Хабарҳо

Хабарҳо (513)

В эти дни, когда весь мир столкнулся с угрозами распространения коронавируса

Пўшида нест, ки ҳар як қавму миллат дар тўлу арзи ташаккули фарҳангии худ барои ба ваҷҳи некў ва созгор мўҳрабандӣ намудани сарриштаи кору рафтор бо табиат солшумории муайянеро ихтиёр кардааст, ки ба гардиши офтобу моҳтоб ва ё муҳимтарин рўйдодҳои таърихӣ вобаста будааст.

               Марафони «Велисипедрониӣ» ва «Дави наврӯзӣ» дар шаҳри Хоруғ дар сатҳи баланд баргузор гардид.

         Имрӯзҳо дар саросари кишвари азизамон Наврӯзи фархундапай, ки ҷашни бисёр муқаддас ва мубораки ниёгонамон буда, аз қарни асрҳо ба мо мерос мондааст, бо шодиву фараҳи зиёд фаро расида истодааст. Ба ҳамин хотир мо сокинони  маркази ВМКБ шаҳри Хоруғ низ чун ҳамасола бо рӯҳбаландиву ифтихори зиёд бо як ҷаҳон орзуҳои нек иди миллии халқи бузургу соҳибтамаддунамон –Наврӯзи фархундапайро дар фазои орому осудаи Ватан истиқбол мегирем.

         Ифтихор аз он дорем, ки маҳз бо пешниҳоди  Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин ҷашни мероси фарҳангири мо бо қарори ташкилоти илмию фарҳангии ЮНЕСКО  мақоми ҷашни байналмиллалӣ гирифта дорои  таҷлили он боз ҳам васеътар гардид.

         Ин ид аз башорати рӯзи нав, фасли нав, эҳёи табиат айёми эътидоли  баҳорӣ дарак дода, таърихи зиндаву бедор, ифтихору шараф, ва ҳувияту бақои миллати  фарҳангиву тамадунсози тоҷикро инъикос менамояд.

Имрӯз дар саросари ҷумҳури ҳамчун рӯзи варзиш эълон гардида, дар ҳамаи минтақаҳои кишвар чорабиниҳои варзишӣ ба ифтихори Наврӯзи Аҷам баргузор гардида истодаанд. Ба ин хотир дар шаҳри Хоруғ низ имрӯз марафони«Велисипедрониӣ» ва «Дави наврӯзӣ» баргузор гардида мо хеле хуб эҳсос намудем, ки ҳамаи қишрҳои ҷомеа бахусус наврасону ҷавонон фаъолона иштирок намудаанд.

Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки таҳти сарпарастии давлату ҳукумат соҳаи варзиш таҳкиму тақвият ёфта, таваҷҷӯҳи ҷавонону наврасон ба ин соҳа хеле зиёд гардидааст.

Дар баробари ҳукумати мамлакат имрӯз мақомотҳои маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру вилоят низ талош бар он доранд, ки  аз ҳисоби маблғҳои буҷҷетии  маҳаллӣ ва ҷалби сармояи хориҷӣ сохтмони толору майднчаҳои варзишӣ дар шаҳр боз ҳам зиёдтар гардад ва бо ин восита оммавияти варзиш ва тарзи ҳаёти солим дар байни аҳолӣ боз ҳам таҳким ёбад.

Бояд қайд намуд, ки тибқи нақшаи дурнамо то соли 2021 яъне то ҷашни  пуршукӯҳи 30- солагии  Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии тоҷикистон бояд дар марзи вилоят 18 адад майдончаҳои варзишӣ сохта ба истифода дода шаванд, ки аз ин шумора як толори варзиши соли 2018  ва ду адад дар соли 2019 бо маблағгузории  Федиратсияи  футболи Тоҷикистон дар шаҳри Хоруғ мавриди истифодаи ҷавонону наврасон қарор дода шуданд.  Ҳамзамон, сохтмони шаш ҳадад майдончаҳои  варзишӣ дар ҳудуди  дар оянджаи наздик оғоз хоҳанд гашт.

