллион сомонӣ ҷудо гардидааст. Муассиса барои 640 ҷойи нишаст пешбинӣ гардида, лоиҳаи ангоравии ин иншоот аллакай бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр мувофиқа гардида, тарҳрезии лоиҳаи шабакаҳои берунаи он идома дорад. Иншооти мазкур аз ду блок, блоки А ва блоки Б иборат аст.
Ҳамзамон, баҳри коҳиш додани эҳтиёҷоти мардуми шаҳри Хоруғ ба манзили зист бо иқдоми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2017 сохтмони ду бинои 12-ошёна дар шаҳр идома дорад. Аз оғози сохтмон ба ҳолати ҳисоботи 7,5 миллион сомонӣ азхуд гардида, дар соли 2019 боз ду миллион сомонӣ ба иншооти мазкур ҷудо гардидааст.
Дар натиҷаи ба роҳ мондани ҳамкорӣ бо бахши хусусӣ ва омодагӣ ба 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ моҳи марти соли ҷорӣ маркази хизматрасонӣ ва дилхушии кўдакон “Мадагаскар-Памир” дар шаҳри Хоруғ ифтитоҳ гардид.
Моҳи июни соли 2019 дар натиҷаи ҳамкории мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр бо бахши хусусӣ дар дохили бинои тиҷоратии “Памир Плаза” маркази дилхушии кўдакон “Аладдин” ба истифода дода шуд.
Айни замон дар шаҳр сохтмони бинои иловагии дуошёнаи кўдакистони №1 идома дорад. Бино бо маблағгузории фармоишгар-шуъбаи сохтмони асосии вилоят ва аз ҷониби пудратчӣ ҶДММ “Мустафо” бунёд гардида истодааст, ки дар он 200 нафар кўдак ба тарбия фаро гирифта мешавад.
Мавҷуд набудани тарҳи муфассали нақшаи генералии шаҳри Хоруғ ҷо ба ҷокунии иншоотҳоро дар ҳудуди шаҳр мушкил гардонда ин омил мушкилоти асосии соҳаро ташкил медиҳад.
Дар соли 2019 асфалтпўш намудани 5 км роҳи мошинагарди шаҳри Хоруғ ба нақша гирифта шудааст. Айни ҳол қисматҳои харобгардидаи роҳҳо ба маблағи 35 000 сомонӣ бо дастрасии 25 тонна мум таъмир гардида, аломатҳои роҳҳои мошингузар аз нав рангрезӣ карда шуданд.
Дар давоми нимсолаи якуми соли 2019 дар шаҳри Хоруғ 250 адад нақлиёти ҷамъиятӣ ба мусофиркашонӣ машғул буда, ба 16,8 ҳазор нафар хизмат расонидаанд. Ҳаҷми боркашонӣ 137,8 ҳазор тоннаро ташкил дод.
Барои аз оби нӯшокӣ таъмин намудани истеъмолкунандагон аз 71,2км хатҳои обгузар ва чор манбаи обтаъминкунӣ истифода бурда мешавад.
Дар шаҳр 4 обанбор мавҷуд буда, ҳар яки онҳо нигоҳдории ҳаҷми 2000м3 обро доро мебошанд, ки дар маҷмӯъ 8000 м3 –ро ташкил медиҳад. Истеҳсоли оби нӯшокӣ аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо ва манбаъҳои обтаъминкунии шаҳр 12537 м3-ро дар як шабонарўз ташкил медиҳад. Бо вуҷуди он ки истеҳсоли об нисбати талабот ба он зиёд аст, маҳаллаҳои В.Гулмамад, Ниводак ва Теми шаҳр ҳанӯз ҳам аз оби нӯшокӣ танқисӣ мекашанд. Дар асоси нақшаҳо ва амали намудани марҳилаи дуюми Барномаи БАТР барои таъмини маҳаллаҳои мазкур аз оби ошомиданӣ чораҷӯйӣ шуда истодааст.
Мувофиқи маълумоти бахши Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳолии шаҳри Хоруғ 29 949 нафарро ташкид медиҳад. Аз ин теъдод 19588 нафар муштариёни корхонаи таъминоти об ва канализатсия буда, 11428 нафари дигар аз дигар манбаъҳо истифода мебаранд.
