8 июня Государственным комитетом национальной безопасности Республики Таджикистан, в связи с совершением преступлений коррупционного характера, был задержан Председатель города Куляб Хатлонской области Бахром Иноятзода. Об этом сообщает НИАТ «Ховар» со ссылкой на пресс-центр ГКНБ Таджикистана.
ДУШАНБЕ, 08.06.2020. /АМИТ “Ховар”/. 8 июни соли ҷорӣ Раиси шаҳри Кӯлоб Баҳром Иноятзода аз ҷониби Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон бинобар содир намудани ҷиноятҳои дорои хусусияти коррупсионӣ дастгир карда шуд, хабар медиҳад АМИТ “Ховар” бо истинод ба маркази матбуоти КДАМ.
Дар сомонаи АМИТ мақолаи «Тоҷик, тоҷикият, коронавирус ва нангу номус»-ро, ки ба қалами Азимҷон Раҳмонзода, Зиёев Субҳиддин ва Фирдавс Мирзоёров тааллуқ дорад, хонда ба сомонаҳое, ки муаллифон зикр кардаанд, (аз қабили Ахбор. ком, Паём. нет, Ислоҳ. нет ва амсоли инҳо) муроҷиат карда, то хеле ба худ наомадам.
Дар Ҷумҳурии бародари Ӯзбекистон расман маъракаи оммавии мубориза бо коронавирус анҷом ёфта бошад ҳам, вале мушкилоти вобаста ба пандемия ҳамчунон боқӣ мондааст.
НОМАИ ТАБРИКОТИИ
раиси шаҳри Хоруғ-Кишвар Шамирӣ ба муносибати Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон
Ҳамдиёрони гиромӣ!
Фарзандони азиз!
Чун анъана 1 июн ҳар сол дар тамоми сайёра Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон таҷлил мегардад. Ба ин муносибат насли хурдсоли ҷомеаамонро ба ифтихори ин рӯзи саид аз номи мақомоти ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ ва шахсан аз номи худам самимона табрик намуда, ба кӯдакони ҳар як оила тансиҳатӣ, хушбахтию шодмонӣ, ҳаёти осоишта ва аёми ширини кӯдаконаро хоҳонам.
Бояд зикр намуд, ки Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ –Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ибтидои солҳои соҳибистиқлолии кишвар барои нигоҳубин, тарбия, ҳифзи саломатӣ, ҳимояи ҳуқуқу манфиати кӯдакон пайваста ғамхорӣ зоҳир намуда, дар ин бобат як қатор барномаҳо, қонуну қарорҳо таҳия ва қабул гардидаанд, ки қабул гардидани Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 июли соли 2003 №309 «Дар бораи тасдиқи нақшаи миллии фаъолият оид ба ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои кӯдак» далели ин гуфтаҳо мебошад.
Мақомоти иҷрияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ дар партави дастуру ҳидоятҳои Роҳбари давлат дар ҳаққи кӯдакон ғамхорӣ зоҳир намуда, баҳри беҳтар намудани фаъолияти муассисаҳои томактабӣ пайваста саъю кӯшиш ба харҷ медиҳад. Тайи солҳои охир маблағгузории муассисаҳои томактабӣ зиёд шуда истодааст. Илова бар ин барои тармиму таҷдид ва таҳкими базаи моддию техникӣ, таъминот бо маводи хӯрока, маблағҳои иловагӣ ҷудо гардида, ба кӯдакони маъюб ва камбизоат кӯмак расонида мешавад.
Ҳамасола баҳри болидахотирӣ ва дилхушии кӯдакон ба муносибати Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон чорабиниҳои маърифатию фарҳангӣ ва солимгардонӣ дар шаҳри Хоруғ доир гардиданд, ки дар онҳо байни кӯдакон бозию озмунҳои гуногун баргузор мешуданд.
Мутаассифона имсол бо сабаби вазъияти баамаломада ва хуруҷ ёфтани бемории нави коронавирус баргузории чунин чорабиниҳо маҳдуд гардид. Лекин итминонамон комил аст, ки бо муътадил гардидани вазъият мо солҳои минбаъда низ ба хотири ҳифзи кӯдакон ва ҳимоя намудани манфиати онҳо баргузории чунин чорабиниҳоро бештар ба нақша мегирем, зеро кӯдакони мо асоси хушбахтии оилаи мо ҳастанд ва ояндаи кишвари маҳбуби мо дар дасти онҳост.