Дар натиҷаи ҳамаи  ин иқдомот  дар ҳаққи насли наврасу ҷавонон солҳои  охир дастоварди варзишгарони мо хеле назаррас гардида, дар мусобиқаҳои байналмилалӣ парчами давлатии кишвари маҳбуби мо боло бардошта мешавад.

Ҷавонони азиз!

Бо истифода аз фурсат мехоҳам хотирнишон созам, ки ҷавонон бояд дар раванди таҷдиди ҷомеа тавассути таҳким бахшидани  фикру андешаи нав, бахусус ҳифзи истиқлолияти давлати ва дастовардҳои он, арзишҳои бунёди миллатсозӣ ва ватансозию ватандорӣ бо мақомоти маҳаллӣ ҳамкории фаъол намоянд.

Бо изҳори чунин суханони нек ҳамаи Шумо ширкаткунандагони марафони имрӯза, ки ба эҳсоси гарми ватандорӣ дар ин чорабини ширкат варзидаед, инчунин тамоми сокинони шаҳри Хоруғро ба муносибати фарорасии Наврӯзи фархундапай самимона абрику шодбош гуфта, ба ҳамагон дар ин фасли нозанини  сол табъи болида, сарбаландию сарфарозӣ ва файзу баракати наврӯзиро таманно дорам.

       Баъд аз суханронии муовини раиси шаҳри Хоруғ Мавлобахшзода Раҳонбегим, ғолибон бо ифтихорнома ва сипоснома қадр карда шудаанд.

 

          Кӯдакони маъюб ва ятиму бепарастор, доимо дар мадди назари мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва комиссия оид ба ҳуқуқи кӯдаки шаҳри Хоруғ қарор доранд. Мувофиқи нақша чорабиниҳои комиссия оид ба ҳуқуқи кӯдак ҳамасола аз рафти фаъолияти кӯдакони  маъюб дар ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва муассисаҳои давлати ва ғайридавлатӣ назорат карда мешавад.

         Дар таърихи 13-уми марти соли соли 2020 аз тарафи сармутахассиси ҳуқуқи кӯдак Гулбекова Г., мутахассиси шуъбаи рушди иҷтимои вар обита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси шаҳр аз рафти фаъолияти кӯдакони маъюби Маркази  Нур барои кӯдакони дорои маъбият таҳлил гузаронида шуд.

         Дар рафти таҳлил ва сӯҳбат  бо директории Маркази тавонбахшии Нур Камол Шанбезода маълум шуд, ки марказ фаъолияташро сол аз сол васеъ карда истодааст, ки ин як иқдоми нек дар соҳаи хизматрасонӣ ба кӯдакони дорои маъюбият дар вилоят мебошад. Дар шаҳри Хоруғ ба ин марказ55-нафар кӯдакони дорои маъюбият барои табобат ва расонидани ёрии равонӣ фаро гирифта шудаанд. Аз ин шумора 10-нафар кӯдакони дорои маъюбият ба хизматрасонӣ ва табобати рӯзона ва 6 нафар кӯдакон бо волидонашон ба табобати шабонарӯзи фаро гирифта шудаанд. Барои 20 нафар кӯдакони дорои маъюбият табобат ва хизхматрасонӣ дар хона ҷори карда шудааст. Ҳамзамон ҳамарӯза хизматрасонии рӯҳи ва консултасиони ба кӯдакони ниёзманд дода мешавад.