Даромади корхонаи таъминоти об ва канлизатсия дар нимсолаи якуми соли 2019 маблағи 922 708 сомониро ташкил дод, ки нисбати нимсолаи якуми соли 2018, 25 110 сомонӣ зиёдтар мебошад. Сабаби ҷамъ нашудани маблағ ин аз тарафи корхонаҳои буҷавӣ сари вақт пардохт накардани маблағи хизматрасонии об ва канализатсия мебошад.
Қарздории кредиторӣ ба ҳолати ҳисоботӣ маблағи 2 702 399 сомонӣ, аз ҷумла маблағи 1 983 348 сомонӣ дар назди ширкати барқи «Помир Энерҷӣ», маблағи 630 550 сомонӣ аз ҳисоби андоз, маблағи 88 501 сомонӣ шартномаи тарафайни 8 фоиза дар назди КВД «ХМК» Ҷумҳурии Тоҷикистонро ташкил медиҳад.
Қарзҳои дебитори бошад ба ҳолати ҳисоботӣ маблағи 775 668 сомонӣ, аз он ҷумла маблағи 336 948 сомонӣ аз ҳисоби корхонаву муассисаҳои буҷетӣ, 14 853 сомонӣ аз ҳисоби идораю муассисаҳои худмаблағгузор ва тиҷоратӣ, 30 152 сомонӣ аз ҳисоби аҳолӣ ва 393 715 сомонӣ аз ҳисоби шахсони имтиёздорро дар бар мегирад.
Аз тарафи Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 12 моҳи соли 2018 барои пардохти ҳаққи хизматрасонии имтиёздорон бояд 103 882.76 сомонӣ пардохт мешуд, лекин фақат 33 321 сомонӣ пардохт гардиду халос.
Кӯҳна будани шабакаҳои обрасонӣ, фарсуда будани обтақсимкунакҳо, зиёд будани Қарздории корхона дар назди Ширкати Помир Энерҷӣ ва назди Бонки Аврупои Таҷдид ва Рушд, пурра пардохт нагардидани ҳаққи хизматрасонии об ва канализатсия, истифодаи нооқилонаи об мушкилотҳои асосии соҳаро ташкил медиҳанд. Инчунин, дар сметаи корхонаҳои буҷавӣ ҳаққи хизматрасонии коммуналии барқ, хизматрасонии об, канализатсия ва партови сахти маишӣ дар як модда ҷудо гардидааст, ки корхонаҳо аз ин маблағ дар дараҷаи аввал ҳаққи истифодаи барқро пардохт менамоянд, ки дар натиҷа дигар хизматрасониҳои коммуналӣ сарфи назар мегарданд.
Бояд қайд намуд, ки барои дар сатҳи баланд бардоштани дастрасии аҳолӣ бо оби ошомиданӣ бо Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд дар соли 2014 шартномаи қарзӣ ба маблағи 2 000 000 доллари ИМА баста шуд, ки барои беҳтар намудани шабакаҳои обрасонӣ ва канализатсия ҷудо гардидааст. Мувофиқи ин Барнома дар соли 2018 барои харид ва дастрас намудани техника ва таҷҳизоти коммуналӣ тендер озмун гузаронида шуд. Дар ин озмун 6 адад ширкат иштирок намуданд. Санаи 20 июни соли 2018 бо ширкати «Истиқлол-20» барои харид ва дастрас намудани техника ва таҳҷизотҳои коммуналӣ ба маблағи 178 000 доллари ИМА шартнома баста шуд.
Мувофиқи Барномаи дар боло зикршуда санаи 28 январи соли 2019 барои барқарорсозии ду пойгоҳи партовоб тендер озмун дар Кумитаи давлатии сармоягузорӣи ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуд, ки дар он 4 ширкат иштирок намуданд. Дар айни ҳол ҳуҷҷатҳои тенедерии озмун мавриди санҷиш қарор доранд.
Дар мавсими кабудизоркунии имсола дар ҳудуди шаҳри Хоруғ ба миқдори 1598 бех дарахт шинонда шуд, ки аз онҳо 303 бех дарахтони ороишӣ, 775 бех дарахтони мевадиҳанда, 520 бех дарахтони сояафканро ташкил медиҳанд. Дар майдони 12 000 м2 гулҳои ҳархела шинонда шуда, майдони гулзорҳо таъмир гардид.
