Дар машварати имрӯза муовини якуми раиси шаҳр, муовинони раиси шаҳр, роҳбари дастгоҳи раиси шаҳр, раисони Ҷамоати шаҳракҳои И.Сомонӣ ва Ш. Шоҳтемур, сардорони раёсат, кумита, мудирони шуъбаҳо, бахшҳо, кормандони дастгоҳи раиси шаҳр, раисони маҳаллаҳо, роҳбарони идораю муассисаҳо, роҳбарони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқи шаҳр, директорони мактабҳо ва сардорони муассисаҳои томактабии шаҳри Хоруғ иштирок доштанд.
Ба муҳокимаи машварати васеи назди раиси шаҳр чор масъала баррасӣ карда шуданд.
Аз рӯи масъалаи якуми рӯзнома Рафти иҷрои қарори раиси шаҳри Хоруғ аз 18.04.2019 №319 «Оиди иҷрои қарори раиси вилоят аз 08.04.2019, №117 «Оиди иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6-марти соли 2019, № АП1176 «Дар бораи Нақша чорабиниҳои бахшида ба «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси шаҳри Хоруғ Акрамов Анвар баромад намуда қайд намуд, ки мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ баҳри иҷрои иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6-марти соли 2019, № АП1176 «Дар бораи Нақша чорабиниҳои бахшида ба «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» чораҳои заруриро роҳандозӣ намуда, дар асоси қарори раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз 8-апрели соли 2019, №117 қарори раиси шаҳри Хоруғ аз 18-апрели соли 2019, №319 бо нақша чорабиниҳои иборат аз 30 банд ба тасвиб расид.
Вобаста ба эълон гардидани Солҳои 2019-2021 солҳои рушди деҳот сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар соли 2019 31 маротиба суҳбату вохуриҳо, 4 маротиба семинар –машваратҳо бо қишрҳои гуногуни ҷомеа баргузор гардиданд, ки зимни онҳо вобаста ба маконҳои сайёҳии вилоят, ворид гардидани чакани тоҷик ба феҳристи фарҳангии ғайримоддӣ дар Созмони Милали Муттаҳид, ворид гардидани Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба феҳристи манзараҳои зебо дар ташкилоти илмию фарҳангии ЮНЕСКО маърӯзаҳо байён гардиданд. Ҳамзамон дар ошияи эълон гардидани Солҳои 2019-2021 солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бо ибтикори Кумитаи кор бо занон ва оиала, инчунин Кумита оид ба корҳои дин , танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли гузашта фестивалу озмунҳои шаҳрӣ таҳти унвони «Чакомаи гесу 2019», «Дастархонороӣ», «Ҳунарманди беҳтарин» ва «Кадбонуи ҳунар» доир гардиданд, ки ҳунармандони шаҳр иштирокчии даври вилоятию ҷумҳуриявӣ гардиданд. Дар соли 2020 низ даври шаҳрию вилоятии озмуни «Чакомаи гесу-2020» ва озмуни «Дастархонороӣ» баргузор гардиданд. Инчунин, ҷиҳати эҳё намудани ҳунари дастӣ байни занон айни замон дар шаҳр зиёда аз 70 нафар занону бонувон ба эҳё намудани ҳунарҳои ластии аҷдодӣ машғул буда, масули дастии онҳо дар баргузории ҷашнҳои умумимиллию суннатӣ ба намоиш гузошта мешаванд. Ҳамзамон, моҳи июни соли 2019 озмунҳои шаҳрии «Ровии беҳтарин» ва озмуни «Тоҷикистон Ватани азизи манн» дар шаҳри Хоруғ баргузор гардиданд, ки дар он ҳунармандон аз рӯи номинатсияҳои «Сароянда», «Навозанда», «Ровӣ» ва ғайра фаъолона ширкат варзида, ғолибон бо мукофоти пулӣ қадр гардиданд, ки ин ҳам яке аз талаботҳои нақша-чорабиниҳо мебошад.
Аз рӯи масъалаи дуюм: «Нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ оид ба вусъатбахшии корҳои ободониву созандагӣ дар ҳудуди шаҳри Хоруғ сармутахасиси шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳр Абдурасулова Насиба ахборот пешниҳод намуд.