         Бояд қайд намуд, ки кӯдакон дар марказ бо волидонашон омада, табобат мегиранд. Дар вақти сӯҳбат бо волидони кӯдакони маъюб маълум шуд, ки онҳо аз хизматрасонии ин марказ қаноатманд буда, қайд намуданд, ки дар вақти табобат дар ин марказ  ба натиҷаҳои дилхоҳ камее ҳам бошад ноил мегарданд ва ҳатто такроран низ волидон ба ин марказ омада табобат гирифта истодаанд. Дар марказ бо кӯдакони маъюб 9 нафар мутахассисони соҳибтаҷриба кору фаъолият менамоянд

         Дар барорбари пешравиҳо камбудиҳо низ дар хизматрасонии марказ дида мешаванд. Ин набудани ошхона барои маъюбон. Бояд кайд намуд, ки марказ тамоман ошхона надорад, танҳо ошпазхона дорад, ки он бениҳоят хурд буда ба талабот ҷавобгӯ нест

         Аз тарафи директории марказ таклиф пешниҳод гардид, ки хуб мешуд агар бо иҷозати мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии  шаҳри Хоруғ дар назди марказ аз ҳисоби худи  як бинои дуошёна сохта барои марказ ошхона ва ошпазхонаи алоҳида ҷудо мешуд ва инчунин дар ошёнаи дуввум якчанд утоқҳои алоҳида низ сохта мешаванд. Таклиф ва пешниҳоди дигар ин фарогирии мутахассисони марказ ба курсҳо ва семенарҳои такмили ихтисос дар сохаи хизматрасониҳо дар марказҳои тавонбахш.

Модарону хоҳарони азиз!

Бонувони гиромиқадр!

         Дар ин айёми зебои фасли сол-оғози баҳори Аҷам, ки чун Модар ҷонбахшу зиндагиофарин аст, мо иди фархундаву фараҳбахши модаронро, ки барои ҳар яки мо ҷашни дилписанду муқаддаси сол маҳсуб меёбад, таҷлил менамоем.

         Бо камоли эҳтирому самимият ҳамаи Шумо, ҳозирини муҳтарам, тамоми модарон ва занону бонувони шаҳри Хоруғро, инчунин тамоми Модарони сарзамини  хуршедии кишвари азизамон  Тоҷикистонро  ба муносибати «Рӯзи Модар» табрику муборакбод намуда, ба ҳамаатон сиҳатмандию болидарӯҳӣ, хушрӯзгорию хонаободӣ ва барору баракати зиндагиро орзу менамоям.

         Бояд қайд намуд, ки тозатарин орзу ва таманниёте, ки инсонҳо дар замирашон мепарваранд, ин арзи эҳтиром ба шахсияти зан -модар аст. Табии ва рамзист, ки Рӯзи Модар падидаи иҷтимоӣ буда, он аз фарорасии рӯзи  наву рӯзгори нек мужда мерасонад ва мо онро бо шукуҳу  зебоии табиат маҳз дар арафаи иди Шумо, модарону хоҳарони азиз эҳсос менамоем. Сарфароз аз он ҳастем, ки дар кишвари офтобии мо Тоҷикистон, ки Ватани занони оқила ва модарони абармардони номдор мебошад, бо ҳидояти Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иди байналхалқии занон ба Рӯзи  Модар мубаддал гардида, ин иқдоми Роҳбари давлат  аз қадршиносию гиромидошти манзалати зан модар гувоҳӣ медиҳад. Боиси ифтихор аст, ки Рӯзи Модар дар фасли нозанини сол, баҳори хаётофарин ҷашн гирифта мешавад. Фасле, ки табиат аз нав зинда мешаваду занону модарон дар дил меҳру муҳаббати нав ба зиндагӣ, бо офариниш ва бунёдкориву созандагӣ мепарваранд.

Пешвои миуаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Рахмон дар яке аз суханрониҳояшон ба муносибати Рӯзи Модар ниҳоят барҳақ таъкид намудааст: «Зан-Модар вазифаи басо муқаддасу пурмасъулият –тавлиду тарбияи фарзанд ва дар ниҳоди ӯ прваридани арзишҳои  наҷиби инсонӣ –ҳамсоли меҳанпарастӣ, адолатҷӯйӣ, дифоъ аз оинҳои миллӣ, ҷавонмардӣ ва накӯкориро бар дӯш дорад. Модари тоҷик имрӯз бонуест, ҳамидаю меҳрубон, нексиришту ботамкин ва қавииродаю шуҷоатманд, ки рисолати модарию қарзи шаҳрвандиашро дар назди  Ватан бо ҳисси масъулиятшиносӣ адо намуда, сазовори эҳтиром ва иззати аҳли ҷомеа гардидааст».