Дар маҳаллаи Ниводак ба миқдори 0,1 га боғи нав бунёд гардид.
Барои ободу зебо гардондани шаҳри Хоруғ ба миқдори 3740 бех кўчати гули садбарг аз ноҳияи Дарвоз оварда шуда, дар гулзорҳои шаҳри Хоруғ шинонда шуданд.
Дар давраи ҳисоботӣ аз тарафи ташкилоти байнанмилалии “Глобал Партнес” маблағи 14 479,2 сомонӣ барои харид кардани масолеҳи сохтмонӣ барои таъмир ва азнавсозӣ дар баъзе қисматҳои каналҳои шаҳри Хоруғ дастраси ассосиатсияи истифодабарандагони об гардид.
Дар вақти мавсими гулшинонӣ қариб 2,4 ҳазор метри мураббаъ кўчаҳои шаҳр, майдонҳои Дўстӣ, Ғалаба, И. Сомонӣ ва кўчаҳои шаҳр гулшинонӣ карда шуданд.
Дар нимсолаи аввали соли 2019 корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар ҷамоати шаҳраки Ш.Шоҳтемур гузаронида шуданд. Барои тоза намудани маҷрои дарё аз сангу шағал аз тарафи Филиали Оҷонсии Оғо-Хон оид ба макони зист сузишвории дизелӣ ба миқдори 2 тонна ва аз тарафи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоят техникаи Эксаватор ҷудо гардид. Маҷрои дарёи Ғунд дар масофаи 250 метри бо ҳаҷми 9100 метри кубӣ тоза гардид.
Дар соли 2019 аз тарафи Филиали Оҷонсии Оғо-Хон оид ба макони зист дар маҳаллаи Тем зинакунонии нишебӣ ба маблағӣ 25 ҳаз.доллари амрикоӣ ва дар дигар қисматҳои шаҳр 46 ҳазор доллари амрикои пешбинӣ шуда, то охири сол корҳои пешгирикунанда ба анҷом хоҳанд расид.
Ҷиҳати боришоти барфи зиёд, 120 хоҷагиҳо муваққатан ба ҷойҳои бехавф кўчонда шуданд. Дар ин давра бо дастгирии ташкилоти Агентии Оғохон оид ба макони зист дар мавзеъҳои Паринен, Боғен, Фурудгоҳ зинакунонии доманакўҳҳо барои пешгирии тарма, сел ва сангрезӣ анҷом дода шуданд. Бо дастгирии ташкилоти мазкур дар кўчаи С.Абдураҳмон барои бехавф гардонидани хоҷагиҳои кўчаи Шириншоҳ Шоҳтемур аз хатари обзеркунӣ корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ анҷом дода шуданд.
Дар шаҳри Хоруғ 15 муассисаи таълимӣ фаъолият доранд, ки аз онҳо Мактаби Президентӣ, Литсейи Оғохон ва гимназияи хусусӣ ҳамчун муассисаҳои типпи нав ба шумор мераванд. Дар соли таҳсили 2018-2019 шумораи умумии омўзгорон ки ба таълиму тарбияи 5472 нафар толибилм машғуланд, 498 нафарро ташкил дода, аз онҳо 398 нафарро занон ташкил медиҳанд. Ҳамаи фанҳои дарсӣ дар муассисаҳои таълимии шаҳр аз омўзгорон таъмин буда, норасогии муаллимони фанҳои дақиқ ё гумантарӣ дар муассисаҳои таълимӣ мушоҳида намегардад.
Соли 2019 аз буҷети маҳаллӣ барои соҳаи маорифи шаҳр 11 миллиону 637 ҳазору 229,4 сомонӣ ҷудо гардид, ки ин маблағ ба беҳтаршавии базаи моддӣ-техникии муассисаҳои таълимию томактабӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбия равона мегардад.