Аз рӯи масъалаи сеюм «Баррасии иҷрои нақшаи кори моҳи март ва тасдиқи нақшаи кори моҳи апрели соли 2020» роҳбари дастгоҳи раиси шаҳри Хоруғ Имомназаров Соҳибҷон баромад намуанд.
ДУШАНБЕ, 09.04.2020. /АМИТ «Ховар»/. Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи бастани сомонаҳои интернетии www.akhbor.com ё «Ахбор.ком»
Как сообщали СМИ и социальные сети, президент Радио Свободная Европа/Радио Свобода Джейми Флай заявляет:
Имрӯз 06.04.2020 машварати ҷамъбастии семоҳаи блоки иҷтимои бо иштироки мудирони шуъбаҳои маориф, фарҳанг, шуъбаи кор бо занон ва оила, шуъбаҳои Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ, Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа, бахшҳои сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ, кор бо ҷавонон ва варзиш, рӯзномаи шаҳрии «Оинаи зиндагӣ» ва комиссияи шаҳри оид ба ҳуқуқи кӯдак дар назди мовини раиси шаҳри Хоруғ- сарпарасти соҳаои иҷтимоӣ Мавлобахшзода Райҳонбегим баргузор гардид.
Дар машварати ҷамъбасти мудирони шуъбаҳо аз натиҷаи фаъолият дар се мохи соли 2020 ҳисобот дода таклифҳоро оиди беҳтар ба роҳ мондани фаъолияти минбаъда пешниҳод намудаанд.
Муовини раиси шаҳри Хоруғ Мавлобахшзода Раҳонбегим баҳри беҳтар ба роҳ мондани сифати хизматрасонӣ ба аҳоли ба мудирони шуъбаву бахшҳо супоришҳои мушаххас дода аз масулин масъулияти баландро баҳри иҷрои супоришҳо тақозо намуд.
Инчун машварати ҷамъбастии семоҳаи Ҷамоати шаҳраки Ш.Шоҳтемур, КВД «Фаръии Хоҷагии манзилию коммуналӣ», Маркази таъминоти бехатарии озуқавори дар шаҳри Хоруғ, Маркази назорати давлатии санитарию эпидимологӣ, Маркази саломатии шаҳри Хоруғ, бахшҳои сармоягузори ва амволи давлатӣ, кор оид ба дин, бахши муоҷират дар шаҳри Хоруғ, бахши бойгонӣ ва мактби махуси бозиҳои варзишии шаҳри Хоруғ дар назди муовини раиси шаҳри Хоруғ сарпарасти соҳаҳо- Қодирзода Файзулло баргузор гардид.
Роҳбарон аз натиҷаи кору фаъолияти семоҳаи соли 2020 ҳисобот дода баҳри беҳтар ба роҳ мондани фаъолияти кори таклифу пешниҳодҳо намудаанд.
Муовини раиси шаҳри Хоруғ Қодирзода Файзулло асосан ба Маркази назорати давлатии санитарю эпидимологӣ ва Маркази саломатии шаҳри Хоруғ оиди пешгири намудани карона вирус COVID -19 дасуру супоришҳо дода зикр доштанд, ки бояд тамоми чораҳои зарури дар ин самт андешида шаванд ва дар байни мардум корҳои фаҳмондадиҳи бароҳ монда, то ки бар дуруғҳои беасос ва суханҳои бофта бовар накунанд.
3.04.2020 дар толори хурди МИМҲД-и ВМКБ мулоқоти Вазири фарханги Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатзода Зулфия ва раиси шаҳри Хоруғ Кишвар Шамирӣ бо роҳбарони идораву муассисаҳои шаҳр баргузор гардид.
Дар вохӯри асосан масъалаҳои ободонии шаҳри Хоруғ, сохтмонҳои иншоотҳои ҷашнӣ, чораҳои зарури оиди пешгирнии карона вирус ва барраси карда шудаанд.
Аз руи иттилои мудири бахши меъмори ва шахрсозии шаҳри Хоруғ Алишер Ғоибназаров дар шаҳри Хоруғ то арафаи ҷашнгирии 30 солагии Истиқлолияти давлатӣ зиёда аз 84 иншоот ба истифода дода мешаванд. Дар тамоми иншоотҳо имрӯзҳо корҳо рафта истодаанд. Аз ҷумла бинои Амонатбонк, театри вилоятӣ ва муассисаи таҳсилоти умумии №8 дар соли равон ба истифода дода хоҳанд шуд. Дар биноҳои 12 ошёна барои кормандони ҳифзи ҳуқуқ, бинои МИМҲД-и шаҳри Хоруғ ва дигар иншоотҳое, ки тибқи нақша дар арафаи сиюмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикитон ба истифода дода мешаванд корҳо бо маром рафта истодаанд.