Модарон ва хоҳарони арҷманд!

      Дар Бадахшони мо бахусус дар шаҳри Хоруғ мақому манзалати Зан- Модар ҳамеша дар пояи баланд қарор дошт ва ин замон низ Зан-Модар дар сафи пеши ҷомеа қадам гузошта истодааст. Ҷомеаи имрӯзаи мо низ  аз файзу баракати дастони пурэҷози модар бархӯрдор ҳасту низоми фардоро таҳкими тоза мебахшад.

   Барои баланд бардоштани мақом ва манзалати Зан-Модар  бо иқдоми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  ҳанӯз аз соли 1999 Барномаю Стратегияҳои давлатӣ  «Дар бораи  тадбирҳои  баланд бардоштани  мақоми зан дар ҷомеа», «Барномаи тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории  кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону ҷавондухтарони лаёқатманд барои солҳои 2006-2016», «Дар бораи тасдиқи фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2020» қабул гардиданд ва зина ба зина амалӣ гардида истодаанд.

     Имрӯз занони арҷманди мо  аз танзими  проблемаҳои  тараққиёти  демографӣ ва танзими оила сар карда, то ҳалли паст кардани сатҳи камбизоатӣ, равнақ додани  расму оин ва суннатҳою анъанаҳои  неки мардумӣ ва эҷод намудани  шаклу ҳусулҳои нави замонавии онҳо, тарбияи ахлоқиву маънавии насли наврас, ҷавонон ва умуман ҷомеа, муборизаи шадид алайҳи амалҳои зишти рӯз, аз қабили коррупсия, нашъамандию нашъаҷалобӣ, майзадагиву майхорагӣ, косташавии ахлоқи ҳамидаи инсонӣ, ҳамагуна қонуншиканиҳо ва риояи ҳуқуқҳои умумибашарии шаҳрвандӣ масъуланд ва бори гарони ҳалли ин доғҳои  рӯзро ба зимма доранд.

   Аз ин лиҳоз, арҷ гузоштан ба мақому манзалат, қадру қимат ва иззату эҳтироми модарону занон қарзи фарзандӣ ва фарзи имонии ҳар яки  инсон бахусус мо, мардон мебошад. Ин рисолатро мо дар сурате адо кардан метавонем, ки ба қадри шири поки модарон, меҳрубонию ғамхории самими занон ва хоҳарону духтарони худ бирасем. Симои зани зебоипарасту озоданажод, диловару мубориз, бонангу номус, далеру шуҷоъ, ватандӯсту ватанпараст, озодихоҳу адолатпарвар ва кадбонуву ҳунарманд дар асарҳои машҳур аз пайдо гардидани давлатдории бостонии миллати мо тасвир ёфтааст. Аз ин лиҳоз хизмати Зан-Модар барои башарият беҳаду ҳудуд буда, меҳру мухаббат ва ранҷи ӯ ҷуброннопазир мебошад.

Бузургони мо дар ин бобат гуфтаанд:

           Як шаба он ранҷ, ки модар кашид,

           Бо ду ҷаҳонаш натавон баркашид,

     Дар хотимаи сухан мехоҳам хотирнишон созам, ки Президенти кишвар, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомали раҳмон саҳм ва масъулияти занонро  дар беҳтар татбиқ ва амали намудани Қонунҳои  Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи масъулияти падару модар  дар таълиму тарбияи фарзанд» ва «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросими миллӣ» асоси воқеӣ баён намуда, таъкид намуданд, ки модарону бонувон дар тарбияи насли наврас ва ҷавонон нисбати дигар қишрҳои ҷомеа масъулияти бештарро равона намоянд.

    Воқеан ин суханони Пешвои миллат ҳақиқати аслӣ дорад, зеро фарзанде, ки аз лаҳни ширини модари худ панду насиҳат мешунавад, ба қадри Ватани худ, забону фарҳанг ва Ваҳдату Истиқлолияти  кишварамон, ки ду болу як иқбол бароямон муқаддасанд, мерасад.