Моҳи феврали соли 2019 озмуни шаҳрии “Ихтироъкорони ҷавон” баргузор гардид, ки дар он хонандагони ихтироъкор аз муассисаҳои таълимӣ ширкат варзиданд ва маҳсули дастиашонро муаррифӣ намуданд. Як нафар хонандаи муассисаи таълимии №8 дар озмуни шаҳрӣ ва вилоятӣ ҷойи аввалро ишғол намуда, дар озмуни ҷумҳуриявӣ, ки моҳи март дар шаҳри Душанбе баргузор гардида буд, сазовори ҷойи дуюм гардида, барои иштирок дар озмуни байналмилалӣ, ки дар шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон доир мегардад, роҳхат гирифт.
Инчунини дигар толибилмони муассисаҳои шаҳр дар давраи чоруми олимпиадаӣ ҷумҳуриявӣ аз руи анъанавӣ ва фаннӣ фаъолона ширкат варзида, 1 нафар сазовори ҷои якум,5 нафар сазовори ҷойи дуюм ва 4 нафар сазовори ҷойи сеюм гардида бо медалҳои тилло,нуҳра ва биринҷи қадр гардиданд.
Биноҳои таълимии муассисаҳои таълимии №5 ва, №6 ба азнавсозӣ ниёз дошта, муассисаҳои таълимии №7 ва №9 таъмирталаб мебошанд. Муассисаҳои таълимии №1 ва №10 дар ҳолати садамавӣ қарор дошта, дар баробари муассисаҳои номбурда муассисаҳои №3, №4, ва №11 толори варзишӣ надоранд, ки ин омил барои гузаронидани фанни тарбияи ҷисмонӣ ва омодагии дифои ҳарбӣ монеъа эҷод намуда истодааст. Аз ин лиҳоз, баҷри бартараф сохтани мушкилотҳои ҷойдоштаи муассисаҳои таълимии номбурда ба нақша гирифта мешавад.
Шаҳри Хоруғ дорои як маркази саломатӣ буда, аз шуъбаҳои маркази иммунизатсия, маркази ҳамбастагии бемориҳои кўдакона, шуъбаҳои ташхисӣ, шуъбаи машварати тиббӣ, шуъбаи педагогӣ-психологӣ, утоқи сабти дил, шуъбаи физиотерапевтӣ, утоқи муоинаи занона, инчунин дорои озмоишгоҳи клиникӣ мебошад.
Дар се бунгоҳи тиббӣ- бунгоҳи тиббӣ дар маҳаллаи марказӣ, бунгоҳи маҳаллаи Чухт-Хоруғ ва бунгоҳи маҳаллаи Тем, ки зертобеи маркази саломатии шаҳрӣ мебошанд, ба аҳолӣ хизматрасонии тиббӣ ба роҳ монда шудааст.
Ҷиҳати паст намудани бемории мазкур дар шаҳри Хоруғ маркази шаҳрии пешгирӣ ва мубориза алайҳи ВНМО бо 7 воҳиди корӣ фаъолият дорад, ки ҳамарўза ба табобати мубталоёни ин беморӣ машғуланд.
Дар шашмоҳаи соли 2019 15 нафар (9-мард, 6 зан) ба қайди диспансерӣ гирифта шуда, ба табобат фаро гирифта шуданд. Шумораи умумии гирифторони бемории мазкур дар шаҳри Хоруғ 351 нафарро ташкил дода, аз ин шумора 285 нафар мардон ва 66 нафарашонро ҷинси латиф ташкил медиҳад, ки ба ҳамаи онҳо аз ҷониби мутахассисони маркази шаҳрии пешгирӣ ва мубориза алайҳи ВНМО ҳармоҳа ёрии профилактикӣ расонида мешавад.
Давоми шаш моҳи соли 2019 389 нафар ҳамчун корҷўй ба қайд гирифта шуд, ки аз ин шумора 195 нафарро занон ташкил медиҳанд. Аз шумораи умумии корҷўён 14 нафар бо сабабҳои гуногун аз кор озод карда шуда, 10 нафар аз маҳбас ва 12 нафар аз сафи Қувваҳои Мусаллаҳ ҷавоб дода шуданд.