Бо истифода аз фурсат аз волидайни кӯдакон даъват ба амал меорам, ки дар ин марҳалаи таътил ва маҳдудияти гаштугузори безарурият фарзандонашонро ба китобхонӣ ва омодагии ҷиддӣ ба озмунҳои ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» ва «Фуруғи субҳи доноӣ китоб аст», ки ба Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гардидаанд, ҷалб намоянд ва онҳоро аз ашъори пурғановати бузургон бархӯрдор намоянд, зеро фарзанде, ки аз лаҳни ширини волидайни худ панду насиҳати бузургон мешунавад, ба қадри Ватани худ, падару модар ва таърихи фарҳанги миллати худ мерасад ва онҳоро пос медорад.
Бо изҳори чунин суханони нек бори дигар Рӯзи байналмилалии ҳифзи қӯдаконро ба насли хушбахти даврони соҳибистиқлолӣ ва тамоми мардуми шарифи Тоҷикистон табрик гуфта, барои онҳо бахти нек, тани сиҳат ва барои камолоти кӯдакон фазои орому осудаи Ватан ва сулҳу суботи пойдорро таманно менамоям.
Идатон муборак, фарзандони азиз!
МУРОҶИАТНОМАИ
Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хоруғ ба аъзои ҳизб ва кулли сокинони шаҳри Хоруғ баҳри пешгирии бемории аср- коронавируси нави КОВИД-19
Сокинони арҷманди шахри Хоруғ!
Аъзои ҲХД Тоҷикистон дар шаҳри Хоруғ шукригузору сипосгузоранд, ки ба шарофати ғамхориҳои беназири Раиси Ҳизби Халқии Демократии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Ватани азизамон Тоҷикистони орому обод мардум хушу хуррам зиндагӣ дошта, диёрашон рӯз ба рӯз ободу зеботар гашта истодааст.
Тавре ки ҳама иттилоъ доред, аз моҳи декабри соли гузашта бемории сироятии коронавирус аввал дар кишварҳои алоҳида ва дар як муддати кўтоҳ дар тамоми сайёра паҳн гардида, сокинонашро ба ташвишу изтироби ҷиддӣ рў ба рў сохтааст. Гарчанде, ки Ҳукумати Тоҷикистон аз оғози ба амал омадани вазъи зикршуда тамоми тадбирҳои заруриро барои пешгирӣ кардани паҳншавии ин мараз роҳандозӣ намуда буд, вале, мутаасифиона, охирҳои моҳи апрел коронавирус дар кишвари мо низ пайдогардид .
Дар асоси дастури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Раиси ҲХДТ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сатҳи Ҳукумати кишвар, аз ҷумла дар КИ ҲХДТ дар шаҳри Хоруғ, вобаста ба паҳншавии бемории коронавирус ва илтиҳоби шуш Ситоди доимоамалкунанда фаъолият дорад ва айни замон дар ин самт тамоми тадбирҳои зарурӣ рўйи кор оварда шуда истодаанд.
Вазъияти бамиёномада аз хар яки мо тақозо мекунад, ки ниҳоят ҳушёру эҳтиёткор ва боз ҳам босабру таҳаммул бошем, ба воҳимаву таҳлука дода нашавем.
Аз ҳар як сокини шаҳр эҳтиромона хоҳиш карда мешавад, ки пеш аз ҳама қоидаҳои беҳдошти шахсиро қатъиян риоя намоянд. Хусусан, дар нақлиёти ҷамъиятӣ, ҷойи кор вақти гаштугузор дар кўчаву хиёбонҳо, ҳатман аз ниқобҳои тиббӣ, дастпушакҳо истифода намоянд. Дар вақти мулоқот, вохўрӣ ва суҳбатҳо фосилаи муайянкардаи табибон (яку ним-ду метр ) риоя карда шаванд.
Аз волидайни муҳтарам эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки фарзандони худро назорат кунанд, онҳоро ба китобхонӣ ташвиқ намоянд ва кўшиш кунанд, ки дар ҳама ҷо тозагиву ќоидаҳои беҳдоштӣ, гигиенаи шахсиро ҳатман риоя намоянд.
Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хоруғ ба сокинони шаҳри азизамон изҳор менамояд, ки мо бо саъю талоши дастаҷамъона, албатта бо кумаку дастгирии шаҳрвандони бонангу номуси шаҳрамон, ин мушкилотро паси сар хоҳем кард.
Ҳамзамон, ба ҳамаи кормандони соҳаи тандурустӣ, табибон, ҳамшираҳои шафқат кормандон ва ҳайати хизматрасонии беморхонаву дармонгоҳҳо, марказҳои тиббии давлатӣ ва хусусӣ барои фаъолияти шабонарўзиашон изҳори сипосу миннатдорӣ баён менамоем.
Ҳамдиёрони гиромӣ!
Дар шароити ташаннуҷи рўзафзуни авзои сиёсии ҷаҳон ва тағйиру таҳаввулоти босурати он, торафт вусъат гирифтани низоъҳои байнидавлатӣ ва авҷи ҷиноятҳои муташаккили фаромарзӣ ҳимояи давлату миллат, сулҳу субот барои мо масъалаи аввалиндараҷа ва ҳаётан муҳим ба шумор меравад.
Боиси таасуф аст, ки дар рӯзҳои охир аз ҷониби афроди алоҳида, ки ҳанўз аз ниятҳои бадхоҳонаи худ нисбат ба миллати тоҷик даст накашидаанд ва мехоҳанд нақшаҳои харобкорона ва хоинонаи хешро бо дасти зархаридону гумоштагонашон амалӣ гардонида, ба сари мардуми мо бадбахтиеро бор намоянд, дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҳар гуна овозаву хабарҳои дурўғу ғаразнок пахш мекунанд. Вале хоинони миллати тоҷик ва хоҷагони хориҷии онҳо фаромўш кардаанд, ки мардуми шарафманди Тоҷикистон дигар намегузоранд, ки касе зиндагии орому осудаи онро мисли солҳои навадуми асри гузашта бо фитнаангезиву дасисабозӣ халалдор намояд ва халқи ободгари моро аз маҷрои созандагиву бунёдкорӣ берун созад.
Аз ин лиҳоз, ҳар як сокини бедордилу худшиноси шаҳри Хоруғ бояд ҳаргиз зиракии сиёсиро аз даст надиҳад ва барои пойдории амният, ваҳдати миллӣ, сулҳу суббот ва оромиву осудагии кишвари маҳбубамон ҳамеша омода бошад. Муҳимтар аз ҳама, дар ин марҳалаи ҳасос мо бояд дасти якдигарро гирем, кумаку ѓамхорӣ ба ятимону маъюубон, ва оилаҳои камбизоатро фаромўш насозем.
Мардуми мо рўзҳои аз ин ҳам сахтарро борҳо аз сар гузаронидаанд ва боварии комил дорем, ки мо ҳама бо иттиҳоду сарҷамъи мушкилоти имрузаро низ бо сабру тамкин, иродаи мустаҳкам сипарӣ мекунем ва тамоми нерўи худро минбаъд низ ба самти ободии Меҳан сафарбар менамоем.
Ҳукумати Тоҷикистон дар ин лаҳзаҳои барои халқамаон душвор шабу рўз дар фикри ҳар як фарди Ватан ҳаст ва ба хотири ҳифзи саломативу ҳаёти сокинони кишвар тамоми тадбирҳоро андешида истодааст.
Ҳамеша саломату хонаобод бошед!
ДУШАНБЕ, 27.05.2020. /АМИТ «Ховар»/. Маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад,
ДУШАНБЕ, 27.05.2020 /НИАТ «Ховар»/. Пресс-центр Пограничных войск Государственного Комитета национальной безопасности Республики Таджикистан
ДУШАНБЕ, 27.05.2020 /НИАТ «Ховар»/. Пресс-центр Пограничных войск Государственного Комитета национальной безопасности Республики Таджикистан
МУРОҶИАТНОМАИ
раиси шаҳри Хоруғ – Кишвар Шамирӣ ба сокинон ва меҳмонони шаҳри Хоруғ баҳри ҳифзи саломатӣ ва пешгирии бемории аср - коронавирус-Ковид-19
Муҳтарм сокинони шарафманди шаҳри Хоруғ!
