Вобаста ба фаъолияти Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ дар ҷамоати шаҳраки Шириншоҳ Шоҳтемури шаҳри Хоруғ бо ширкати муовини раиси шаҳр Райҳонбегим Мавлобахшзода ва намояндагони Ассотсиатсияи ҳуқуқшиносони Помиру аъзоёни Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандии назди ВКД семинари корӣ баргузор шуд.
Инчунин, дар семинар намояндагони Корхонаи хоҷагии манзилию камуналии шаҳр, кормандони Бозрасии давлатии автомобилии Раёсати ВКД дар ВМКБ иштирок намуданд.
Дар кори чорабинӣ асосан мавзӯъҳои ҳамкории милитсия бо ҷомеа, донистани ҳукукхои худ ва дигар масоили марбут мавриди омӯзишу баррасӣ қарор гирифтанд.
Хадамоти матбуоти
Раиси шаҳри Хоруғ