Бо мақсади муайян намудани теъдоди умумии муҳоҷирон маълум гардид, ки ба ҳолати 30 июни соли 2019 аз шаҳри Хоруғ ба Федератсияи Россия тариқи фурўдгоҳи байналмилалии Душанбе бо мақсади кор 4040 нафар муҳоҷират кардаанд, ки аз ин теъдод 3065 нафар занон мебошанд. Инчунин, тавассути ҳамин фурўдгоҳ дар шашмоҳаи аввали соли ҷорӣ 2239 нафар сокинони шаҳр ба Ватан баргаштаанд, ки аз ин нишондод 455 нафарро ҷинси латиф ташкил медиҳад. Тариқи анҷом додани пурсиши ҳавлигӣ маълум гардид, ки шумораи умумии сокинони шаҳр, ки дар қаламрави Федератсияи Россия қарор доранд, 2140 нафарро ташкил медиҳад, ки аз ин нишондод 918 нафарро занон ташкил медиҳанд.
Дар шашмоҳаи аввали соли 2019 дар шаҳр чор маротиба ярмаркаҳои ҷойҳои холӣ ва вазифаҳои озод гузаронида шуданд, ки дар натиҷаи он 195 нафар барои касбомўзӣ номнавис гардида, 393 нафар бо ҷойҳои кории доимӣ таъмин гардиданд. Таҷриба нишон медиҳад, ки новобаста аз таъкидҳои пайваста, сохторҳои шаҳрию вилоятӣ воҳидҳои кории холиро ба ярмарка пешниҳод наменамоянд.
Зимни баргузории ярмаркаҳо ба 220 нафар шаҳрвандон маслиҳатҳои методии касбӣ расонида шуда, 95 нафар ба касбомўзӣ фаро гирифта шуданд. Аз шумораи умумии шаҳрвандони бекоре, ки ба касбомўзӣ фаро гирифта шуданд, 82 нафар занон, 35 нафар ҷавонписарон ва 38 нафарашонро ҷавондухтарон ташкил медиҳанд ва барои азхуд намудани касбҳои бофандагию, мўҳрабофӣ, дуредгарию кандакорӣ, қаннодию дўзандагӣ, инчунин аз худ намудани барномасозию омўзиши забонҳои хориҷӣ номнавис шуданд.
Бо мақсади сари вақт пешниҳод намудани воҳидҳои кории холӣ ва вазифаҳои озод аз ҷониби идораву муассисаҳо ба ярмаркаҳо, пешниҳод менамоем, ки мақомоти болоӣ сохторҳои шаҳрию вилоятӣ расман уҳдадор карда шаванд.
Дар шаҳри Хоруғ шумораи умумии ҳамаи гурўҳҳои маъюбону ятимон 1794 (як ҳазору ҳафтсаду наваду чор) нафарро ташкил медиҳад, ки аз ин шумора 17 нафар заҳматкашони ақибгоҳ, 30 нафар маъюбони ҳодисаи Чернобил, 23 нафар кўдакони маъюби ҳодисаи Чернобил, 126 нафар маъюбони то синни 18 сола, 118 нафар маъюбони гурўҳи 1, 467 нафар маъюбони гурўҳи 2, 276 нафар маъюбони гурўҳи 3, 18 нафар ятимони кулли то синни 18 сола, 405 нафар ятимони яктарафа ва 528 оилаҳои камбизоат мебошанд.
Баҳри амалӣ намудани Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 январи соли 2008, №АП-467 “Дар бораи дастгирии моддии нафақахўрони яккаву танҳо, маъюбон ва кўдакони бесаробон ин намуди қишри осебпазири ҷомеа дар арафаи таҷлили идҳои умумимиллию суннатӣ аз кўмакҳои моддию молиявӣ бархўрдор мегарданд.
Ҳамзамон, хатнаи 31 кўдак аз оилаҳои ниёзманд аз ҳисоби мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ ва дастгирии соҳибкорони хайрхоҳ гузаронида шуда, ба маблағи умумии 16000 (шонздаҳ ҳазор) сомонӣ ба онҳо сару либос ва тўҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардианд.
