Воқеан то ҳоло на барои ҳамаи мардум равшан аст, ки дар назди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ идораи махсусе фаъолият дорад, ки ба шахсони дар ҳолати душвори зиндагӣ қарор дошта, алалхусус маъбону пиронсолон, шахсони яккаву танҳо ва ятимони куллу бесаробон, иштикорчиёни Ҷанги Бузурги Ватаниву кӯдакони имконияташон маҳдуд аз оилаҳои камбизоат ҳамарӯза хизмат менамояд.
Манзурамон албатта Маркази хизматрасонии иҷтимоӣ дар хонаи назди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ аст, ки аз рӯи 25 намуд хизмати ройгони иҷтимоӣ мерасонад. Аз ҷумла, хизматрасонии маишӣ: шустушӯи либос ва рахти хоб, рубӯчини хона, тайёр намудани хӯрок, мусоидат барои пардохти хизматҳои коммуналӣ, таъмири манзил, хизматҳои иҷтимоии равонӣ, вобаста кардан ба ташкилоту муассисаҳо; хизматрасонии тиббӣ - равонӣ: таъминоти ройгон бо доруворӣ, ҷудо кардани роҳхат ба муассисаҳои табобатӣ, санаторию курортӣ; хизматрасонии педагогӣ - ҳуқуқӣ ва инчунин дастрас намудани (харидории) маводи озуқа ва молҳои ғайриозуқаворӣ ва ғайра.
Бале, ҳамаи ин хизматрасониҳо аз ҷониби Маркази хизматрасонии иҷтимоӣ дар хонаи назди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ амалӣ шуда, ҳамарӯза нӯҳ нафар корманди он дар маркази ВМКБ ба 65 нафар эҳтиёҷмандон ва ашхоси дорои имконияташон маҳдуд эҳсонкорӣ доранд.
Ҳозир Марказ дорои ду бахш: Бахши хизматрасонии иҷтимоӣ дар хона ва Бахши тавонбахшии кӯдакони дорои имконияташон маҳдуди то синни 18 — сола мебошад.
Бахши тавонбахшии кӯдакони дорои имконияташон маҳдуди то синни 18 — сола инчунин бо муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимомии шаҳр, шуъбаи маориф ва дармонгоҳҳои шаҳр, Маркази "Нур", ташкилоти "Савоб", Бахши ҳифзи ҳуқуқи кӯдак ва машваратгоҳи педагогӣ - психологӣ ва тиббӣ ҳамкорӣ менамояд.
Феълан масъулини Марказ ба 23 нафар нафақахӯрони яккаву танҳо, 14 нафар нафақахӯрони ба хизмати иҷтимоӣ ниёздошта, 5 нафар пиронсолони барҷомонда ва 23 нафар кӯдакони дорои имконияташон маҳдуди то синни 18 — солаи шаҳр ёрӣ расонида, ин амали хайру сахо ва кори онҳо шоистаи таҳсин аст.
Ба чунин кӯдакон асосан маҳорату малакаҳои худхизматрасонӣ, муошират ва тарзу усулҳои дигари мутобиқшавии иҷтимоӣ, маҳорату малакаҳои худхизматрасонӣ ва тарзу усулҳои дигари мутобиқшавии иҷтимоӣ омӯзонида мешавад.
Мавриди зикр аст, ки танҳо дар нимсолаи аввали соли 2019 аз тарафи Марказ ба ҳоҷатмандон як ҳазору чорсаду дувоздаҳ (1 412) маротиба хизматрасониҳои иҷтимоӣ расонида шудааст.
Айни ҳол сарварии Маркази хизматрасонии иҷтимоӣ дар хонаи назди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғро директори он Қурбонбегим Сатторова бар ӯҳда дорад ва мо аҳли Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ дар фаъолиятҳои минбаъда ба мавсуф барору комёбиҳои нав таманно дорем.
Хадамоти матбуоти
раиси шаҳри Хоруғ