Ба ҳамагон маълум аст, ки охири моҳи декабри соли 2019 дар ҷаҳон бемории нав, ки онро бемории аср ном мебаранд яъне коронавирус КОВИД-19 пайдо гардид, ки боиси сар задани боз як мухолифату низоъ дар байни кишварҳо, таъсири мусбӣ ба солимии башарият ва коҳиш додани иқтисодии абарқудратҳо гардидааст.
Мутаасифона баъди се моҳи сар задании ин беморӣ дар кишвари мо ҳам сироятёбӣ ба ин вабои аср ба қайд гирифта шуда, имрӯз боиси нигаронии мардуми мо гардидааст.
Аз ин лиҳоз, баҳри мубориза бо ин вабои аср ва нигоҳ доштани саломатии аҳолӣ бо супориши Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ –Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ситоди ҷумҳурияви доир ба пегирии бемории коронавирус таҳти сарпарастии Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода таъсис дода шудааст, ки баҳри муолиҷаи сироятёфтагон ва пешгирии хуруҷ ёфтани ин беморӣ тамоми чораҳои зарурӣ роҳандозӣ гардида истодаанд.
Эълон намудани таътил дар муассисаҳои таълимию томактабӣ, миёнаи касбию таҳсилоти олӣ ва маҳдуд намудани фаъолияти бозору марказҳои савдо, ошхонаву тарабхонаҳо ва дигар хизматрасониҳои маишӣ яке аз омилҳое мебошанд, ки баҳри пешгирӣ ва паҳн нагардидани бемории мазкур воситаи муҳим мебошад.
Мехоҳам толибилмону донишҷӯёнро ҳушдор диҳам, ки эълон гардидани таътил барои толибилмону донишҷӯён барои омодагӣ ба озмунҳои ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Тоҷикистон Ватани азизи ман» ва «Фуруғи субҳи доноӣ китоб аст» фурсати муҳим мебошад, зеро онҳо имконият доранд, ки то баргузории озмун худро аз рӯи номинатсияҳои ин озмунҳо, ки бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гардидаанд, омода ва мутобиқ намуда, ашъори пурғановати шоирони муосиру классикиро аз худ намоянд.
Аз падару модарони муҳтарам даъват мекунем, ки фарзандони худро назорат кунанд, онҳоро ба китобхонӣ ва машғулиятҳои тарбияи ҷисмонӣ ташвиқ намоянд ва кӯшиш кунанд, ки дар ҳама ҷо, чи дар хона ва чи берун аз он тозагиву қоидаҳои беҳдоштӣ ҳатман риоя гарданд.
Дар ин мархалаи ҳасос ҳар яки мо вазифадорем, ки нисбати саломатии худ, фарзандон ва наздикони худ масъулияти бештареро эҳсос намоем ва қоидаву талаботҳои санитарию гигиениро, ки аз ҷониби Созмони умумимҷахонии тандурустӣ ва инчунин Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дастур дода шуда тариқи васоити ахбори омма, ҳамарӯза инъикос мегарданд, риоя намуда бечунучаро иҷро намоем.
Ҳамзамон, бо истифода аз фурсат аз соҳибкорону ризокорон ва дигар шахсони ҳимматбаланд, низ даъват ба амал меорем, ки дар самти кӯмак намудан ба беморону табибон инчунин афроди ниёзманду барҷомонда макомоти давлатиро дастгирӣ намоянд, баҳри амалӣ намудани нақшаву ниятхои давлату ҳукумат ҷиҳати коҳиш додани хуруҷи бемории аср корнамоӣ намоянд, то ин ки ҳамаи мо дар якҷоягию муттаҳидӣ баҳри мубориза бо ин вабои аср пирӯз баромада, оқибатҳои онро бартараф намоем ва минбаъд низ ба хотири ободию пешрафти шаҳрамон, яъне маркази маъмурии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва умуман кишвари соҳибистиқлоли худ аҳлона заҳмат кашем.
Бояд ёдовар шавам, ки миллати тоҷик бо ақли солим, хиради азалӣ ва фарҳанги баланди худ дар тӯли таърихи куҳани худ чандин мушкилоту рӯзҳои сангинро паси сар намуда, имрӯз давлати побарҷо ва соҳибистиқлолро соҳиб гаштааст.