Аз ҳисоби мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр дар рўзи баргузории чорабинии наврўзӣ, ки санаи 21 марти соли ҷорӣ дар майдони Исмоили Сомонӣ баргузор гардида буд, чор ҷуфт навхонадорон аз қайди ақди никоҳ гузашта, ба маблағи умумии 6000 (шаш ҳазор) сомонӣ ба онҳо кўмаки молиявӣ расонида шуд. Дар таҷлили Рўзи ҳифзи кўдакон ба 18 ятимони кулли то синни 18 сола, 3600 сомонӣ, ки ба ҳар як нафари онҳо 200 сомонӣ рост омад, ҳамчун кўмаки яквақтаи раиси шаҳр расонида шуд. Инчунин аз ҷониби ташкилоти ҷамъиятии “Занон барои адолат” ба маблағи 50 сомонӣ ба ҳар яки ин кўдакон тўҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардиданд.
Дар шаш моҳи соли 2019 дар қайди мақомоти шаҳрӣ 1794 нафар маъюбон, камбизоатон, ятимон ва дигар намуди қишри осебпазири аҳолӣ дар қайд мебошанд, ки аз онҳо 118 нафар маъюбони гурўҳи 1, 467 нафар маъюбони гурўҳи 2, 276 нафар маъюбони гурўҳи 3, 126 нафар кўдакони маъюби то синни 18 сола, Дар семоҳаи соли 2019 ба суратҳисоби филиали №67 бонки аманатгузории “Амонатбок” дар шаҳри Хоруғ 127 ҳазор сомонӣ ворид гардид. Аз маблағи ҷудошуда барои кўмаки унвони иҷтимоӣ 111 000 сомонӣ пардохт гардида, 16000 сомонӣ дар марҳилаи пардохтшавӣ қарор дорад.
Дар шаҳри Хоруғ 1 осорхона, 4 китобхона, 1 маркази фарҳангӣ, 1 хонаи методӣ, 1 клуби сайёр, 1 мактаби санъати ба номи Ноёбшоев Қурбоншо, Боғи фарҳангӣ ва истироҳатӣ, Боғи ботаникӣ, Боғи Ғалаба, ансамбли тарона ва рақси “Гулдаста” ва “Наврас” фаъолият мекунанд. Дар муассисаҳои фарҳангӣ 69 нафар корманд кор мекунад (23 нафар мард ва 46 нафар зан), ки аз ин 38 нафар дорои маълумоти олӣ, 18 нафар маълумоти миёнаи махсус ва 13 нафар маълумоти миёна мебошанд.
Шумораи ҷавонон дар шаҳр 9556 нафарро ташкил медиҳад. Теъдоди ҷавонон дар ҳайати роҳбарикунанда 9 нафар, дар ҳайати маҷлиси вакилони халқ 15 нафар, аз ҷумла 2 нафар ҷавондухтаронро ташкил медиҳад.
Баҳри боло бардоштани ҳисси ватанпарастии ҷавонон ва дар сатҳи зарурӣ баргузор намудани маъракаи муҳими сиёсӣ-даъвати баҳории ҷавонписарон ба хизмати ҳарбӣ дар соли 2019, корҳои таблиғотию 2019 оғоз гардида, натиҷаи анҷом додани чунин корҳо буд, ки шаҳри Хоруғ дар муддати се рўзи аввали маъракаи даъват нақшаи умумии даъвати ҷавононро аз шаҳр бо теъдоди 26 нафар ба хизмати ҳарбӣ иҷро намуд.
Дар шаҳри Хоруғ 1 мактаби варзишии кўдакон ва наврасони шаҳрӣ фаъолият дорад, ки дар он 386 нафар варзишгар аз рўи 8 намуди варзиш тамрин намуда истодаанд, ки ба тамрини онҳо 21 мураббӣ машғуланд.
Дар моҳи январи соли 2019 зиёда аз 17 маротиба мусобиқаҳои варзишӣ байни хонандагони муассисаҳои таълимӣ баргузор гардид. 90 нафар варзишгарони шаҳр, ки дар мусобиқаҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ сабқат намудаанд, бо мукофоти пулии раисони шаҳру вилоят қадр гардиданд.