Оиди сабзу хуррамгардонии шаҳри Хоруғ мудири шуъбаи муҳити зисти шаҳр Мамадназарбеков Фарҳод баромад намуда зикр доштанд, чун ҳамасола кормандони ҳифзи муҳити зист барои сарсабз намудан ва шинондани гулу буттаҳо дар баҳори имсола низ чораҳо дида истодаанд. Айни ҳол зиёда аз 600 дарахти ороиши ва 200 дарахти мевадиҳанда оварда шуда шинонда мешаванд.
Директори маркази саломатии шаҳри Хоруг Имомёрбекова Таҳмина зимни баромади хеш оиди пешгирии коронавирус дар шаҳри Хоруғ зикр дошт, ки кормандони соҳаи тиб тамоми чораҳои зарурро андешида дар ин самт кору фаъолият рафта истодааст. Хамарӯза ситоди доимамалкунада фаъолият намуда чораҳои заруриро роҳандози менамояд. Айни ҳол зиёда аз 26-нафар, ки аз давлатҳои хориҷа ба шаҳр баргаштанд, дар карантина қарор доранд ва то имрӯз ягон нишонаи корона вируси COVID-2019 дар онҳо пайдо нашудааст. Ва инчуни корҳои фахмондадиҳи бо сокинони шаҳри Хоруғ ҳамарӯза ба роҳ монда шудааст.
Мудири маорифи шаҳри Хоруғ Шукурбеков А. доир ба соҳаи маориф дар баромади худ зикр дошт, ки мо кормандони соҳаи маориф барои пешрафту соҳаи илму маориф корҳои зиёде ба сомон расонидем ва минбаъд низ кушиш менамоем, шогирдони хубро тарбия намуда ба донишгоҳҳои Олии мамлакат ва берун аз мамлакат барои идомаи таҳсил раҳсипор намоем.
Дар охир вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарама Давлатзода Зулфия суханрони намуда, аз ҷумла қайд доштанд, ки мо бояд барои пешгирӣ намудан аз корона вируси COVID-2019 мувофиқи тавсияҳои табибон амал намоем. Имрӯзҳо нисифи зиёди давлатҳо ба ин вабои аср гирифтор шудаанд ва ҳамарӯза зиёда аз ҳазорҳо одамон ҷони худро ба ҷонофарин месупоранд. Аммо хушбахтона Тоҷикистони мо то ҳол аз ин бемори эмин аст.
Оиди пешвозгирии 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба истифода додани иншоотҳои ҷашнии дар арафаи ин иди мубораку фарҳунда Давлатзода Зулфия ба маъсулин дастуру супоришҳои мушаххас дода иҷрои бандҳои нақша чорабинииҳои доир ба си солагии Истиқлолияти давлати ба тавсиб расида шуда аз ҳозирин дават ба амал овардаанд.
Баъди ҷамъбасти сӯҳбату вохӯриҳо вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарама Давлатзода Зулфия ва раиси шаҳри Хоруғ Кишвар Шамирӣ аз муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳри Хоруғ ва китобхонаҳои шаҳри дидан намуда бо роҳбарони муассисаҳо ва китобхонаҳо оиди пешгирӣ намудан аз коронавирус тавсияҳо додаанд. Дар муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳр чорҳои зарури барои пешгири намудан аз каронавирус мувофиқи тавсияҳои табибон бароҳ монда шудааст.
Муддатест, ки аз дурдасти як марғзори хушобу алаф аз ҳанҷараи дарозгӯше пайваста садои гӯшхарош баланд мешавад.
Санаи 02-юми апрели соли ҷорӣ сомонаи «рисолат.тҷ» (risolattj.com) адабиёт ва истилоҳи дигаргунаеро дар мақолаи «Нигоҳе ба равандҳо, рӯйкардҳо ва фаъолиятҳои ҲНИТ» дар бораи вижагиҳои ҲНИ дар таърихи муосири Тоҷикистон дастраси хонанда кардааст.