   Итминон ва эътимоди бузург дорам, ки ҷашни Шумо модарону бонувони иззатманд, оғозбахши ҳамаи корҳои ободонию созандагӣ баҳри арзанда пешвоз гирифтани  санаҳои муҳими дар пеш истода ва 30 солагии Истиқлолияти давлатии кишвари маҳбубамон хоҳад шуд.

Бо умеди ояндаи дурахшони Ватан, пойдории бақои миллату давлат ва зиндагии осудаҳолонаи сокинони шаҳри Хоруғ ва тамоми тоҷикистониён шумо-модарону хоҳарони азизро, ки воқеан сарчашмаи тамоми фазилатҳои инсонӣ ва хуррамиҳои  ҳаёт ҳастед, бори дигар табрику муборакбод гуфта, бароятон саломатию сарбаландӣ, бахти неки фарзандон ва олитарин пирузию комёбиҳои ҳаётро таманно дорам.

Бигузор, баҳори имсола бо файзу баракати хеш, рӯзгори ободу зиндагии осоиштаро насибатон гардонад.

Ид муборак модарону хоҳарони иззатманд!

  

Признаны состоявшимися

1 марта с.г. в Республике Таджикистан состоялись парламентские выборы, которые по оценке международных наблюдателей прошли в правовом русле и позитивной обстановке, на конкурентной основе и высоком организационном уровне.

Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба иттилои шаҳрвандони мамлакат мерасонад, ки овозаҳо вобаста ба баландшавӣ ва камчинии маводи озуқаворӣ дар пасманзари паҳншавии сирояти коронавирус дар дигар давлатҳо, ки мардумро ба таҳлука овардааст, асоси воқеӣ надошта, бардурӯғ ва носаҳеҳ мебошанд.

«Душмани аслии мо вирус не, балки ҳарос, воҳима ва стигматизатсия аст»,  омадааст дар муроҷиати ширкати саноатии «Фаровон-1» ба аҳолии мамлакат, ки имрӯз дар саҳифаи ширкат дар Facebook гузошта шуд.

Роҳбарият ва масъулини макомоти иҷроия

Раиси шаҳри Хоруғ
Шамирӣ Кишвар Ғуломрасул
Роҳбари дастгоҳи раиси шаҳри Хоруғ
Имомназаров Соибҷон Сотволҷонович
Муовини якуми раиси шаҳри Хоруғ
Бурибекзода Зуробек Худобахш
Муовини раиси шаҳри Хоруғ
Мавлобахшзода Райҳонбегим Имумназар
Муовини раиси шаҳри Хоруғ
Қодиров Файзулло Назархудоевич
Мудири Шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгоҳи раиси шаҳри Хоруғ
Раматшоев Ризо Ақризобекович
Мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси шаҳри Хоруғ
Акрамов Анвар Ширинҷонович
Мудири Шуъбаи умумӣ, назорат ва муроҷиати шаҳрвандони дастгоҳи раиси шаҳри Хоруғ
Олифтаева Сафина Алидустовна
Мудири Шуъбаи кор бо маҳаллаҳои дастгоҳи раиси шаҳри Хоруғ
Наврузмамадов Наврузмамад Диллоевич
Мудири бахши ҳифзи иҷтимоии аҳолии шаҳри Хоруғ
Додихудоев Мавлобахш Имомидинович
мудири бахши рушди иқтисод ва савдои шаҳри Хоруғ
Қурбоншоев Сафар Манзаршоевич
Сардори раёсати молияи шаҳри Хоруғ
Имронов Насратшо Туроншоевич
Мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Хоруғ
Имомёрбеков Имомёрбек Гулёрбекович
Мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи шаҳри Хоруғ
Донаёрова Сабоҳат
Мудири бахши маъморӣ ва шаҳрсозии шаҳри Хоруғ
Ғоибназаров Алишер Пайравович

Райпурсӣ

Оё сомона ба Шумо писанд омад?

Қурби асъор