Дар сметаи хароҷотии бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр ба ғайр аз самти варзиш барои баргузории дигар чорабиниҳои маърифатию солимгардонӣ, ки боиси боло рафтани ватандўстию хештаншиносии ҷавонон мегардад, ҷудо намегардад, ки ин омил боиси танқисӣ дар баргузор намудани чорабиниҳо мегардад. Аз ин лиҳоз, пешниҳод менамоем, ки масъалаи мазкур дар вақти таҳия гардидани буҷҷет барои солҳои минбаъда ба нақша гирифта шавад.
Дар шаҳри Хоруғ баҳри пиёда намудани хизматрасонии сайёҳӣ ва ҷалби бештари сайёҳон марҳила ба марҳила шароити мусоид бо маблағҳои маҳаллӣ ва бахши хусусӣ фароҳам гардида истодаанд. Ҷиҳати ҷалби сайёҳон ба ҳунарҳои мардумии тоҷикони Бадахшон рушди ҳунари дастии бонувон аз ҷумла, ҷўроббофию, тоқидўзӣ ва мўҳрабофию кандакорӣ рушди ҳамаҷонибаро пайдо намуда, имрўзҳо 71 нафар ҳунармандони моҳир ба эҳё намудани ин ҳунарҳо машғуланд, ба қайд гирифта шуда, дар чорабиниҳои шаҳрию вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ дастоварди худро пешкаши меҳмонону сайёҳон мегардонанд.
Дар шаҳри Хоруғ барои сайёҳон 11 адад ширкатҳои сайёҳӣ аз ҷумла, Ассосиатсияи сайёҳӣ-экологии Помир, Тур Де-Памир, Бадахшон-Травел, Де-Памирӣ, Ассотсиатсияи ронандагони “Сафар”, “Помир Лоҷ”, инчунин меҳмонхонаҳои “Де-Памирӣ”, “Помир-Лодҷ”, “Бадахшон-Травел” ва меҳмонхонаҳои замонавии “Серена”, “Лаъл”, “Кивекас” ва “Памир Плас”ба сайёҳони дохилию хориҷӣ бо сатҳи хизматрасонии лозимӣ шароит муҳайё кардаанд. Дар ширкатҳои номбурда барои сайёҳон мусаввараҳо, расмҳои беҳтарин оид ба мавзеъҳои сайёҳӣ, роликҳо ва наворҳои видеоии таблиғотии сайёҳӣ, харитаву бууклетҳо ва роҳбаладон барои сайёҳон ва дигар намуди хизматрасонии сайёҳӣ пешниҳод карда мешавад. Ҳамзамон, зиёда аз 10 адад меҳмонхонаҳои хусусӣ, 40 адад хомстейҳо ва 17 адад обектҳои таърихию фарҳангӣ арзи вуҷуд доранд.
Барои равнақ додани соҳаи сайёҳӣ, ба роҳ мондани ҳамкории доимӣ бо ширкатҳои сайёҳӣ ва ба таври дақиқ муайян намудани шумораи умумии ҳарсолаи сайёҳони воридшуда ба шаҳр таъсис додани як воҳиди корӣ-мутахассис оид ба рушди сайёҳӣ дар назди бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр ба мақсад мувофиқ мебуд.
Дар шаҳри Хоруғ ҳамагӣ як иттиҳодияи динӣ Рушди Кумитаи ҷамоатхонаҳо фаъолият дорад, ки дар доираи қоунгузорӣ фаъолияти худро ба роҳ мондааст. Соли 2018 дар ҷодаи ҳамкориҳои дуҷонибаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Бунёди Оғохон дар шаҳри Хоруғ Ҷамоатхона ва маркази Исмоилияи Хоруғ ифтитоҳ гардид, ки дар баробари тоату ибодат, ҳамчун макони баргузории чорабиниҳои маърифатию фарҳангӣ маҳсуб меёбад. Имсол дар арафаи таҷлили Наврўзи Аҷам дар Ҷамоатхона ва Маркази Исмоилияи Хоруғ чорабиниҳои фарҳангии ҷамоати шаҳракҳои Исмоили Сомонӣ ва Шириншоҳ Шоҳтемур баргузор гардид. Инчунин, марказ дорои толорҳои баргузории машварату конфронсҳо мебошад.