Ҳар як ҷавони ватандӯсту ватанпраст хизмати Модар- Ватанро дар назди худ қарзи шаҳрванди шуморида баъд аз хатми мактаб ё хатми донишгоҳ ихтиёран ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тҷиистон дохил шуда чун сарбози бошараф хизмати Ватанро мардонавор адо менамояд. Солҳои охир ҷавонони худогоҳу худшиноси мамлакати мо бахусус ҷавонони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон минҷумла шаҳри Хоруғ ихтиёран ба комиссарияти ҳарби ҳозир шуда ба қисмҳои ҳарбии манотиқҳои гуногуни ҷумҳуриамон раҳсипор мегарданд.
Агар мушоҳида намоем, нисбати солҳои гузашта, ки Тоҷикистони мо нав соҳибистиқлолиро ба даст овард ва Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шудаанд, имконият барои сарбозон дар қисмҳои ҳарбии навтаъсисдодашуда ниҳоят танг буд, зеро дар Ватани мо ҷанги шаҳрванди руйи кор омада буд. Аммо Сарвари давлат ба ҳамаи ин мушкилиҳо нигоҳ накарда, барои низомиён ва сарбозони шуҷои Ватани маҳбубамон, ки ҳамеша дар сарҳади Ватан истодагари менамоянд, оҳиста-оҳиста шароити зиёдеро муайё намуд, то ки ҳомиёни Ватан кишвари зебову дилрабои моро аз душман нигоҳ доранд.
Бояд қайд намуд, ки Низомиён ҳамеша дар зери таваҷҷӯҳи Роҳбарияти олии мамлакат қарор доранд, ки дар ҳар Паёму баромадҳои хеш таъкид менамояд, Тамоми афсарону сарбозони шуҷои кишвар, ҳамчун сипари боэътимоди Ватан дар иҷрои вазифаҳои хизматиашон бояд ҳамеша ҳушёру зирак бошанд ва ҳаргиз фаромуш насозанд, ки фазои орому осудаи имрӯзаи Тоҷикистони соҳибистиқлол бар ивази ҷони садҳо нафар ҷавонмардони бонангу номуси миллат ба даст омадааст.
Дар Паёми навбатии Пешвои миллат низ қайд гардид, ки хизматчиёни ҳарбиро зарур аст, ҳушёриву зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд ва донишу малакаи касбии худро пайваста баланд бардошта, барои рафъи ҳолатҳои фавқулодаву ғайричашмдошт ҳамеша омода бошанд.
Сарбозони шуҷои Ватан аз он ифтихор доранд, ки дар назди халқу миллат ва давлат ниҳоят вазифаи пурмаъсуле бар душ доранд ва барои оромии ва осудагии ҷомеъа ҷони худро дар хатар гузошта чун ҳомиёни боэътимоди ин сарзамин ва чун Шераку дигар номоварони бузург барои миллати худ содиқонаву софдилона хизмат намоянд.
Итминони комил дорем, ки ҷавонони вилоят ва шаҳри Хоруғ дар даъвати баҳории соли 2020 низ бо ҳисси баланди миллӣ ва худшиносиву худогоҳӣ ихтиёран ба сафи Қувваҳои Муссаллаҳ дохил шуда хизмати Модар –Ватанро сарбаландона адо менамоянд.
26.03.2020 бо иштироки бевоситаи раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон муҳтарам Файзов Ёдгор, котиби Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмудзода Насрулло Раҳматҷон, вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатзода Зулфия, раиси шахри Хоруғ Кишвар Шамирӣ ва дигар меҳмонони олиқадр Нарӯзи Аҷам дар боғи марказии шаҳри Хоруғ «Чорбоғ» дар сатҳи баланд таҷлил гардид.
Раиси шаҳри Хоруғ зимни баромади худ тамоми иштирокдорон ва сокинони шаҳру вилоятро ба муносибати Наврӯзи фарухпай табрик намудаанд.
Сипас котиби Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмудзода Насрулло Раҳматҷон, тамоми мардуми шарафманди вилоятро аз номи Пешвои миллат мухтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба рӯзи Наврӯзи Аҷам табрик намуда, аз ташаббуси роҳбарияти мамлакат вобаста ба ҷаҳони шудани ин иди аҷдоди Наврӯзи оламафруз дар суханрониҳои худ кайд намудаанд.
