«БОМИ ҶАҲОН»— МЕВАИ ШАҲДБОРИ ИСТИҚЛОЛИЯТУ ВАҲДАТ

Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Ёдгор Файзов ва шаҳрдори шаҳри Хоруғ Кишвар Шамирӣ дар боғи фарҳангӣ - фароғатии шаҳр 12 - умин фестивали байналмилалии "Боми Ҷаҳон"- ро ифтитоҳ намуданд.

Сараввал, меҳмонон ва ҷамъомадагонро раиси шаҳр Кишвар Шамирӣ ба маркази вилоят хайри мақдам гуфта, изҳор дошт, ки маҳз бо сиёсати хирадмандона ва дурбинонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳазорҳо сайёҳону меҳмонон аз мавзеҳои тамошобоби шаҳри Хоруғ ва дигар ноҳияҳои вилоят дидан намуда, бо расму русум ва анъанаҳои миллии мардуми мо аз наздик шинос мешаванд:

 "Ба туфайли баргузории чунин чорабиниҳои фарҳангӣ дустиву рафоқат миёни халқҳои гуногуни олам тақвият ёфта, феълан Тоҷикистони моро таҳти сарварии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арсаи дунё ҳамчун кишвари соҳибистиқлолу биҳиштосо, меҳрофар ва дорои тамаддуни бостонии башарӣ мешиносанд", - мегӯяд Кишвар Шамирӣ.

Ба қавли раиси ВМКБ Ёдгор Файзов маҳз соҳибистиқлолӣ имконият дод, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон мизбони чандин чорабиниҳои сатҳи байналмилалӣ гардида, ҳар яке аз онҳо самараи азимеро ба бор оварда истодааст. Мисоле оне, ки таи чанд соли охир роҳбарону намоядагони кишварҳои ҷаҳон, сарварони ташкилотҳои бонуфузи дунё хосса ба маркази ҷумҳурӣ, шаҳри Душанбе ва инчунин ВМКБ ташриф оварда, аз дидорбинии мавзеҳои гуногуни мамлакат таассуроти зиёд бардоштанд ва ҳамаи ин самараи меҳваи шаҳдбори Ваҳдати комили миллӣ ва Истиқлолияти давлатии кишварамон аст.

Мавриди зикр аст, ки инчунин дар рӯзҳои баргузории фестивал намоиши молу маҳсулот ва ҳунарҳои мардумӣ ба маърази тамошою савдо гузошта шуда, маҳсулоти зиёдро сокинони мамлакат ва меҳмонон бо нархҳои дастрасу арзон харидорӣ мекунанд.

Хадамоти матбуоти

раиси шаҳри Хоруғ

Роҳбарият ва масъулини макомоти иҷроия

Раиси шаҳри Хоруғ
Шамирӣ Кишвар Ғуломрасул
Роҳбари дастгоҳи раиси шаҳри Хоруғ
Имомназаров Соибҷон Сотволҷонович
Муовини якуми раиси шаҳри Хоруғ
Бурибекзода Зуробек Худобахш
Муовини раиси шаҳри Хоруғ
Мавлобахшзода Райҳонбегим Имумназар
Муовини раиси шаҳри Хоруғ
Қодиров Файзулло Назархудоевич
Мудири Шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгоҳи раиси шаҳри Хоруғ
Раматшоев Ризо Ақризобекович
Мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси шаҳри Хоруғ
Акрамов Анвар Ширинҷонович
Мудири Шуъбаи умумӣ, назорат ва муроҷиати шаҳрвандони дастгоҳи раиси шаҳри Хоруғ
Олифтаева Сафина Алидустовна
Мудири Шуъбаи кор бо маҳаллаҳои дастгоҳи раиси шаҳри Хоруғ
Наврузмамадов Наврузмамад Диллоевич
Мудири бахши ҳифзи иҷтимоии аҳолии шаҳри Хоруғ
Додихудоев Мавлобахш Имомидинович
мудири бахши рушди иқтисод ва савдои шаҳри Хоруғ
Қурбоншоев Сафар Манзаршоевич
Сардори раёсати молияи шаҳри Хоруғ
Имронов Насратшо Туроншоевич
Мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Хоруғ
Имомёрбеков Имомёрбек Гулёрбекович
Мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи шаҳри Хоруғ
Донаёрова Сабоҳат
Мудири бахши маъморӣ ва шаҳрсозии шаҳри Хоруғ
Ғоибназаров Алишер Пайравович

Райпурсӣ

Оё сомона ба Шумо писанд омад?

Қурби асъор