Ҳаҷми хизматрасониҳои пулакӣ дар нимсолаи аввали соли 2019 29 737 838 сомониро ташкил медиҳад, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 123.6 фоиз зиёдтар мебошад. Аз ҷумла, дар сектори давлатӣ 13 419 879 сомониро ташкил медиҳад.
Ҳаҷми хизматрасонии маишӣ ба 7 693 400 сомонӣ баробар меояд. Хизматрасонии пулакӣ дар соҳаҳои маориф 1 105 600 сомонӣ, тандурустӣ 1 228 000 сомонӣ, коммуналӣ 127 494 ва хизмати бонки 57 638 сомониро ташкил медиҳад. Аз тарафи филиали Амонатбонки шаҳри Хоруғ ба соҳибкорон маблағи 22 000 сомонӣ қарз дода шуд.
Дар давраи ҳисоботӣ содиркунии 66 ҷиноят (57 дар соли 2018) дар ҳамаи самтҳо ба қайд гирифта шуда, кушодашавии онҳо 75 фоизро ташкил медиҳад (73,5 % дар соли 2018). 54 адад ҷиноят (39дар соли 2018) тафтиш карда шудааст.
Дар давраи ҷисобо 4 нафар ҷавон даст ба худкушӣ заданд. Аз ин шумора 1 нафарро ҷавондухтар ташкил медиҳад. Шумораи ҷиноятҳо, ки аз тарафи ҷавонон содир карда шудааст 11 ададро ташкил медиҳанд. Аз тарафи ҷавонон шомилшавӣ ба сафи ҳизбҳо, ҳаракатҳои ифротӣ ва тундгаро ба мушоҳида нарасид.
Баҳри иҷрои банди 7-уми Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 07 сентябри соли 2015, № 520 “Дар бораи нақша- чорабиниҳо оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон , ки 28-31 июли соли 2015 дар ҷараёни сафари корӣ ба ноҳияҳои Ванҷ, Дарвоз, Рушон, Шуғнон, Рошқалъа ва шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон баён доштанд” дар бораи сохтмони пули мошингузар дар мавзеи “Селхозтехника”-и шаҳри Хоруғ бо арзиши умумии 14,5 млн. доллари ИМА ба Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барои мумфаршкунонии 15 км роҳҳо, ҳамчунин 11 км равшанкунонии маҳаллаҳои шаҳр ба Дирексияи сохтмони иншоотҳои ҳукуматӣ мактубҳо ирсол карда шуданд.
Бо мақсади бунёд намудани бинои 12 - ошёна бо назардошти филиали ҶСК «Ориёнбонк», апартамент ва хонаҳои истиқоматӣ мутобиқи қарори раиси шаҳри Хоруғ аз 7 июли соли 2016, №349 дар маркази шаҳри Хоруғ дар масоҳати 0,38 га қитъаи замин ҷудо карда шудааст. Хишти аввали бунёди иншооти номбурда соли 2016 аз ҷониби Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гузошта шуд.
Бояд қайд намуд, ки бунёд намудани бинои 12- ошёна бо назардошти филиали ҶСК «Ориёнбонк», апартамент ва хонаҳои истиқоматӣ мутобиқи нақшаи генералии шаҳр ба ҷои бинои таълимии Донишгоҳи давлатии Хоруғ, собиқ шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хоруғ ва 4 манзили истиқоматии алоҳида шаҳрвадони шаҳр ба нақша гирифта шуда буд. Айни ҳол қитъаи замини барои сохтмон ҷудокардашуда барои оғоз намудани корҳои сохтмонӣ омода карда шудааст. Вале, мутаассифона аз ҷониби ҶСК «Ориёнбонк» то ҳоло корҳои сохтмонии бино оғоз карда нашудааст.
Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ минбаъд ҳам барои амали намудани бандҳои Паёми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастуру супоришҳои Сарвари давлат, Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва раиси вилоят, инчунин баҳри бартараф намудани камбудиҳо ва мушкилоти мавҷуда, ҷиҳати беҳдошти некӯаҳволии мардум, ягонагии кишвар тамоми азму ирода ва фаъолияти хешро равона намуда, баҳри иҷрои вазифаҳо тамоми имкониятҳои мавҷударо истифода менамояд.
Хадамоти матбуоти
раиси шаҳри Хоруғ