Инчуни раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон муҳтарам Файзов Ёдгор низ тамоми меҳмонон ва сокинони вилояту шахрро ба муносибати Наврӯзи оламафрӯз табрик намудаанд
Ба чорабинии Наврӯзи барномаи фарҳангии аҳли ҳунари вилояту шаҳр ҳусни тозае бахшид
Паёми табрикотии раиси шаҳри Хоруғ Кишвар Шамирӣ дар таҷлили ҷашни байналмилаллии «Наврӯзи Аҷам»
Ҳамдиёрони азиз имрӯзҳо мардуми фарҳангсолори тоҷик дар остонаи иди бузургу бостонии миллиамон – Наврӯзи хуҷастапай, ки бо таровату нафосат ва озодагиву фазилатҳои неки худ дар мулки ободи мо сайр дорад, бо роҳи болида ва шодиву нишоти наврӯзӣ қарор дорад.
Наврӯзи Аҷам аз даврони бостон то ба имрӯз чун ҷашни соли нави миллӣ ва тантанаи ваҳдати инсону табиат дар дили мардум беҳтарин орзуҳои созандагиро бедор карда, бо қудуми худ ҳар сол ба хонадони мо хушҳоливу шодмонӣ ва файзу баракати тоза меорад.
Воқеан суннату ситоиши парастиши баҳор, фазилати анҷуманороӣ ва гирди хони наврӯзӣ бо нияти хайр нишастан дар шоҳкории беназири фарҳанги ниёгони мо «Авесто» аз мавзӯъҳои асосӣ мебошад.
Ҷашни Наврӯз ҳар сол бо як шукӯҳ ва шаҳомати ба худ хос ба диёри азизамон ворид мегардад. Хушбахтона ин ҷашни бостонӣ бо ташаббусу пешниходи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо Ташкилоти илмию фарҳангии ЮНЕСКО мақоми байналхалқӣ гирифта, доираи таҷлили он боз ҳам васеътар гардид.
Дар олам мисли Наврӯз кам ҷашнҳое вуҷуд доранд,ки русуми дилчасп ва суннатҳои зиндагисози онро миллату халқҳои дигари олам чун дастоварди беназири фарҳангӣ пазируфта, бо ҳамин номи зебои тоҷики таҷлил намоянд.
Боиси ифтихор аст, ки сокинони шаҳри Хоруғ низ ҳамасола ин ҷашни дилписанди солро бо шукӯҳу шодмонӣ, урфу одат ва анъанаҳои аҷдодии хос ба тоҷикони Бадахшон инчунин вусъат бахшидани корҳои ободонию созандагӣ дар хонаву кошона ва маҳалу диёри худ бо манзили мусаффо истиқбол мегиранд.
Пешвои миллат, Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз баромадҳои худ дар арафаи ин ҷашн хеле бамаврид изҳор намудаанд «Наврӯзи куҳан имрӯз аз баракати истиқлолият, раванди демократикунонӣ, афзудани худшиносии миллӣ умри тоза ёфтааст ва бо навою таронаи дилпазир, ҳампои рӯзгори нав дар Тоҷикистон зебоманзараи мо сайр дорад».
Дар ҳошияи ин суханони Роҳбари давлат мардуми наҷибу бошарафи шаҳри Хоруғ ва кулли мардуми озоданажоди Тоҷикистони азизамонро аз номи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ ва шахсан аз номи худам ба ифтихори ин иди пурфайз ва дорои суннатҳои волои тоҷикон, самимона табрику таҳният намуда, ба ҳамагон тани сиҳат, кушоиши кор, бахту саодати зиндагӣ ва файзу баракати наврӯзӣ ва барои кишвари маҳбубамон Тоҷикистони офтобӣ, ки воқеан ватани Наврӯз мебошад, пешрафту шукуфоиҳоро таманно дорам.
Бигузор, Наврӯзи имсола барои мардуми шарафманди Тоҷикистон, минҷумла шаҳри Хоруғ, соли пурфайзу бобаракат, авҷи корҳои созандагию бунёдкорӣ, дастоварду комёбиҳо ва хайру нишот гардад.
Дар хотимаи сухан аз забони Саъдии ширинсухан бароятон гуфтаниам.
Баромад боди субҳи бӯйи Наврӯз,
Ба коми дӯстону бахти пирӯз.
Муборак бодат ин солу ҳама сол!
Ҳумоюн бодат ин рӯзу ҳама рӯз!
Наврӯзи фарухпай ва ҳумоюнқадам муборак, ҳамдиёрони азиз!