Ин моро водор месозад, ки дастуру ҳидоятҳои Пешвоёни сиёсию мазҳабиамон мухтарам Эмомали Раҳмон ва Волоҳазрат Оғохони 4-ро максаду мароми худ қарор диҳем ва дар муттаҳидию якмаромӣ бо ин бемории аср мубориза барем.
Рӯзхои охир дар расонаҳои хабарӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ хабарҳои бардурӯғ аз ҷониби ашхоси алоҳида, ки мехоҳанд бо афкору аъмоли фитнаангезашон обрӯи давлату ҳукуматро паст ва суботи кишвару осудагии мардумро ноором гардонанд, пахш мегарданд.
Аз ин лиҳоз, ҳар як сокини бедордилу худшиноси шаҳри Хоруғ бояд ин ақидаҳоро инкор намуда, тамоми фаъолияту амали худро бахри ба эътидол овардани вазъияти имрӯза равона намоянд.
Тамоми сокинони шаҳрро даъват менамоям, ки босабру таҳаммул бошанд ва умеди қавӣ дошта бошанд, ки мо дар муддати кӯтоҳ бо саъю кӯшишу муштарак аз ин вабои аср раҳо ёфта, тамоми имконияту нерӯи хешро барои рушди шаҳри азизамон сафарбар менамоем.
Дар хотимаи муроҷиатномаи худ ба Ҳукумати мамлакат шахсан ба Пешвои муаззами миллат шарикони рушд минҷумла Оҷонсии Оғохон оид ба макони зист ва Хадамоти Оғохон оид ба тандурустӣ инчунин ризокорону шахсони эҳсонкор, ки барои дастгирии беморону табибон ва дигар афроди ниёзманд иқдомоти инсондӯстонаро зоҳир намуда истодаанд, аз номи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ арзи миннатдорӣ ва сипоси самимонаро изҳор менамоям.
Инчунин ба соҳибкорони саховатпеша ҷиҳати ройгон ба ихтиёри беморон супоридани меҳмонхонаҳои хусусии худ, расонидани кӯмакҳои моддию молиявӣ ба беморону табибони беморхонаи вилоятӣ, ташкили хӯроки нисифирӯзию шом барои онҳо ва кӯмаки маводи доруворӣ изҳори қаноатмандӣ менамоям, чунки ин иқдоми онҳо дар ин шабу рӯз ва моҳи шарифи Рамазон, ки моҳи хайру саховат аст, иқдоми наҷиб ҳисоб меёбад.
Ҳамзамон бо ин, ба ҳамаи роҳбарони муассисаҳои тандурустӣ, табибон ва ҳамшираҳои шафқат, кормандон ва ҳайати хизматрасонии беморхонаву дармонгоҳҳо, марказҳои тиббии давлатию хусусӣ барои фаъолияти шабонарӯзиашон изҳори сипосу миннатдории самимӣ баён менамоям, зеро хизмати онҳо дар ин лахзаҳо дар назди миллату давлат қаҳрамонию шоҳкории азим мебошад.
Бигузор, солимии аҳолӣ ва вахдату якпорчагии миллати тоҷик пойдору устувор монад ва хамаи мо дар иҳотаи фарзандону наздиконамон зери осмони софу беғубори Ватан ҳаёти осудаҳолонаамонро идома диҳем.
Саломату сарфароз ва хущбахту комёб бошед, ҳамдиёрони азиз!
Саломатиатонро нигоҳ доред, зеро саломатии Шумо дар дасти худи Шумост!
Силкаи навор: https://www.youtube.com/watch?v=1y5CeFtj1Xo
ДУШАНБЕ, 23.05.2020 /НИАТ «Ховар»/. «Народ Таджикистана почти четыре месяца смог прожить в безопасности, но в конце апреля были выявлены первые больные с симптомами COVID-19, которые госпитализированы после точной диагностики в медицинских учреждениях Таджикистана, и медики незамедлительно приступили к их лечению.
ДУШАНБЕ, 23.05.2020 /АМИТ «Ховар»/.«Мардуми Тоҷикистон қариб чор моҳ тавонистанд аз ин беморӣ эмин зиндагии осоишта ба сар баранд ва охирҳои моҳи апрел нахустин мубталоён бо нишонаҳои ин беморӣ баъди ташхиси дақиқ дар муассисаҳои тибби Тоҷикистон бистарӣ гардиданду табибон пайи табобат шуданд.